Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шогирдони Cabar/IWPR аҳди коронавирусро дар Осиёи Марказӣ ба навор гирифтанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё (IWPR) дар бораи фаъолияти Радиои Озодӣ дар аҳди пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон филми мустанад таҳия кард.

Мустанади 22-дақиқаӣ "Тоҷикистон – як назар ба озодӣ" унвон дорад ва рӯзи 14-уми январ дар саҳифаи Cabar.asia дар YouTube нашр шуд. Cabar.asia як тарҳи IWPR аст.

Радиои Озодӣ аз аввалин расонае дар Тоҷикистон буд, ки ҳанӯз дар оғози моҳи апрели соли 2020 аз марги як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз бемории монанд ба коронавирус ва ба карантин гирифта шудани пизишкону наздиконаш хабар дод.

Баъд аз нашри гузориш мақомоти тандурустии вилояти Суғд марги як сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ӯ аз илтиҳоби шуш фавтидааст, на бемории коронавируси нав. Ин дар ҳолест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегуфтанд, агар бемории ҳамагир дар Тоҷикистон нест, чаро пас аз марги ин мард 13 табибро якбора ба карантин фиристоданд?

Мақомоти Тоҷикистон танҳо дар охири моҳи апрел ва дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ мавҷудияти коронавируси навро дар кишвар эътироф карданд. Аз он замон то кунун, ба иттилои расмӣ, бемории ҳамагир ба беш аз 13 ҳазору 300 кас сироят карда, боис ба марги 90 нафар шудааст. Мақомот мегӯянд, 99 дарсади беморон шифо ёфтаанд ва аксари бемористонҳо ба ҳолати маъмулӣ ё одии кор баргаштаанд.

Аммо баъзе аз мутахассисон ва сокинон дурустии омори расмиро зери шубҳа мегузоранд, чун ба гуфтаи онҳо, мақомот аз оғоз дар мавриди фош кардани иттилои вобаста ба бемории ҳамагир эҳтиёткор буданд. Масъулони Вазорати тандурустӣ то ба ҳол ошкор нагуфтаанд, дар кадом шаҳру ноҳияҳи кишвар чӣ қадар аз сокинон бемор шуданд ва ё ҷони худро аз даст доданд.

Дар як феҳристи Радиои Озодӣ то охири моҳи декабри соли гузашта номи беш аз 230 кас гирдоварӣ шудааст, ки аз коронавируси ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Мустанадро дар бораи кори Радиои Озодӣ дар давраи пандемия дар инҷо бинед:

Муаллиф ва муҳаррири ин филм Камелия Самойленко буда, онро дастае иборат аз Шаҳзода Мирзоева, Парвин Шоназаров, Карина Нарзиқулова ва Наврас Рамазанов таҳия кардааст.

Шогирдони мактаби хабарнигории Cabar/IWPR инчунин дар бораи ҳаёти сокинон дар давраи пандемияи коронавирус дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ низ силсилаи филмҳои мустанад таҳия кардаанд. Онҳо дар бораи Тоҷикистон се филм гирифтаанд.

Филми аввал дар бораи “гуруҳи риск” ё шахсоне аст, ки аз қабл бемориҳои гуногун доштанд ва дар баробари пандемия осебпазир ҳастанд. Ин мустанад 13 дақиқа тӯл дорад ва онро Насиба Каримзода ва Малика Шукурова омода кардаанд.

Дар филми дувуми IWPR дар бораи шахсоне қисса кардаанд, ки ҳангоми ҳамагирии коронавирус аз хориҷа ба кишвар баргаштанд. Ин афрод гила кардаанд, ки он замон бисёре аз мардум аз муошират бо онҳо дурӣ меҷустанд. Муаллифони филм бовар доранд, чунин вазъ ба он хотир пеш омад, ки мардум дар бораи коронавирус иттилои зидду нақиз дарёфт мекарданд. Муҳоҷироне, ки аз Русия баргаштанд, бе даромад монданд ва маҷбур шуданд, бозори маҳаллии мардикоронро пур кунанд. Ин филмро Фараҳноз Набиева, Мирҳамдам Иргашев, Шамшод Мирзоев, Мустафо Нуруллоев, Аюби Амина, Фирӯза Мирҷумъаева таҳия кардаанд.

Филми севуми марбут ба Тоҷикистон дар бораи шахсони муҳтоҷ дар замони пандемия ва мадади ихтиёриён (волонтёрон) аст. Дар филми 12-дақиқаӣ рӯшан тасвир шудааст, ки чӣ гуна аҳволи ниёзмандон дар шароити пандемия сахттар шуд. Ин филмро Анӯшервон Беков, Нигора Қурбонова ва Маҳина Шарипова ба навор гирифтаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG