Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъзе "қолабшиканӣ"-и лӯлиён дар як деҳаи ноҳияи Восеъ. ВИДЕО


Як маҳалли лӯлиён дар Хатлон
Як маҳалли лӯлиён дар Хатлон

Дар деҳаи Заркорон дар ноҳияи Восеъ, ки бо номи Паҳлавонобод ҳам машҳур аст, даҳҳо оилаи лӯлӣ ё ҷӯгӣ ба сар мебаранд. Аксар сокинони деҳаҳои атроф онҳоро бо талбандагӣ ва дурӣ аз таҳсилу бекорӣ мешиносанд, аммо худи лӯлиён мегӯянд, солҳои охир шеваи зиндагиашон тағйир кардааст.

Талбандагӣ - дар як ҳафта як бор

Раҳмоналӣ Халосов, сокини деҳаи Заркорон, гуфт, ҳарчанд тарки одат амри маҳол аст, ба фарқ аз солҳои гузашта талбандагиро то ҳадди имкон кам карданд. Ӯ нақл кард, ки соли 2013 унвони ҳоҷиро соҳиб шуду дар мактаб кор мекунад ва танҳо барои таскини дил ҳафтае як бор ба "гашт" ё талбандагӣ мебарояд. Дар ҳоле ки дар гузашта шуғли ҳаррӯзаааш будааст.

"Хонаи мо он қадар ҳам боҳашамат нест. Вақте ба талбандагӣ меравем, мегӯянд, ака, зиндагии хубу хонаву дар доред, чаро боз чиз металабед. Ният дорем, ки оҳиста-оҳиста онро тарк кунем", -- гуфт ӯ.

Раҳмоналӣ Халосов афзуд, онҳо низ ба мисли сокинони дигари минтақа аз ҳуқуқи таҳсилу кор бархурдоранд ва дар ҷомеа соҳиби эҳтироманд, аммо шиква кард, ки ба чанд мушкили онҳо бояд ҷиддӣ расидагӣ шавад.

Яке аз чунин мушкилҳо, ба қавли ӯ, таъмини хонаводаҳо бо замину манзил аст: "Дар як хона ману ҳамсарам бо чаҳор писару келин ва кӯдакон зиндагӣ мекунем. Ин хона дар чаҳор сотих замин сохта шудааст. Танг аст."

Мақомот мегӯянд, масъалаи замину хона хоси танҳо қавми лӯлӣ нест. Ба қавли онҳо, оилаҳои дигар низ ҳар рӯз барои гирифтани қитъаи замин дархост медиҳанд, аммо ҳалли он фурсат металабад.

Достони видоеиро дар ин ҷо тамошо кунед:

Баъзе "қолабшиканӣ"-ии лӯлиён дар Восеъ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:11:08 0:00

Таҳсил ва тиҷорати мӯйи сар

Ноҳияи Восеъ яке аз ноҳияҳои калонтарин дар минтақаи Кӯлоб ба шумор меравад. Дар он ҷо се деҳаи бузурги лӯлиён вуҷуд дорад.

Ба нақли Раҳмоналӣ Халосов, дар деҳаи Заркорон аллакай барои таҳсили кӯдакони лӯлӣ мактаб сохтаанд ва барои тиҷорат низ шароит фароҳам овардаанд. Ӯ гуфт, ҳоло кӯдакон ба ҷойи талбандагӣ ба маткаб мераванд ва ба хариду фурӯши мӯйи сар машғуланд.

Намояндагони қавми лӯлӣ дар деҳаи Заркорон гуфтанд, дар интихоби арӯсу домод ҳам "қолабшиканӣ" карданд. Онҳо мегӯянд, акнун аз ҳисоби фарзандони мардуми маҳаллӣ ва русҳо барои бачаҳояшон арӯсу домод интихоб мекунанд.

Аммо усули асосии зиндагии лӯлиён ҳанӯз ҳам ҳифз шудааст. Занони ин қавм шавҳари худро "сутуни хона" медонанд ва таъмини оиларо ба дӯш мегиранд. Сарвиноз Чуянова, яке аз сокинони Заркорон, мегӯяд, то замони марги шавҳараш ӯро нигоҳубин кард ва бовар дорад, пас аз рафтани "сутуни хона"-аш мӯйи сараш сафед ҳам шуд.

Сокинони деҳаҳои атрофи Заркорон мегӯянд, дар гузашта аз талбандагии зиёди лӯлиён ва камсаводии онҳо хушашон намеомад, ҳоло баъзе тағйиротро дар зиндагии намояндагони қавми ҷӯгӣ мушоҳида мекунанд.

Яке аз онҳо бо номи Бахтовар гуфт, "дасту пой доранд, вале бисёр вақт ба таҳсил ва кор гардан намедиҳанд. Ҳоло баъзе аз кӯдаконашон ба мактаб мераванд. Гузашта аз ин, замона тағйир кардааст ва мардум мисли солҳои пеш бо меҳру муҳаббат ба онҳо нону маҳсулот намедиҳанд."

Созмони Милал ба беҳбуди вазъи лӯлиён даъват кард

Ҳазорҳо намояндаи қавми лӯлӣ дар Панҷакенту Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ ба сар мебаранд.

Ба қавли таърихнигорон, лӯлиён панҷ-шаш аср пеш аз Ҳиндустон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва кишварҳои дигар, ҳиҷрат кардаанд. Дар ҳар давлате, ки онҳо сукунат кардаанд, забони мардуми ҳамон ҷоро пазируфтаанд, вале касби худ, яъне талбандагиро пурра тарк накардаанд.

Созмони Милали Муттаҳид соли 2019 гуфт, Тоҷикистон қабули барномаи махсусро барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии лӯлиён зарур намешуморад ва аз ҳукумат хост, ин мавқеашро бознигарӣ кунад.

Кумитаи маҳви табъизи нажодии ин созмон хоста буд, Тоҷикистон шароит фароҳам оварад, ки духтарони ҷӯгӣ ба таҳсили муносиб дастрасӣ дошта бошанд ва аз мактаб берун намонанд. Гузашта аз ин имкон фароҳам оварад, ки онҳо дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои олӣ таҳсил кунанд.

Омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон ду сол пеш гуфта гуфта буд, барои таҳсили кӯдакони лӯлӣ ягон монеа вуҷуд надорад, вале "танҳо мушкил ин аст, ки онҳо на ҳамеша мехоҳанд аз расму оинҳои худ даст бикашанд."

Бар асоси омори расмӣ дар мактабҳои кишвар беш аз 1300 лӯлӣ таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG