Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назорати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар Тоҷикистон сахттар шудааст


Дар мактабҳои Тоҷикистон бе ниқоби тиббӣ ба дарс роҳ намедиҳанд.

Волидайни баъзе муҳассилин мегӯянд, назорат барои доштани ниқоби тиббӣ дар мактабҳо сахттар шудааст ва фарзандони онҳоро бидуни ниқоб ба дарс роҳ намедиҳанд.

“Бе ниқоб ба дарс наоед”

Ба ҷуз мактаб, дар масҷид ва фурудгоҳ низ назорати қоидаҳои беҳдоштӣ дар рӯзҳои ахир пурзӯр карда шудааст. Мақомот мегӯянд, ҷойи хавотирӣ нест ва ин чораҳо ба хотири пешгирӣ аз сирояти бемориҳои сироятӣ аст. Коршиносон мегӯянд, “хатар дар камин аст” ва имкони дубора сар задани буҳрони коронавирус дар кишвар ҷой дорад.

Авзалшоҳ Қодиров, сокини шаҳри Душанбе, ки ду фарзанди мактабхон дорад, мегӯяд, ин ҳафта вақте фарзандонашро ба мактаб бурд, посбон онҳоро ба дохил роҳ надод.

“Гуфтанд, ки ҳар хонанда бояд 2-3 ниқоб ва антисептик дошта бошад. Моҳи сентябр вақте дарсҳо сар шуданд, назорат сахт буд. Лекин дар чанд моҳ доштани ниқобро сахт назорат намекарданд. Ҳозир мегӯянд, ки ниқоб ва антисептик оред, баъд фарзандонатон ба дарс медароянд,”--афзуд ҳамсуҳбати мо.

Волидайни панҷ муҳассили дигар низ ба монанди Авзалшоҳ Қодиров гуфтанд, назорат дар мактабҳои пойтахт сахт шудааст. Онҳо асосан сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд.

"Дастури вижае нест"

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳам дар чанд мактаби Душанбе нишон дод, ки пеш аз ворид шудан, ҳарорати бадани хонандагонро месанҷанд ва аз онҳо талаб мекунанд, ки ниқоби тиббӣ пӯшанд. Як директори мактаби пойтахт ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳафта аз шуъбаи маориф ба онҳо дастур додаанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро дар мактабҳо сахттар кунанд.

Асомиддин Бобоев, як масъули Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, дастури вижае содир нашудааст, танҳо бо мақсади пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, талаб карда мешавад.

“То ҳол дастур шудагӣ нест, ки реҷаи ниқоб бардошта шавад. Бояд ҳама ниқоб дошта бошанд ва маҳлулҳои антиспетикӣ дошта бошанд,”--афзуд ин масъули Раёсати маориф.

Аз намозгузорон низ доштани ниқоб талаб мешавад

Дар масҷидҳо ҳам, ки яке аз маконҳои таҷаммуи сокинон ҳастанд, ин намози ҷумъа аз намозгузорон талаб мешуд, ки бе ниқоб ба масҷид надароянд. Аз ҷумла, дар масҷиди ҷомеаи шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон ин ҳафта намозгузоронро бе ниқоб ба дохили масҷид роҳ надоданд. Имомхатиби масҷид ҳам дар суҳбаташ аз намозгузорон хост, ки фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд, ҳарчанд мушоҳида мешуд, намозгузорон ин қоидаро риоя намекарданд.

Ба ҷуз аз мактабу маориф, ахиран мақомот назорат дар фурудгоҳҳоро ҳам пурзӯр карданд. Бар асоси қоидаҳои нав, акнун аз мусофироне, ки аз Истанбул ва Кобул ба Душанбе меоянд, дар фурудгоҳи Душанбе такроран тест мегиранд.

Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар мактабу масҷид ва фурудгоҳҳо дар ҳоле пурзӯр мешавад, ки мақомот мегӯянд, аз оғози имсол дар кишвар ягон ҳолати сироят ба коронавирус сабт нашудааст. Вале бархе мутахассисон ба ин гуфтаҳо шубҳа доранд ва мегӯянд, имкони дубора сар задани беморӣ дар кишвар зиёд вуҷуд дорад.

Сабаби нигаронӣ дар чист?

Коршиносон мегӯянд, пурзӯр кардани назорат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба мисли мактабу масҷид ба он хотир аст, ки ҳукумат аз дубора сар задани буҳрони коронавирус дар кишвар нигарон аст.

Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони “Ибни Сино” мегӯяд, марзҳо боз шуда, рафтуомад зиёд шудааст ва мақомот барои пешгирӣ чора меандешанд. Холиқзода мегӯяд, хатар ҳамчунон боқист, “чун аз нисф зиёди одамон шояд бемориро гузаронданд. Вале ними дигари мардум бемориро нагузаронданд. Онҳо метавонанд боз вазъиятро бад кунанд. Албатта мисли дафъаи гузашта намешавад, вале як дараҷа шуданаш мумкин.”

Мудири бемористони хусусии Ибни Сино афзуд, барои пешгирии муассир бояд ваксинзанӣ дар кишвар бамаротиб бештар шавад. “То 60-70 дарсади мардум ваксина гирифтан, қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқоб ва нигоҳдории фосила бояд риоя шавад. Ваксина кам аст, ҳамагӣ 100 ҳазор воя оварданд. Бояд панҷ миллион воя оварда шавад,”--таъкид кард Абдухалил Холиқзода.

Сокинон ба ду гуруҳ ҷудо шудаанд

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз 10-уми январ ба ин тараф дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст. Тақрибан ҳама маҳдудиятҳои ҷоришуда ба хотири пешгирӣ аз коронавирус дар кишвар бардошта шудааст. Парвозҳо ҳам ба Русия, Узбекистон, Туркия, Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистону дубора барқарор шуданд. Вале дар ҳафтаҳои ахир коронавируси нав дар кишварҳои наздик ба Тоҷикистон дубора афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла таҳқиқ нишон додааст, ки дар миёни гирифторони бемории коронавирус дар Қирғизистон навъҳои нави бритониёӣ, африқоӣ ва ҳиндиву русӣ низ ҳастанд.

Дар пасманзари афзоиши сироят ба коронавирус дар кишварҳои ҷаҳон, мардуми Тоҷикистон ба ду бахш тақсим шудаанд. Бархеҳо ба ҳарфи мақомот дар бораи набудани Гуруҳи дигар мегӯянд, барои эҳтиёт ниқоб мепӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG