Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ 2 миллион ваксинаи ройгон хост


Маъракаи ваксиназанӣ дар Украина
Маъракаи ваксиназанӣ дар Украина

Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои гирифтани 2 миллион дона (доза) ваксинаи зидди коронавирус ба Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дархост додааст.

Мақомот гуфтанд, дар сурати дарёфти ваксина, қабл аз ҳама, пизишкон ва шахсони синнашон аз 50-сола болоро эм мекунанд. Баъзе аз пизишкон мегӯянд, Тоҷикистон дар эмкунии зидди коронавирус дер мемонад, ҳарчанд масъулони Вазорати тандурустӣ ҳар гуна кашолкориро рад мекунанд.

"Маълум нест, кадом навъи ваксинаро меоранд"

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, рӯзи 21-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дархости Тоҷикистон барои дарёфти ваксина дар доираи барномаи COVAX фиристода шудааст.

Барномаи мазкур зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ амал карда, 92 кишварро фаро мегирад. Ин кишварҳо умед доранд, ки бо ёрии созмон аҳолии худро бо ваксина таъмин хоҳанд кард.

Наврӯз Ҷаъфаров
Наврӯз Ҷаъфаров

Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, дархости Тоҷикистон дар баррасии кумисюни COVAX аст ва ҳанӯз дақиқ нест, ба Тоҷикистон кадом намуд ваксина ворид мешавад. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтанд, кишвар он намуд ваксинаеро дархост кардааст, ки бехатарӣ ва сифаташ аз ҷониби СҶТ тасдиқ карда шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле мунтазири ваксина аз COVAX ҳастанд, ки баъзе аз кишварҳои ҳамсоя барои харидани ваксина ба шаҳрвандонашон фармоиш додаанд. Аз ҷумла, Узбекистон барои ҳар шаҳрвандаш як дона (доза) ваксинаи зидди COVID-19 супориш додааст.

Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ва Осиё эмкунии сартосарӣ оғоз шудааст. Баъзе пизишкони тоҷик мегӯянд, замони он расидааст, ки дар Тоҷикистон низ барои қишри осебпазир ваксинаи зидди коронавирус зудтар дастрас карда шавад.

"Агар ваксина нагирем, пандемия дурудароз хоҳад шуд"

Муқаддас Умарова, пизишки тоҷик, ки дар оғози пандемия Вазорати тандурустиро ба бемасъулиятӣ айбдор карда буд, мегӯяд, дар сурати ваксина накардани қишри осебпазир оқибатҳои пандемия вазнин хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ, "бояд аввал пизишкон, омӯзгорон ва онҳое, ки аз рӯи тахассус бо одамони зиёд муошират мекунанд, ваксина гиранд. Агар ваксина накунанд, пандемия дер мегузарад ва дурудароз давом карданаш мумкин аст, то замоне ки иммунитети оммавӣ пайдо нашавад. Баъдан намудҳои нави вирус баромадааст ва хоҳ-нохоҳ то мо мерасад. Агар ваксина накунем, мумкин аст, пандемия дурудароз ва ҳатто то 5 сол давом кунад."

Масъулони Вазорати тандурустӣ ҳама гуна кашолкорӣ дар дарёфти ваксинаро рад мекунанд. Наврӯз Ҷаъфаров, масъули ин ниҳод, гуфт, дарёфти ваксина бояд дар доираи механизми байналмилалии COVAX сурат гирад ва "ин кашолкорӣ нест".

Тоҷикистон ваксина хариданӣ нест?

Мақомот дар Тоҷикистон ба суоли он, ки оё барои харидани ваксина аз буҷа маблағ ҷудо шудааст ё не, посух намедиҳанд. Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Маскав, гуфт, арзиши ваксина хеле гарон аст ва Тоҷикистон эҳтимол аз ин ҳисоб наметавонад феълан онро дарёфт кунад.

Бино ба ҳисоби Эътилофи ҷаҳонии эмкунӣ (GAVI), арзиши як дона (доза) ваксина аз 10 то 20 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба ҳар шахс бояд ду дозаи ваксина гузаронда шавад. Дар баъзе аз кишварҳо эмкунии сокинон зидди коронавирус ройгон хоҳад буд.

Дар охири моҳи декабри соли гузашта Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани ваксина ба Тоҷикистон 3 миллион доллар ҷудо кард ва, қарор аст, 5 миллион доллари дигар ҳам кумак кунад. Аммо мақомот намегӯянд, ба ҷуз аз барномаи COVAX бо ягон ширкати истеҳсолкунандаи ваксина гуфтугӯ доранд ё не.

Ба иттилои расмӣ, коронавируси нав дар Тоҷикистон то кунун ба бештар аз 13 ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Аммо коршиносони мустақил ба омори Вазорати тандурустӣ бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, миқёси сирояти коронавирус ва талафот аз он ба маротиб бештар аст.

XS
SM
MD
LG