Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ нафар барои кочоқи 90 кило тило ва 15 миллион доллар зиндон шуданд


Додгоҳ мегӯяд, ин гуруҳ аз тариқи фурудгоҳи Душанбе кочоқро ба Дубай интиқол медоданд
Додгоҳ мегӯяд, ин гуруҳ аз тариқи фурудгоҳи Душанбе кочоқро ба Дубай интиқол медоданд

Додгоҳи шаҳри Душанбе нӯҳ нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар кочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар аз Афғонистон ба Тоҷикистон гунаҳкор донист ва онҳоро ба муҳлатҳои аз ду то панҷуним сол ба зиндон маҳкум кард.

Дар миёни онҳо кормандони мақомоти гумрук ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Додгоҳи Душанбе бо нашри хулосаи ҳукми додгоҳ гуфтааст, ки онҳо дар ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Афғонистон солҳо боз ба кочоқи тилло ва асъори хориҷӣ машғул будаанд.

Назари пайвандон ва афроди маҳкумшуда ҳанӯз дастрас нашудааст.

Қаблан, манобеи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфта буданд, ки парвандаи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар, ки дар кочоқи он нӯҳ нафар муттаҳаманд, барои баррасӣ дастрас шудааст. Боздоштшудаҳо шаҳодат додаанд, ки аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли гузашта “дар 36 маврид 1200 кило тило ва 112 миллион долларро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Иморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд".

Ин қазия замоне доғ шуд, ки расонаҳои Афғонистон навиштанд, молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст дод, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин иттиҳомро рад кард.

XS
SM
MD
LG