Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи як сарбози тоҷик дар Мурғоб. Пайвандонаш гуфтанд, "ӯ ним сол пеш ихтиёрӣ ба артиш рафта буд"


Пайвандонаш гуфтанд, ҷасади Раҷабалӣ Назаровро аз Мурғоб овардаанд
Пайвандонаш гуфтанд, ҷасади Раҷабалӣ Назаровро аз Мурғоб овардаанд

Субҳи 21-уми апрел кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич ҷасади Раҷабалӣ Назаров, сокини 19-солаи деҳаи Каҷровути ҷамоати Исмоили Сомонии ин ноҳияро ба наздиконаш супурданд. Мақомот сабаби марги сарбози ҷавонро дарди шадиди гурда ва аз кор мондани он гуфтаанд, вале пайвандони сарбоз мегӯянд, дар бадани ӯ осори латукӯбро диданд.

Абдуҳафизи Ғойибназар, бародари Раҷабалӣ Назаров, рӯзи 21-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "соати 10:20 оварданд ва соати 11 шустему гӯрондем, зеро хуни зиёд дошт. Лабу биниаш кабуд ва чанд ҷояш зада буд. Қафои сараш дарида ва захми зиёд дошт."

Наздикони сарбоз ба шарҳи мақомот, ки гуё аз дарди гурда фавтидааст, шак доранд ва мегӯянд, "агар гурдааш дард дошт, чаро лабу аъзои дигари баданаш кабуд буд?"

"Вақте додарамро ба хидмат бурданд, ягон беморӣ надошт. Агар бемории гурда медошт, чӣ гуна ба хидмати ҳарбӣ қабул карданд?" – пурсид Абдуҳафизи Ғойибназар.

Фавти ин сарбозро масъулони мақомоти маҳаллӣ низ тасдиқ карданд. Аҳрор Набиев, раиси деҳаи Каҷровути ноҳияи Деваштич, гуфт: "Ба ман гуфтанд, ки нав ба ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб бурдаанд ва ба сабаби тағйири боду ҳаво нафасгир шуда, дилаш аз кор мондааст. То ҳол натиҷаи ташхиси табибонро надидаам."

Нусхаи хулосаи пизишк
Нусхаи хулосаи пизишк

Дар натиҷаи ташхисе, ки нусхаи он дастраси Радиои Озодӣ шуд, чунин навиштаанд: "Сабаби бевоситаи фавт варами шадиди майнаи сар, варами шадиди шушҳо, норасоии шадиди нафас ва кори дилу рагҳост."

Раҷабалӣ Назаров дар даъвати тирамоҳии соли 2020 ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта, 6 моҳ дар қисми низомие дар ноҳияи Восеъ адои хидмат кардааст. Пайвандонаш гуфтанд, ӯро як ҳафта пеш ба ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бурда буданд.

Падар ва як бародари Раҷабалӣ дар Русия муҳоҷири кориянд ва бо шунидани ин хабар дар роҳ ба Тоҷикистон будаанд. Бародараш мегӯяд, аҳли хонавода ният доранд, барои таҳқиқи марги Раҷабалӣ ба додситонӣ ва мақомоти зидахл шикоят баранд.

Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи тартиботу қонун масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

XS
SM
MD
LG