Хабарҳо
Дар паи ҳамлаҳои Толибон дар шимол ва ғарби Афғонистон 12 нафар кушта шуд
Мақомот гуфтанд, ки дар паи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи шаби 20-уми апрел, дастикам 12 узви нирӯҳои амниятии Афғонистон кушта шуданд. Дар ҳамлае, ки ба посгоҳи амниятии ноҳияи Зебоки вилояти шимолии Бадахшон рух дод, дастикам ҳашт ходими полис кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шуданд. ТВ “Тулӯъ Нюс” хабар дод, ки дар ин ҳамла чанде аз ҳамлагарон ҳам кушта шуданд. Дар вилояти ғарбии Ҳилманд ба иттилои мақомот, дастикам ду узви нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Дар як таркиши мошини бомбгузоришуда дар назди қароргоҳи полиси Ғориён дастикам 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарияти вилояти Ғазнӣ гуфт, дар миёни маҷрӯҳон тахминан даҳ фарди мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон мебошанд. Дар натиҷаи ин таркиш чор манзил хароб шуда, бисёр дигар хонаҳо қисман осеб диданд. Полис гуфт, ки дар шаҳри Кобул як афсари артиш ва ронандааш аз тири ҳамлагарони ношинос кушта шуданд.
Масъулияти таркиши мошин ва ҳам ҳамла ба посгоҳро Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Мақомоти ҳукуматӣ ҳам масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯши Толибон вогузор карданд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Раиси вилояти Бодканди Қирғизистон аз мансаб барканор шуд
Омурбек Суваналиев аз мансаби намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканди ин кишвар барканор шуд. Суваналиев рӯзи 4-уми май бо тасдиқи ин хабар ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, тасмими барканории ӯро дар Бишкек гирифтаанд.
"Фаҳмида мешавад, ба хотири гузаронидан ба вазифаи дигар ин тасмимро гирифтаанд ва ман ҳам 4-уми май бо шунидани хабар розӣ шудам", - изҳор дошт Суваналиев.
Ба гуфтаи Омурбек Суваналиев, ӯ дар ҳоли ҳозир намедонад, ки вайро ба кадом вазифа таъйин хоҳанд кард. Вай барои кор дар Бодканд бо хонаводааш ба он вилоят рафта буд.
Барканории Омурбек Суваналиев баъд аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи вилояти Бодканди Қирғизистон бо шаҳри Исфараи Тоҷикистон сурат гирифт. Ӯ дар нахустин лаҳзаҳои низоъ дар маҳалли ҳодиса қарор ва дар гуфтугӯҳо бо намояндагони Тоҷикистон иштирок дошт.
Ҳукумати Қирғизистон дар бораи барканории Суваналиев расман хабар надодааст ва феълан маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ раиси Бодканд мешавад. Суваналиеви 61-сола моҳи феврали имсол раиси Бодканд таъйин шуда буд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъин шуд; раисони ду ноҳияро барканор карданд
Абдуҷаббор Раҳмонзодаи 62-соларо, ки бо тасмиму изҳоротҳои баҳсбарангезаш машҳур аст, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон таъин карданд. Фармон дар ин бора рӯзи 4-уми май содир шуд.
Раҳмонзода дар як суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "бо масъулият сиёсати президенти кишварро татбиқ карда, ба халқи азизам содиқона хидмат мекунам ва дар таҳкими дӯстии ду халқи бузург саҳми хоксоронаи хешро мегузорам." Сафири пешини Тоҷикистон дар Узбекистон, Содиқ Имомӣ, ҳафтаи гузашта аз мансаб озод ва муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд.
Абдуҷаббор Раҳмонзода аз соли 2014 то ин дам ёвари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд. Вай аз он пеш дар мансабҳои раиси Кумитаи телевизиону радио, вазири маориф ва мудири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор карда, ҳамеша бо тасмимҳои худ дар сархатти расонаҳо қарор доштааст.
Вай ҳангоми раиси Кумитаи телевизион ва радио будан саводи кормандони эҷодиро зери суол бурда, ҳамаро аз як диктанти умумии забони тоҷикӣ гузаронд. Дар вазифаи вазири маориф ҳузури донишҷӯёну мактабиёнро ба дарс бо либоси исломӣ ва нимаурёни аврупоӣ манъ карда, истифода аз мошини шахсӣ ва телефонҳои мобилҳоро мамнуъ кард.
Дар ҳоле, ки худи Раҳмонзода пайваста аз паст рафтани саводи муҳассилон ва коста шудани интизоми талабагӣ интиқод кардааст, худи ӯро дар тундлаҳнӣ ва ҳам зиёдаравӣ интиқод мекарданд.
Яке аз пурбаҳстарин амалҳое, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи омӯзгории пойтахт кардааст, ин талаби ҳозир шудани духтарони донишҷӯ бо пошнаи баланд ба дарс ва пешниҳоди ҷорӣ кардани ҷарима барои донишҷӯёни дарсгурез буд.
Рӯзи сешанбе Ҳасан Дӯстзода аз мансаби раиси ноҳияи Нуробод ва Почохон Ҳабибулло аз мансаби раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барканор шуданд. Сабаби ин тасмим ба кори дигар гузаштан гуфта шудааст. Айни замон Зафар Гулзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Додарҷон Ҷобирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нурбод таъин гардиданд.
Як бонки байналмилалӣ ба Тоҷикистон тавсия дод, ки мудирони ширкатҳои қарздорро аз хориҷа биорад
Як бонки байналмилалӣ пешбинӣ кардааст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 панҷ дарсад ва дар соли 2022 панҷуним дарсад хоҳад шуд.
Бонки Осиёии Рушд дар гузориши нави худ гуфтааст, интизор меравад, тавсеаи иқтисоди Тоҷикистон соли 2021 то ҳадде барқарор шавад, аммо гуфта мешавад, "рушди иқтисод аз чанд омил, аз ҷумла бекор шудани маҳдудиятҳои пандемия дар кишварҳои шарики Тоҷикистон вобаста аст".
Рушди иқтисоди Тоҷикистон то оғози ҳамагири COVID-19, мувофиқи омори расмӣ, 7,5 дарсад буд ва соли 2020, бино бар таъсири пандемия, то 4,5 дарсад поин омад.
Шани Кэмпбел, мудири дафтари Бонки Осиёии Рушд, дар як изҳороте дар охири моҳи апрел гуфт, "бисёр чиз аз суръати маъракаи ваксингузаронӣ ва пурра барқарор шудани парвозҳои мунтазам бо кишварҳои шарики Тоҷикистон вобаста аст. Беҳтар кардани самарбахшии фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ҳамчунон метавонад омили устувор шудани бахши молияи Тоҷикистон шавад."
Ишораи Кэмпбел ба "самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ" дар ҳолест, ки қарзи корхонаҳои азими давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳолати январи соли 2021 ба 88,3 миллиард сомонӣ, муодили 7,8 миллиард доллар расидааст.
Бино бар ҳисоботи Оҷонси омор, 25,5 дарсад ва ё чоряки корхонаҳои давлатии Тоҷикистон зиёноваранд ва ба ҷойи фоида сол аз сол зиёни молӣ ба бор меоранд.
Аз корхонаҳои азими давлатӣ, ки ҳар сол қарзашон меафзояд, ширкати "Барқи тоҷик", "Тоҷик Эйр", "Тоҷиктелеком", "Роҳи оҳан" ва "Фурудгоҳи Байналмилалии Душанбе" ном бурда мешаванд.
Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд гуфта мешавад, дар Тоҷикистон айни замон беш аз 1000 корхонаи давлатӣ арзи вуҷуд дорад, ки баъзе аз онҳо "даҳсолаҳо инҷониб зарар меоранд" ва хавфи пардохтнопазирӣ ва бознагаштани қарзҳоро бештар мекунад.
Аз ин рӯ, Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки мудирони аршади ширкатҳоро бар асоси усули шоистасолорӣ, аз ҷумла аз хориҷи кишвар, интихоб кунад. Ҷорӣ намудани усули идоракунии корпаративӣ низ аз роҳҳои берун кашидани ширкатҳои давлатӣ аз буҳрони қарзӣ унвон мешавад.
Дар Эрон як корманди сафорати Швейсария аз баландошёна афтода даргузашт
Вазорати хориҷаи Швейсария гуфт, ки як корманди он дар сафорати Эрон дар Теҳрон дар як ҳодисаи тасодуфӣ аз бинои баландошёна ба замин сарозер шуда, ҷон дод. Вазорат, ки бо нашри изҳороте аз марги дипломаташ изҳори таассуф кардааст, исм ва рутбаи ӯро фош намекунад. Вале хабаргузории “Меҳр”-и Эрон дар нақли қавл аз сухангӯи идораи умури изтирорӣ Муҷтабо Холидӣ гуфт, ки қурбонӣ котиби аввали сафорати Швейсария буд. Ҷасади ин зан, ки дар як бинои баландошёнаи маҳаллаи Комрония, дар канораҳои шаҳри Теҳрон зиндагӣ мекард, дар назди ин бино пайдо шуд. Нахуст субҳи 4-уми май як ҳамкори ин зан гуфт, ки ӯро пайдо карда наметавонанд ва баъди ин ҷасади дипломатро як боғбони маҳаллӣ пайдо кард. Холидӣ гуфт, ки сабаби сарозер шудани дипломати аврупоӣ ба замин бояд таҳқиқ шавад. Хабаргузории нимарасмии ISNA гуфт, ки ин дипломат 51 сол дошт.
Баъди қатъ шудани робитаҳои дипломатии миёни Эрон ва ИМА дар паи инқилоби исломии соли 1979, Швейсария дар Эрон аз манфиатҳои ИМА намояндагӣ мекунад.
Талабот аз ронандаҳои туркман: мошинҳо сафед бошанд
Дар Туркманистон аз ронандагон талаб карда шудааст тамоми қисмҳои мошинҳои худро сафед кунанд. Дар даврони ҳукмронии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, шаҳри Ашқободро бо мармари сафед оро додааст. Худи президент ҳам дар ҳолатҳои зиёд бо либоси сафед, рӯи қолини сафед, бо кабӯтар ва гули сафед дар даст зуҳур мекунад. Ба қавли хабарнигорон, тақозои комилан сафед намудани мошинҳо ҳафтаи гузашта дар вилояти Лабиоб ё е худ Лебап шурӯъ шуд. Мансабдорони туркман мегӯяд, ранги торик ба ҳавои гарми Туркманистон мутобиқ нест, зеро гарморо ба худ мекашад. Вале мухолифин мегӯянд, ки Бердимуҳаммадов ба ягон шакли дигарандешӣ иҷозат намедиҳад. Ӯ дар соли 2006 баъди марги аввалин раҳбари худкомаи Туркманистон Сафармурод Ниёзов сари қудрат омад. Бар пояи гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, Бердимуҳаммадов ҳамроҳ бо наздиконаш тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятиро назорат намуда, ба зиндагии хусусии мардум дахолат мекунад.
"Авеста": Тоҷикистон воридоти шакарро афзоиш медиҳад
Тоҷикистон нақша дорад дар се соли оянда бинобар афзоиши аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, воридоти шакарро 70 дарсад зиёд кунад. Ба навиштаи хабаргузории "Авеста", тибқи барномаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ то соли 2023 ҳаҷми воридоти шакар ба беш аз 204 ҳазор тонна хоҳад расид. Бар пояи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, соли гузашта ба кишвар ба маблағи зиёда аз 57 миллион доллар шакар оварда шудааст. Сокинони Тоҷикистон дар як сол тақрибан 130 ҳазор тонна шакар ва қанд истеъмол мекунанд. Соли гузашта нархи як кило шакар тақрибан 30 дарсад боло рафта ба 10 сомонӣ расидааст.
Кумитаи тафтишоти Русия латукӯби муҳоҷири узбекро дар ВКД таҳқиқ мекунад
Кумитаи тафтишотии вилояти Томск ба таҳқиқи латтукӯби як муҳоҷири узбек аз ҷониби кормандони хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии Русия пардохтааст. Навори бадрафторӣ нисбати муҳоҷир дар дохили бинои хадамот дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ҷабрдида мегӯяд, як дӯсташро боздошт карда буданд ва ӯ барояш ҳуҷҷатҳояшро бурд. Вале кормандони хадамот аз худи ин муҳоҷир , ки дар дасташ калиди мошин доштааст, ҳуҷҷати ронандагиро талаб карданд. Вақте шаҳрванди Узбекистон сабабаи чунин дархостро суол кард, ӯро ба утоқ ворид карда заданд ва талаб карданд, ки наворро пок кунад. Аммо ӯ баъди берун шудан аз хадамот ба вазорати корҳои дохилӣ ариза навишта наворро дар ихтиёри онҳо гузошт.
Дар "Сахарово" 13 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд
Интиқоли муҳоҷирон аз боздоштгоҳҳои муввақатии Русия ба ватанашон идома дорад. Феълан дар маркази нигаҳдории хориҷиёни "Сахорово" дар Маскав 13 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Намояндагони сафорат мегӯянд, рӯзи гузашта аз аҳволи онҳо хабар гирифта, дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳои бозгашташон ҳастанд. Рӯзҳои наздик онҳо ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Гурӯҳи якуми муҳоҷирони депортшударо, ки иборат аз 15 нафар буданд, рӯзи 23-юми апрел ба ватан интиқол дода шуданд.
Анҷоми замони имтиёз навбатпоиҳоро дар назди идораҳои муҳоҷират зиёд кардааст
Ба поён расидани мӯҳлати қарори президенти Русия дар мавриди додани имтиёз ба шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити пандемия ва ҳушдори мақомоти рус ҷиҳати қонунӣ кардани ҳузур дар ин кишвар, рӯзҳои ахир навбатпоиҳои бузургро дар назди намояндагиҳои муҳоҷирати Русия ба бор овардааст. Рӯзи гузашта издиҳоми муҳоҷирон дар назди хадамоти муҳоҷирати “Сахарово”-и Маскав боиси бесарусомонӣ шудааст. Корбарони Радиои Озодӣ бо фиристодани чандин навор нақл карданд, мақомдорони рус теъдоде аз муҳоҷиронро дар дохили бино ва садҳо нафари дигарро дар берун аз он нигоҳ доштанд. Ба гуфтаи онҳо, бар замми ин ки дар шароити пандемия муҳоҷирон фосилаи иҷтимоиро риоят намекунанд, дар талотуме, ки барои гирифтани патент ба амал омад, чандин зану марди тоҷик зери по монда ҷароҳат бардоштанд. Ахиран вазорати корҳои дохилии Русия барои қонунӣ кардани буду бош ба муҳоҷирони тоҷик то 30-юми июн мӯҳлат дод. Сафорати Тоҷикистон низ аз муҳоҷирон дархост кард, мунтазири анҷоми мӯҳлат нашуда, ҳуҷҷатҳоро ба расмият дароранд. Аз сӯи дигар, баргузории рейдҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муҳоҷиронро водор кардааст, барои гирифтани патент то 12 соат дар навбат истанд.
"Барқи тоҷик": лимити барқ бекор шуд
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон пурра лағв шудааст. Ба қавли ӯ, ҳафтаи гузашта ба далели сероб шудани маҷрои рӯдхонаи Вахш дар маҳалли нерӯгоҳи барқии "Норак" ҳама гуна маҳдудиятҳо дар интиқоли нерӯи барқ бекор карда шуд. Вай иттилои дақиқ ироа накард, ки феълан чӣ миқдор об ба обанбори нерӯгоҳи "Норак" ворид мешавад, вале гуфт, ки бориш ахир барои афзоиш додани тавлиди нерӯи барқ дар кишвар мусоидат кардааст. Дар аввали моҳи Рамазон Ёдгорӣ гуфта буд, ки маҳдудият дар ин моҳ сабуктар мешавад ва коршиносон мавзӯи лағви комили ба истилоҳ лимит дар манотиқи рустоии кишварро баррасӣ мекунад.
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои намояндаи расмии "Барқи тоҷик" тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.
Дар обхезиҳои ахири Афғонистон 14 нафар кушта шуданд
Обхезиҳои ахир дар ғарби Афғонистон – вилояти Ҳирот боиси кушта шудани 14 нафар шуд. Ҷейлонӣ Фарҳод, сухангӯи волии Ҳирот гуфт, обхезиҳо рӯзи 3-юми май дар ноҳияи Адраскон шурӯъ шуд ва дар ин ноҳия чор кӯдакро об бурд. Ҳанӯз ҷасади ду кӯдак шиносоӣ нашудааст. Аксар вилояти Ҳирот давоми ду рӯзи гузашта бо боронгариҳои шадид ва обхезиҳои зиёд рӯбарӯ шуда, хонаҳои мардум, заминҳои кишт ва сохторҳои ҷамъиятӣ осеби зиёд дидаанд. Моҳи августи порсол дар 13 вилояти Афғонистон обхезиҳо боиси марги 150 нафар шуд. Ба иттилои OCHA – Оҷонсии СММ оид ба ёрии таъҷилӣ, дар соли 2019 дар паи обхезиҳои зиёд дар Афғонистон тахминан 180 ҳазор нафар ва 10 ҳазор манзил осеб дид.
Дар Ҳинд ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус аз 20 миллион нафар гузашт
Омори расмии мақомот дар Ҳинд мегӯяд, шумори гирифторони коронавирус дар ин кишвар рӯзи 4-уми май аз 20 миллион нафар гузашт. Ба иттилои вазорати беҳдошти Ҳинд, дар як шабонарӯзи гузашта дар ин кишвари иборат аз 1,4 миллиард аҳолӣ 357 ҳазор ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва мушкили камбуди бистари беморӣ, дору ва оксиген ҳамоно доғ боқӣ мемонад. Дар се моҳи гузашта дар Ҳинд шумори олудашавиҳо дар ин кишвар ду баробар афзоиш ёфт ва шумори умумии кушташудаҳо аз COVID-19 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар Ҳинд дар муқоиса бо дигар кишварҳои ҷаҳон коронавирус бо суръати зуд паҳн мешавад. Масалан, агар рӯзи 1-уми апрел дар ин кишвар 65 ҳазор нафар олуда шуда буд, пас ҳоло ба ҳисоби миёна 370 ҳазор ҳолат дар як рӯз аст. Ҳолатҳои марг агар як моҳ пеш 300 ҳолат буд, ҳоло аз 3 ҳазор ҳолат дар рӯз гузаштааст. Сабаби афзоишро дар паҳн шудани навъи босуръат сирояткунандаи намуди коронавирус ва ҳам иҷозаи мақомот барои баргузории ҷашнвораи диниву тазоҳури мардум мегӯянд.
4 ҳазор нафар аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ. Байден дарҳои ИМА ба рӯи муҳоҷиронро боз кард
Президент Ҷо Байден рӯзи 3-юми май садди болои қабули муҳоҷирон ба ИМА-ро бо далели ин ки, ба гуфтааш, “як ҳолати бесобиқа зиёди муҳоҷирати мардум дар кишварҳои сайёра” ба вуҷуд омадааст, то ба ҳадди 62,600 нафар боло бурд. Қарор дар ҳоле қабул шуд, ки чанд ҳафта инҷониб Байден барои таъхир дар бекор кардани қарори президенти пешин Доналд Трамп дар заминаи ба ҳадди поин овардани мизони қабули муҳоҷирон аз кишварҳои хориҷӣ дар ИМА мавриди интиқод буд. Байден дар як изҳорот гуфт, ки мизони ҳадди аксари таъинкардаи маъмурияти пешини ИМА дар бораи қабули то 15 ҳазор нафар муҳоҷир, ки дар таърих бесобиқа будааст, бекор мешавад. Ӯ гуфт, ки ин миқдор “ҷавобгӯи арзишҳои ИМА нест”. Трамп шумори муҳоҷирони қабулшаванда дар хоки ИМА-ро тадриҷан кам кард ва ниҳоят октябри соли гузашта то ба поинтарин сатҳи 15 ҳазор нафар дар сол муқаррар намуд. Байден гуфт, ки акнун ИМА барои қабули қишри осебпазиртарини муҳоҷирон ба ин кишвар омода шудааст. Айни замон, президенти ИМА эътироф кард, ки то сентябри имсол бо сабаби пандемия қабул кардани 62,500 нафар муҳоҷир аз кишварҳои хориҷӣ мушкил хоҳад буд.
Бар асоси квотаи муқарраршуда барои қабул дар ИМА, тахминан 4 ҳазор паноҳанда аз кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ қабул хоҳанд шуд ва баландтарин кваота - 22 ҳазор нафар - барои Африқо таъин шудааст .
Маҳмурод Одинаев ва писарашро аз боздоштгоҳ ба зиндон бурданд
Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро аз боздоштгоҳ ба маҳбас бурдаанд. Одинаев бо иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба сарнагунии ҳокимият 14 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Худи ӯ ва пайвандонаш айбро рад карда, мегӯянд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.
Мақомот дар бораи интиқоли муовини раиси ҲСДТ аз боздоштгоҳ ба зиндон шарҳ намедиҳанд. Танҳо як корманди Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ гуфт, Маҳмурод Одинаевро рӯзи 1-уми май ба зиндони шаҳри Ваҳдат ё маъруф ба "Кирпичний" интиқол доданд.
Одинаев аз замони дастгир шудан дар моҳи декабри соли гузашта то ин дам дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ё СИЗО нигоҳдорӣ мешуд.
Ҳамсуҳбати мо дар Идораи зиндонҳо гуфт, рӯзи 1-уми май Шайх Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев ҳам аз боздоштгоҳ ба маҳбаси маъруф ба "Якум Советский" интиқол дода шуд. Ризоев бо иттиҳоми "авбошӣ" ва "талоши таҷовуз ба номус" ба 6 сол зиндон маҳкум шудааст. Пайвандонаш иттиҳомро бепоя хонда, мегӯянд, ӯ қурбони фаъолиятҳои сиёсии падараш шудааст.
Пайвандони Маҳмурод Одинаев низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари ба зиндон бурда шудани ӯро тасдиқ карданд. Яке аз пайвандонаш рӯзи 4-уми май гуфт, "ин ҳафта барояш ба боздоштгоҳ ғизо бурда будем. Дар он ҷо гуфтанд, ки ҳардуяшонро ба зиндон бурдаанд."
Масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ гуфтанд, Маҳмурод Одинаев ва писараш аз рӯи тартиб баъди интиқол ба зиндон 15 рӯз дар карантин мемонанд ва пас аз ин муҳлат наздиконашон метавонанд барои онҳо ғизо баранд.
Маҳмурод Одинаев дар шароите ба зиндон интиқол дода мешавад, ки пайвандон ва ҳам масъулини Ҳизби сотсиал-демократ аз вазъи саломати ӯ нигаронӣ доранд. Ҳафтаи гузашта масъулони ҲСДТ гуфтанд, вазъи саломати Маҳмурод Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯ бо аробаи маъюбӣ мегардад. Як намояндаи боздоштгоҳ гуфт, ки "Одинаев зери назорати пизишкон аст", вале нагуфт, ки чӣ беморӣ дорад.
Муовини раиси ҲСДТ рӯзи 28-уми январи имсол бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ба 14 сол зиндон маҳкум шуд, ҳарчанд худаш ҳукми додгоҳро "беадолатӣ" хонд.
Лифти шикастаи метрои Мексика ҷони 20 нафарро гирифт
Мақомот дар Мексика гуфтанд, ки дар натиҷаи шикастани лифти метро дар шаҳри Мехико дастикам 20 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Шаҳрдори Мехико Клаудиа Шейнбаум ба хабарнигорон гуфт, ки “мутаассифона, 15 нафар ҷони худро аз даст дода, 70 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд”. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, садама дар хати 12-уми метрои шаҳри Мехико рух додааст, ки мавриди шикоят аз риоя нашудани меъёрҳои бехатарӣ ба ҳангоми сохтмони он садо додааст.
Теъдоди рекордии гирифторони КОВИД-19 дар Ҳинд
Ҳинд ҳамоно наметавонад, бо афзоиши гирифторони коронавирус ва фавтидагони ин вабо дасту панҷа нарм кунад. Буҳрони COVID-19 дар қисматҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ мушоҳида мешавад.
Танҳо дар як ҳафтаи охир дар Ҳинд 2 миллиону 600 ҳазор гирифтори нав ва 23 ҳазору 800 ҳолати фавт ва вабои коронавирус сабт шудааст. Дар 10 рӯзи охир ҳамарӯза наздики 300 ҳазор гирифтори нав дар Ҳинд сабт мешуд.
Рӯзи 3-юми май якбора 360 ҳазор мубталои нав ба коронавирус сабт шуд. Дар як рӯзи охир 3417 кас аз ин вабо фавтидааст. Дар маҷмуъ дар Ҳинд аз ин вабо наздики 215 ҳазор кас фавтидааст. Коршиносон мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки теъдоди гирифторон ва фавтидагон бамаротиб бештар аз омори расмӣ бошад.
Кишварҳои дигар ба Ҳинд дар мубориза бо коронавирус кӯмаки тиббӣ ирсол мекунанд.
Афзоиши теъдоди гирифторон дар Непал ва Шри-Ланка ҳам мушоҳида мешавад. Ин ду кишвар ба камбуди беморхона, васоили тиббӣ ва дору рӯ ба рӯ ҳастанд.
Покистон низ дар пайи афзоиши гирифторон сарҳадҳояшро бо Афғонистону Эрон баст.
Покистон ба ҳалли сулҳомези таниш миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид кард
Покистон аз қатъи даргириҳои мирзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард. Вазорати умури хориҷии Покистон рӯзи 3-юми май бо нашри як баёния гуфт, "ин амр боиси итминон аст, ки ҳар ду кишвар қодир ба ҳалли масоил аз тариқи гуфтугӯ ва равишҳои сулҳомез хоҳанд буд".
Бар асари муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар байни ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Бодканду Лайлаки Қирғизистон сар зад, аз ҳарду тараф, даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол омори захмиёну ҳалокшудаҳоро эълон накарданд. Радиои Озодӣ то ин дам номи 16 қурбонии муноқишаи охирро маълум кард. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар ин ҳодисаҳо 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 35 нафар ҷон бохтаанд.
Қирғизистон рӯзноманигорони расонаҳои байналмилалиро ба Бодканд мебарад
Ҷониби Қирғизистон барои рӯзноманигорони расонаҳои байналхалқӣ ба вилояти Бодканди он кишвар сафари корӣ ё пресс-тур ташкил кардааст.
Рӯзноманигорон аз мавзеҳое дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дидан мекунанд, ки дар натиҷаи муноқишаи марзӣ зиён диданд. Дар ин бора Галина Байтерек, сухангӯи президенти Қирғизистон иттилоъ дод.
"Мо рӯзноманигоронро ба он хотир ба он ҷо мебарем, ки иттилои ростинро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонем. Дар ҷои ҳодиса он чиро ки гузашт ба рӯзноманигорон нишон медиҳему шарҳ медиҳем. Онҳо бо чашмони худ ҳамачиро мебинанд ва хулоса мебароранд", - гуфт Байтерек.
Ба гуфтаи вай, 26 рӯзноманигор аз 20 расона, ки 10 расонаи он байналхалқӣ аст, барои рафтан ба Бодканд сабти ном кардаанд.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қариб нисфаш то ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, солҳост, ба макони муноқиша ва низоъ миёни сокинон табдил шудааст. Муноқишаи рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел, ба гуфтаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҳодисаҳои солҳои пеш фарқ дошт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.
Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Онҳо гуфтанд, хонаҳоро то тирамоҳ барқарор мекунанд.
"Uzbekistan Airways" 17 ҳавопаймояшро мефурӯшад
Ширкати ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" 5 ҳавопаймои "Boeing", 5 ҳавопаймои "Ил 76" ва 7 ҳавопаймои "Ил 114-100"-и худро мефурӯшад.
Ширкат дар ҳоли ҳозир тасмим дорад, ки то охири соли равон ду ҳавопаймои "Airbus A321neo LR"-ро ба иҷора гирад. Ҳамчунин ба иҷора гирифтани се ҳавопаймои "A321neo"-ро дар соли оянда дар назар дорад.
Интизор меравад, "Uzbekistan Airways" барои ширкати "Uzbekistan Helicopters" чаҳор чархболи "Airbus" (ду чархболи Н125 ва ду чархболи H130) харидорӣ карда, як чархболи "Ми-8"-ро фурӯшад.
Дар як рӯз дар Қазоқистон 2496 кас ба коронавирус мубтало шудааст
Мақомоти Қазоқистон хабар медиҳанд, ки давоми як шабонарӯзи ахир дар он кишвар 2496 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.
Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, шумори умумии онҳое, ки мубталошавияшон ба коронавирус дар озмоишгоҳҳо тасдиқ шудааст, то 3 майи соли равон ба 327 995 расид.
Дар Қазоқистон аз оғози пандемияи коронавирус - 13 марти соли 2020 то ба ҳол 3733 бар асари ин вирус ҷон додааст. Танҳо дар рӯзи 1 май 16 сокини Қазоқистон аз коронавирус ба ҳалокат расидааст.
Толибонро дар куштори 15 сарбози нирӯҳои давлатии Афғонистон гунаҳгор карданд
Дар паи ҳамлаҳои Толибон дар ду вилояти Афғонистон, 15 сарбози нирӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд. Ин таҳаввулот баёнгари афзоиши танишҳо дар пасманзари музокироти идомаёбандаи ҳукумат ва ин гурӯҳи шӯришӣ мебошад. Тоҷмуҳаммад Ҷоҳид, раиси вилояти ғарбии Фараҳ рӯзи 3-юми май гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи 2-юми май ба як посгоҳи артиш дастикам 7 нафар кушта шуд. Мақомот гуфтанд, ки посгоҳе дар деҳаи ноҳияи Боло Булук дар паи он таркид, ки ҷангиён аз дохили як ҳавлӣ то ба ин посгоҳ як нақби зеризаминӣ кофта дар дохилаш маводи таркарда ҷой доданд. Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтанд ва гуфтанд, ки аз посгоҳ силоҳ ҳам мусодира намуданд. Шабонгоҳ ҳудудан 100 узви Толибон як юриши дигареро дар вилояти Ҳирот ташкил карда, ду мошинро тарконданд. Ба иттилои як ходими амниятӣ, ки нахост номаш бурда шавад, дар ин ҳодиса ҳашт узви нирӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Хушунатҳои ахир дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми май нирӯҳои амрикоӣ ба тарки Афғонистон оғоз намуданд. Рӯзи 2-юми май вазорати дифоъ гуфт, ки дар ду рӯз беш аз 100 ҷангии Толибон кушта ва беш аз 50 нафарашон захмӣ шуданд. Вазорати дифоъ омори талафот дар миёни нирӯҳои ҳукуматиро нашр накард.
Иттиҳоди Аврупо сафири Русияро фаро хонд
Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба манъи сафари ҳашт мақомдори ин ниҳод ба Русия сафири русро дар Брюссел фаро хонд. Питер Стано, сухангӯи идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар як нишасти хабарӣ рӯзи 3-юми май гуфт, “сафири Русия эҳзор шуд. Қарор аст баъд аз зӯҳр дабири кулли Комиссиюни Аврупо ва Хадамоти умури берунаи Аврупо ба ӯ маҳкумкият ва мухолифати шадиди худро баён мекунанд”.
Ҳафтаи гузашта вазорати хориҷаи Русия ҳашт дипломати Аврупо, аз ҷумла, Вера Йоурова, муовини президент оид ба арзишҳо ва шаффофият дар Комиссиюни Аврупо ва Девид Сассули, президенти Парлумони Аврупоро таҳрим карданд. Маскав гуфт, ки бо сабаби ҷорӣ шудани таҳрим болои шаҳрвандони Русия таҳримҳои худро содир мекунад.
Моҳи апрел Иттиҳоди Аврупо ду шаҳрванди Русияро барои таъқиби ҳамҷинсгароҳо дар Ҷумҳурии Чеченистони Русия таҳрим кард. Инчунин моҳи гузашта чор мақомдори наздик ба президенти Русия Владимир Путин ҳам таҳрим шуданд. Вазорати хориҷаи Русия Иттиҳоди Аврупоро дар он муттаҳам кард, ки зиддии Русия таблиғот мебарад.
Раҳбари олии Эрон моҷарои атрофи фош шудани сӯҳбатҳои пинҳониро "хатои калон" номид
Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ дипломати аршади ин кишварро барои шарҳҳои ахираш шадидан интиқод кард ва эҳтимол меравад, ки ин таҳаввулот ба ҷараёни музокироти ҳастаӣ дар Вена ва ҳам интихоботи президентии дар пешистода таъсири манфӣ мегузорад. Ҳарчанд Хоманеӣ исми вазири хориҷа Муҳаммад Ҷавод Зарифро ба забон наовард, вале дар суханронии телевизиониаш рӯзи 2-юми май интиқодҳои ба интернет роҳёфтаи ӯро “як хатои ҷиддӣ” аз назари сиёсати хориҷии кишвар унвон кард. Зариф аз ин пеш барои танқидаш аз нақши генерал Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи кушташудаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ узрхоҳӣ кард. Хоманеӣ гуфт, “ин як хатои бисёр калоне буд, ки як мақомдори Ҷумҳури Исломӣ набояд роҳ медод”. Ӯ гуфт, “мақомдорони аз ин калонтар ҳастанд, ки ҳақи қабули қарор ва сиёсатҳоро доранд. Бешубҳа, вазорати хориҷа ҳам бахше аз ин ҷараён аст”.
Зариф барои коҳиши таниш атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва музокироти моҳи март шурӯъшуда барои азсаргирии барномаи нави амал бо имзогузорони созишномаҳои ҳастаии соли 2015 ва ИМА хеле талош мекунад. Ҳадаф ин аст, ки ИМА ба ин созиш баргардад. Шарҳи Зариф дар як сӯҳбате, ки набояд нашр мешуд ва дар он аз дахолати генерал Сулаймонӣ ва сипоҳи посдорон ба дипломатия сухан меравад, ду моҳ пеш аз интихобот дар Эрон моҷарои сиёсӣ барангехт.
Олмон шабакаи азими порнографияи кӯдаконро ошкор кард
Полиси Олмон гуфт, яке аз вебсайтҳои азимтарини пинҳонии порнографияи кӯдаконро ошкор кард, ки 400 ҳазор узв дошт. Додситонҳо рӯзи 3-юми май гуфтанд, ки дар доираи ин парванда миёнаҳои моҳи апрел чор нафари 40 то 64-соларо боздошт карданд ва аз давлати Парагвай ҳам хостанд, ки як нафар гумонбари дигарро истирдод кунад. Полис исми ҳеҷ нафарро нашр намекунад. Дар робита бо ташкили шабакаи порнографӣ дар ҳафт бино кофтукоб анҷом шудааст.
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки полиси Олмон ин вебсайт, мудирон ва корбаронашро давоми чанд моҳ таҳқиқ кардааст. Дар ин тафтишот инчунин полиси Аврупо ва мақомоти ҳифзи қонуни кишварҳои Ҳолланд, Шведсия, Австралия, ИМА ва Канада иштирок кардаанд. Тафтишоти пешакӣ маълум кардааст, ки ин вебсайт аз соли 2019 ба ин сӯ фаъол будааст.
Корбарони ин вебсайти пинҳонӣ педофил ё бачабозҳо аз саросари ҷаҳон буда бо тамошои саҳнаҳои равобити ҷинсӣ бо кӯдакону хурдсолон, аксар писарбачаҳо саргарм мешуданд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки дар миёни аксу видеоҳо саҳнаҳои бисёр даҳшатноки озори ҷинсии кӯдакон пайдо шудаанд.
ИМА гуфт, рафтори Чин “хашинтар” мешавад
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, рафтори Чин дар хориҷа то рафт хашинтар ва дар дохил бештар саркӯбгарона мешавад. Блинкен рӯзи 2-юми май дар мусоҳибааш бо CBS News гуфт, ки Вашингтон хостори паст задани Чин нест, вале айни замон намегузорад, ки низоми байналмилалии бунёдшуда бар асоси қонунҳо ба ҳам зада шавад. Блинкен дар сӯҳбат бо барномаи “60 дақиқа” гуфт, “он чи ки мо дар давоми чанд соли охир дар Чин шоҳид шудем, ин аст, ки дар дохил рафтори ин кишвар то рафт саркӯбгарона ва дар хориҷа хашинтар мешавад. Ин як воқеият аст”. Равобити миёни ИМА ва Чин сари чандин масъала, аз ҷумла, тиҷорат, ҷосусӣ ва пандемияи коронавирус пуртаниш шуд. Блинкен ба саволи ин ки оё ҳадафи дарозмуддати Пекинро дар чӣ мебинад, гуфт: “Ба назарам, бо гузашти вақт Пекин ба ин фикр аст, ки Чин имкон дорад ва ҳам бояд як кишвари бартаридошта дар ҷаҳон буда метавонад, бояд чунин бошад ва чунин хоҳад шуд”. Вале, ба гуфтаи Блинкен, ихтилофҳои низомӣ “алайҳи манфиатҳои ҳам Чин ва ҳам ИМА хоҳад буд”.
Шарҳҳоро бинед
Боз кардани шарҳи бештар