Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Байден қатли арманиҳоро дар соли 1915 наслкушӣ унвон кард


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден
Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден рӯзи 24 апрел қатли арманиҳоро аз ҷониби Империяи Усмонӣ дар давраи Ҷанги Якуми Ҷаҳон расман генотсид ё наслкушӣ эътироф кард.

Ин изҳороти ӯ дар Рӯзи гиромидошти хотираи қурбониёни қатли арманиҳо аз тарафи туркҳо дар солли 1915 садо дод. Рӯзи ёдбуд ҳар сол дар ҳамин рӯз дар Арманистон баргузор мешавад.

"Ҳар сол дар ин рӯз, мо ҳаёти ҳамаи онҳоеро, ки дар наслкушии армании давраи усмонӣ фавтидаанд, ба ёд меорем ва ба худ қавл медиҳем, ки минбаъд ҳамеша ингуна ваҳшигариро пешгирӣ кунем" гуфт Байден дар изҳороти худ.

"Мо қурбониёни Mедс Егернро пос медорем, то ки даҳшатҳои ин ҳодиса ҳаргиз аз сафҳаи таърих гум нашаванд. Ва мо ёдовар мешавар, ки бар зидди таъсири фосидкунандаи ҳама гуна нафрат ҳамеша ҳушёр бошем", -- илова кард Байден.

Вай ҳанӯз дар маъракаи пешазинтихоботии худ ваъда дода буд, ки дар сурати интихоб шуданаш чунин иқдоми ба андозаи зиёд рамзиро иҷро хоҳад кард.

Арманиҳо даҳсолаҳо боз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ фишор меоварданд, то куштор ва бадарғаи онҳо наслкушӣ номида шавад, аммо Туркия корбурди ин калимаро қатъиян рад мекунад.

Кохи Сафед рӯзи 23 апрел гуфт, ки Байден дар ин бора бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфтугӯ кардааст. Ройтерз аз қавли манбаъҳои огоҳ аз сӯҳбат навишт, ки Байден ба Эрдуғон гуфтааст, ният дорад дар як изҳорот рӯзи 24 апрел чунин эъломияро пахш кунад.

Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу ҳушдор додааст, ки агар Байден кушторро генотсид эътироф кунад, ин муносибатҳои дуҷонибаро бад хоҳад кард.

Дар ҷараёни Ҷанги Якуми Ҷаҳон ва солҳои пас аз аз он, туркҳои усмонӣ тақрибан 1,5 миллион арманӣ - ақаллияти масеҳиии империяи мусулмониро куштанд ё бадарға карданд. Бисёре аз муаррихон ва баъзе дигар давлатҳо, аз ҷумла Фаронса ва Олмон, ин рӯйдодро наслкушӣ меҳисобанд. Анкара исрор меварзад, ки куштор натиҷаи муноқишаи ддохилӣ буд, на барномаи тарҳрезишудаи ҳукумати Усмонӣ барои нест кардани арманиҳо.

XS
SM
MD
LG