Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 ба ҳамсоягарии тоҷикон ҳам "сироят" кардааст. ВИДЕО, АКС


Зумрад Фахриева, сокини деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Дар замони авҷ гирифтани бемории СОVID-19 дар баҳори соли гузашта дар Тоҷикистон, ҳамдеҳагон рафтуоро ба хонаи Ҷумъа Латипов ва Зумрад Фахриева дар деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қатъ карданд.

Зану шавҳари миёнсол мегӯянд, робитаҳои иҷтимоии мардуми деҳот, ки назар ба шаҳрҳо устувортар буд, бо омадани беморӣ осеб дид.

То омадани коронавируси нав Ҷумъа Латипов дар пойтахти Тоҷикистон кор мекард. Баъд аз эълони карантин ва қатъи кори корхона ба деҳа, ба назди оилааш, баргашт. Пас аз чанде ҳарорати бадани ҳамсараш, Зумрад Фахриева, баланд шуд. Ҳамсояҳо аз аҳволашон бохабар шуданд ва рафтуоро ба хонаи онҳо бас карданд.

Ҳамсояҳо гуфтанд, рафтори онҳо маънои парҳез аз ин оиларо надошт, балки дар умум мехостанд, фосилаи ҷисмонӣ ва дурӣ аз якдигарро риоя кунанд, то беморӣ густариш пайдо накунад. Дар он шабу рӯз мақомот ва пизишкон ҳамвора дар ин бора ёдрас мешуданд.

Ҷумъа Латипов, сокини деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Ҷумъа Латипов, сокини деҳаи Сафедоби ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ҷумъа Латипов мегӯяд, "як-ду рӯз хобидам ва ба табиби минтақавӣ муроҷиат кардам. Рӯзи аввал омаду муоина кард ва гуфт, то 15-20 рӯзи дигар омада наметавонад. Фармони ҳукумати ноҳия аст, ки дар хона муолиҷа гиред. Ман гуфтам, агар фармон аст, пас, тоқат мекунам, меистам."

Хонаи Ҷумъа ва Зумрад дар деҳаи Сафедоб даҳ километр дур аз маркази ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷойгир аст. Ҷумъа Латипов мегӯяд, бо ҳамсараш дар хона табобат карданд, вале ӯ сиҳат шуду аҳволи ҳамсараш бадтар гашт.

Касе ба хона намеомад. Чанд ронандаи деҳот ва мошини Ёрии таъҷилии бемористони ноҳия аз бурдани Зумрад ба шифохона даст кашиданд. Зумрад Фахриева ноумед шуд ва гумон мекард, зинда намемонад. Дар ниҳоят мошин ёфтанду Зумрадро ба бемористон бурданд.

Зумрад Фахриева мегӯяд: "Ҳеч кас намеомад, ҳамсояҳо мегуфтанд, даратонро пӯшед, дар хона бишинед, бемориро ҳар ҷой набаред. Аз пушти тиреза меомаданд, мепурсиданд ва ба дарун намеомаданд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Коронавирус баъзе сокинони деҳоти Тоҷикистонро аз ҳам дур кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Кӯдакон ҳам аз тарси сирояти беморӣ аз кӯдакони Ҷумъа ва Зумрад мегурехтанд. Зумрад Фахриева ҳам шифо ёфта, ба деҳа баргашт, ҳоло робита бо мардуми деҳот одӣ шудааст, вале ба гуфтаи Ҷумъа Латипов, нороҳатиаш боқист ва то ҳанӯз баъзе аз ҳамсояҳо бо тарс ба хонаашон меоянд.

Беморӣ, ба қавли ӯ рафт, вале ба робитаҳои ҳамсоягӣ сироят кард, робитаҳое, ки шифои комил наёфтаанд.

Аксҳои бештар аз деҳаи Сафедоб дар инҷост:

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG