Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: "Мавзеъгирии Тоҷикистон нисбат ба лӯлиён боиси таассуф аст"


Пудина духтараки ҷӯгӣ аз Тоҷикистон

Созмони Милали Муттаҳид аз он изҳори таассуф кардааст, ки Тоҷикистон қабули барномаи махсус барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷӯгӣ ва ё лӯлиёнро зарур намешуморад ва аз ҳукумат хостааст, ки ин мавқеашро бознигарӣ кунад.

Нуриддин Амир, раиси Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал бо ирсоли номае ба унвони Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар идораҳои ин созмон дар Женева гуфтааст, “Боиси таассуф аст, ки давлат, қабули барномаи мушаххас ва ё стратегия барои мубориза бо табъизи мустақим ва ғайримустақим ва бадномкунии ҷӯгиҳоро зарур намешуморад.”

Мақомоти Тоҷикистон ду сол пештар зимни гузориш ба Кумитаи маҳви табъизи шиканҷаи Созмони Милал гуфтанд, азбаски дар кишвар “ҳуқуқи ҷӯгиҳо зери по намешавад ва онҳо мисли дигар қишрҳои ҷомеа ҳаққу ҳуқуқи баробар доранд” барои ҳамин қабули барномаи хосе барои онҳоро зарур намешуморанд.

Раиси кумита дар ин нома аз рӯзи 14-уми декабри соли 2018 аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, шароит фароҳам оварад, то ки духтарони ҷӯгӣ ба таҳсили муносиб дастрасӣ дошта бошанд, аз мактаб берун намонанд. Гузашта аз ин имкон фароҳам оварад, ки онҳо дар омӯзишгоҳу донишгоҳҳои олӣ таҳсил кунанд. Нусхаи ин нома рӯзи 16-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид.

Шароит барои ҷӯгиҳо ҳам яксон бошад

Дар ин нома омадааст: “Кумитаи маҳви табъизи нажодии Созмони Милал мехоҳад, ҳукумат шароитеро фароҳам оварад, ки мардуми ҷӯгӣ мисли дигар гуруҳҳои ҷомеа ҳаққу ҳуқуқи баробари дастрасӣ ба хона, хадамоти тиббӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд.“

Раиси ин кумитаи ҳомии ҳуқуқи Созмони Милал ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки мамониатҳо дар роҳи гирифтани санадҳои ҳуввият барои ҷӯгиҳоро аз байн бардорад.

Лӯлиён дар Тоҷикистон, ки аксаран бо талбандагӣ ва гадоӣ рӯз мегузаронанд, аз нақзи ҳуқуқи худ ва бахусус таҳқир аз тарафи сокинони бумӣ шикоят мекунанд.

Фарзандони онҳо, ки дар макотиби умумӣ таҳсил мекунанд, мегӯянд, бачаҳои дигар ба ҳолашон механданд ва онҳоро масхара мекунанд. Дар баъзе аз нашрияҳои кишвар ҳатто мақолаҳоеро метавон дид, ки дар онҳо ошкоро ҷӯгиёнро қавме номидаанд, ки “бо гадоӣ ва талбандагии худ“ мардумро ба дод овардаанд.

13 ҳазор ҷӯгӣ дар Тоҷикистон

Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1329 нафар аз кӯдакони лӯлӣ таҳсил мекунанд, вале бисёре аз духтарони онҳо, баъди хатми синфи 9, мактабро тарк карда, бо волидонашон ба кор машғул мешаванд.

Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон 13 ҳазор нафар аз аққалиятҳои ҷӯгӣ зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо дар ноҳияҳои Панҷакент, Ҳисор, Ваҳдат, Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ дар рустоҳои алоҳида зиндагии муқимиро пеша кардаанд.

Монеае барои онҳо вуҷуд надорад

Як манбаъ дар ин вазорат рӯзи 16-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки иддаоҳо дар бораи онки ҷӯгиҳо ҳангоми муроҷиат барои гирифтани шиноснома ва ё дигар санадҳои ҳуввият ба мушкилот дучор мешаванд, асос надорад. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати муроҷиати саривақтӣ барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, ё шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, ҳеҷ мамониате барои онҳо вуҷуд надорад.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Агар ҷӯгиҳо мисли тамоми дигар мардуми Тоҷикистон вақте ба идораҳои шиносномадиҳӣ, ё ҷамоат барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд дер муроҷиат кунанд, расмиёти иловагӣ пеш меояд. Онҳо бояд ҷарима супоранд ва дигар санадҳои расмиро пешниҳод намоянд, ки ин ҳам вақт мегирад ва мушкилот месозад.”

Ба гуфтаи намояндаи вазорат, бо вуҷуди онки ҳуқуқи аққалиятҳои ҷӯгӣ дар Тоҷикистон мисли ҳуқуқи ҳама гуруҳҳо риоят мешавад, онҳо масъалаи қабули барномаи хос барои беҳбуд бахшидан ба вазъи ҷӯгиҳо дар кишварро баррасӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG