Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон ду мардро барои "таҳқири паёмбар" қатл карданд


Дар Эрон соле даҳҳо нафар ҳукми қатл мегиранд
Дар Эрон соле даҳҳо нафар ҳукми қатл мегиранд

Як расонае, ки хабарҳои Эронро пайгирӣ мекунад, навиштааст, ду шаҳрванди ин кишварро барои “таҳқири паёмбар” ҳукми қатл додаанд.

Оҷонсии хабарии фаъолони ҳуқуқи башар рӯзи 22-уми апрел хабар додааст, ки ин ду нафар моҳи майи соли 2020 боздошт шуда буданд.

Додгоҳ ҳукм кардааст, ки онҳо барои “таҳқири паёмбари ислом” ба дор овехта шаванд.

Маълум нест, ки онҳо кай ва чӣ гуна паёмбари исломро таҳқир кардаанд.

Яке аз ин ду нафар Юсуф Меҳрдод, падари се фарзанд будааст, ки бино ба гузоришҳо, пас аз боздошт ду моҳ дар утоқе танҳо нигоҳ дошта мешуд. Ӯ ҳамзамон барои таҳқири раҳбарони ҷумҳурии исломӣ низ муттаҳам будааст.

Эрон, ҷумҳурии исломист ва мақомдоронаш мегӯянд, бар асоси қонунҳои шариат амал мекунанд.

Соли 2017 дар Эрон марде, ки дар таҳқири паёмбар Муҳаммад айбдор мешуд, маҳкум ба қатл шуда буд.

Созмонҳои ҷаҳонӣ ҳукмҳои қатл дар Эронро сахт танқид мекунанд. Соли гузашта дар Эрон 246 нафар қатл шудааст. Ин кишвар аз рӯйи ҳукмҳои қатл дар ҷаҳон, пас аз Чин, дар ҷойи дуюм қарор дорад.

XS
SM
MD
LG