Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон мегӯянд, имсол бе ҳарос ба таҷлили Наврӯз омода мешаванд. ВИДЕО


Омодагӣ ба Наврӯз дар Тоҷикистон

Кишварҳои гуногуни олам, ба вижа мамолики Аврупо, бо ишора ба сирояти навъҳои тағйирёфтаи коронавирус, гӯшанишиниро машварат медиҳанд, аммо дар Тоҷикистон ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешаванд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз оғози имсол сирояти коронавирус сабт нашудааст.

Сабзаи 30-метрӣ ва хушҳолии Миралӣ

Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи 30-метрии сабза, рамзи асосии Наврӯзро гузоштаанд. Дар атрофи он мардуми зиёд ҷамъ шуда, барои хотира акс мегиранд ва ё бо дӯстони худ гаштугузор мекунанд.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, ба фарқ аз соли гузашта, ки аз ҳар гӯшаи дунё хабари фавт аз бемории ҳамагир мерасид, имсол Наврӯзро бе ҳарос ҷашн мегиранд. Қатъи назар аз вуҷуди даъватҳо, соли гузашта мақомоти Тоҷикистон таҷлил аз Наврӯзро манъ накарданд.

Миралӣ Абдуллоев, аксбардори тоҷик, 20 сол боз дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, дар маркази Душанбе, кор мекунад. Ӯ гуфт, ҳар сол дар остонаи Наврӯз сафи муштариёнаш зиёд мешаванд, аммо соли гузашта кораш равнақ надошт.

"Соли гузашта дар ин вақт дар кӯчаҳо одамон намегаштанд. Ҳоло гурӯҳ-гурӯҳ меоянд ва акс мегиранд. Рӯҳияи болидаи мардум ва ҳузури онҳо дар иду ҷашнҳо ба фоидаи мо ҳаст. Агар онҳо набошанд, мо бекор мемонем", -- нақл кард ӯ рӯзи 16-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

"Соли гузашта аз хона намебаромадем"

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзҳои 15 ва 16-уми март дар маконҳои аслии омодагӣ ба ҷашни Наврӯз нишон дод, ки ба фарқ аз соли гузашта одамони зиёд сайругашт мекунанд.

Розия Рабиева, сокини шаҳри Ваҳдат, барои тамошои сабзаи баландтарин ба пойтахт омадааст. Ӯ гуфт, соли гузашта ҳатто дар ин рузҳо аз тарси сирояти коронавирус ба берун намебаромаданд, ҳарчанд, ба қавли ӯ, он замон мақомот вуҷуди бемории ҳамагирро дар кишвар эътироф намекарданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Душанбе ба таҷлили ботантанаи Наврӯз омода мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Ҳамсуҳбати мо гуфт, мақомот тақрибан се моҳ боз аз набудани коронавирус гузориш медиҳанд ва хабари фавти сокинон аз бемории ҳамагир ё маризиҳои монанд ба он дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ кам шудааст ва, бино бар ин, бо дили пур ба таҷлили Наврӯз омодагӣ мегирад.

Ба таҷлили Наврӯз иҷозат доданд, вале бо маҳдудиятҳо

Як моҳ пеш Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавирус ба таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон иҷозат дод, аммо ҷамъ омадани зиёди мардумро дар якҷо манъ кард.

Намояндагони Вазорати фарҳанг мегӯянд, имсол чорабиниҳо маҳдудтар хоҳанд буд. Нуралӣ Мирзоалиев, як масъули вазорат, ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон метавонанд дар боғҳо гаштугузор кунанд ва баргузории маъракаҳои фарҳангӣ бо ҳузури камтари мардум низ иҷозат дода шудааст.

Вай, инчунин, таъкид кард, новобаста аз онки тайи моҳҳои охир сирояти коронавирус дар кишвар сабт нашудааст, мардум бояд эҳтиёт кунанд.

Коршиносон мегӯянд, чунин маҳдудият мебоист, соли гузашта ҷорӣ мешуд, вале ҳоло дар давраи баъд аз коронавирус иду хушҳолӣ ба рӯҳияи мардум таъсири мусбат дорад. Худи сокинон ҳам чунин ҳавасмандӣ нишон медиҳанд.

Аммо ба қавли ҷомеашиносон аз ҳад беш расмӣ шудани ҷашну маросими миллӣ то андозае шукӯҳи онро дар назди сокинон камранг кардааст.

Соли гузашта сарфи назар аз сирояти коронавирус дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, мақомот ҷашни асосии Наврӯзро бо иштироки 12 ҳазор нафар баргузор карданд. Ин тасмими мақомот, ки то охири моҳи апрел ба набудани коронавирус пойфишорӣ доштанд, мавриди интиқоди шадид дар дохилу хориҷи кишвар шуд.

Вазорати тандурустӣ танҳо дар охири моҳи апрел ва дар остонаи сафари мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт, сирояти коронавирусро сабт кард. Ба иттилои расмӣ, то кунун беш аз 13 ҳазору 300 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар ҷон бохтаанд, вале ҳамчунон шубҳаҳо ба омори расмӣ боқист.

Баръакси ин, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, то ба ҳол бо бемории ҳамагир ва навъҳои тозапайдои он дасту панҷа нарм мекунанд ва қисме аз аҳолӣ ҳанӯз дар "карантин" ҳастанд.

XS
SM
MD
LG