Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Даъвати ҷопониҳо барои бекор кардани Олимпиадаи тобистона дар Токио

Акс аз бойгонӣ.

Мувофиқи хабаргузории оҷонсии Kyodo зиёда аз се ду ҳиссаи ҷопониҳо барои бекор кардан ё ба таъхир андохтани Олимпиадаи тобистонаи Токио овоз доданд.

39,2% посухдиҳандагон мехоҳанд Бозиҳоро комилан бекор кунанд. 32,8% иштироккунандагони пурсиш ба тарафдории боз як бори дигар мавқуф гузоштани Олимпиада овоз доданд. 24,5% ҷопониҳои пурсидашуда ҷонибдори онанд, ки мусобиқот тибқи нақша баргузор шавад.

Ба иллати пандемияи коронавирус Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки бояд дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи соли 2020 баргузор мешуданд, ба муҳлати аз 23-юми июл то 8-уми августи соли 2021 пешбинӣ шудаанд.

Бозиҳо префикси «2020»-ро барои мақсадҳои маркетинг нигоҳ медоранд. 20-уми марти соли 2021 маълум шуд, ки тамошобинони хориҷӣ ба Олимпиада ва Паралимпиада дар пойтахти Ҷопон роҳ дода намешаванд, пули билетҳои қаблан харидашуда баргардонида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, то ҳоло аз Тоҷикистон ду варзишгар – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) - ба Олимпиадаи Токио-2020 роҳхат гирифтаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар Русия пешниҳод доранд, ки маҳбусон ба ҷойи муҳоҷирон ба кор ҷалб шаванд

Муҳоҷирони корӣ дар яке аз сохтмонҳои Русия

Мақомоти идораи зиндонҳо Русия пешниҳод кардаанд, дар ҷойҳое, ки муҳоҷирони корӣ намерасанд, маҳбусон ба кор ҷалб шаванд.

Александр Калашников, роҳбари Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия ба хабаргузории “РИА Новости” гуфтааст, масъалаи ҷалби маҳбусон ба ҷойи муҳоҷирон бояд дар ҳама минтақаи Русия баррасӣ шавад. “Ин ҳамчун лагерҳои меҳнати маҷбурӣ нахоҳад буд, онҳо соҳиби шароити комилан муносиб хоҳанд шуд. Чунин шахсон дар хобгоҳ меистанд ва корфармоён барои онҳою хонаводаашон шароити зиндагиро фароҳам мекунд,”-гуфт роҳбари идораи зиндонҳои Русия.

Дар зиндонҳои Русия феълан 483 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд.

Тибқи омори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Русия ё ФСИН то оғози соли 2020 беш аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар маҳбасҳои ин кишвар адои ҷазо мекардаанд.

Қонунгузории Русия иҷоза медиҳад, ки зиндониҳо дар кори сохтмони берун аз деворҳои маҳбас ҷалб шаванд ва конститутсия ба ин гуруҳи афрод бархе замонатҳо додааст. Барои кори онҳо бояд маблағ пардохт шавад ва ҳамаи онҳо аз назорату ҳимоят ва дар муҳосира нигаҳдорӣ шаванд.

Рӯҳонӣ аз созиш дар бораи "бекор шудани таҳримҳои аслӣ" хабар дод

Ҳасан Рӯҳонӣ, президенти Эрон.

Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, дар музокирот бо қудратҳои ҷаҳонӣ барои эҳёи созиши атомии соли 2015, барои хотима додан ба таҳримоти сахт ба зидди кишвараш созиш ба даст омадааст, вале баъзе мушкилоти ҷиддӣ боқӣ мондаанд.

Эрону Амрико аз моҳи апрел барои эҳё кардани созиши атомӣ музокироти ғайримустақим доранд. Раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп соли 2015 Амрикоро аз ин созиш хориҷ кард ва таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди Эронро баргардонд. Теҳрон ҳам баъдан аз иҷрои баъзе аз бандҳои ин созиш даст кашид ва ба ғанисозии ураниуми ғализ шуруъ кард.

Ҳасан Руҳонӣ рӯзи 20-уми май гуфт, музокиракунандагон дар Австрия "гоми муҳиме" бардоштаанд ва "созиши асосӣ ба даст омадааст". Ӯ афзуд, ки бар асоси созиш, таҳримоти Амрико ба зидди саноати нафт, баҳрнавардӣ, бима ва Бонки Марказии Эрон бардошта мешаванд.

Ба қавли раиси ҷумҳури Эрон дипломатҳо ҳанӯз сари баъзе аз масоили ҷузъӣ баҳс доранд. Даври дигаре аз музокироти Эрон бо Русия, Чин, Олмон, Фаронса ва Бритониё рӯзи 19-уми май дар пойтахти Австрия ба поён расид.

Додситонии Тоҷикистон як ҷавонро барои тарҳрезии ҳамла дар Русия гунаҳкор донист

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ба зиндон маҳкум шудани як ҷавоне хабар дод, ки ба кумаки молӣ барои тарҳрезии ҳамлаҳои террористӣ дар Русия гунаҳкор дониста шудааст.

Додситонӣ рӯзи 20-уми май дар вебсайти расмиаш хабар дод, ки додгоҳи ноҳияи Сино дар Душанбе Бахтиёр Исмоиловро рӯзи 6-уми май бо гуноҳи терроризм ва ташкили созмонҳои ҷиноӣ ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додситонӣ нагуфтааст, ки Бахтиёр Исмоилов сокини куҷост ва ба узвият дар кадом гуруҳи террористӣ ва ё ифротгаро гунаҳкор дониста шуд, ҳарчанд солҳои ахир даҳҳо ҷавони тоҷикро барои узвият дар гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва ё ДОИШ ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки Бахтиёр Исмоилов бо номҳои мустаор, аз ҷумла «islomiddin ibragimovich» дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа боз карда ва дар муддати 6 соли гузашта, ба номи аъзои зоҳиран ДОИШ бештар аз 300 ҳазор рубли русӣ интиқол додааст, ки бояд барои анҷом додани амалҳои террористӣ дар Русия харҷ мешудаанд.

Додситонӣ гуфтааст, барои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Русия ба Бахтиёр Исмоилов чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ва аз ҷумла шахсе бо номи Идихони Рустам тавсия медодаанд.

Назари тарафи муқобил дар робита ба ин баёнияи Додситонии кулл маълум нест.

Назди Идораи мусалмонҳои Қирғизистон гирдиҳамоӣ доир шуд

Идораи муфтиёти Қирғизистон, Бишкек.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пушти дари Идораи маънавии мусалмонҳои он кишвар гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Шаҳрвандоне, ки аз фасодкорӣ дар муфтиёт норозӣ ҳастанд, дар назди бино юрта заданд.

Шаҳрвандон талаб доранд, ки фасодкорӣ дар Идораи маънаии мусалмонҳо бартараф ва аъзои кунунии Шӯрои уламо ба интихоботи раис роҳ дода нашаванд.

Имрӯз, 21 май, интихоботи раиси Шӯрои уламо - мудири Идораи маънавии мусалмонҳои Қирғизистон баргузор мешавад. Дар сабқат 6 кас ширкат дорад.

Раиси пешини Идораи маънавии мусалмонҳои Қирғизистон Мақсадбек Токтомушев бо гумони фасодкорӣ 10 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд.

ИМА ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ тақдим кард

Яке аз мавридҳои кумаки ИМА ба Тоҷикистон

Маркази Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC) барои ҷилавигрӣ аз паҳншавии COVID-19 ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 265 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизот тақдим кардааст.

Дар хабарномаи сафорати Амрико дар Душанбе гуфта мешавад, ки таҷҳизоти тақдимшуда ба хотири кӯмак ба ташхисгоҳҳои Вазорати тандурустӣ пешбинӣ шудааст. Онҳо барои нигаҳдории намунаҳои ташхис кумак мекунанд.

Ба гуфтаи сафорати Амрико, аз оғози давраи пандемияи CDC ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 584,305 доллари ИМА кумак кардааст.

Таҷҳизоти тақдимкардаи ин Марказ дар озмоишгоҳҳои ҳифзи саломатии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Кубодиён ва Панҷакент истифода мешаванд.

Мақомоти тоҷик расман вуҷуди КОВИД-19 дар Тоҷикистонро аз оғози имсол рад мекунанд. Коршиносон ба ин шубҳа доранд.

Дар соли гузашта мақомот гуфтанд, ки танҳо беш аз 13 ҳазор мавриди сирояти сокинон ба КОВИД-19-ро сабт кардаанд. Беш аз 90 нафар аз ин беморӣ фавтидааст. Коршиносон ба ин омор шубҳа мекунанд ва ҳолати воқеиро ба маротиб бештар медонанд.

Президенти Туркманистон аз Ҷумҳурии Чех ҷоми шаробнӯшӣ фармоиш дод

Ширкати чехии истеҳсолкунандаи маснуоти шишаии "Moser" барои президенти Туркманистон ҷомҳои шаробнӯшие истеҳсол кард, ки дар онҳо нақши аспҳои президент ҳаккокӣ шудаанд.

Павел Ментсл, раиси шикати чехӣ дар ин бора дар мусоҳибаи нашрияи euro.cz хабар додааст. Вай гуфтааст, ки ширкати "Moser" дар шаҳри Ишқободи Туркманистон мағоза дорад ва қароргоҳи президенти он кишварро бо маснуоти шишаӣ таъмин мекунад. Раиси ширкат гуфтааст, ки чанде пеш аз президенти Туркманистон фармоиши сохтани ҷомҳои шароберо гирифтанд, ки дар онҳо бояд нақши аспҳои президент ҳаккокӣ шаванд.

"Ибтидо аз аксҳои аспҳои президент дизайн сохта ва баъдан ба ҷомҳои шишаӣ гузаронида шуд", - гуфт Мантсл.

Роҳбари ширкат нагуфт, ки истеҳсоли ин гуна ҷомҳо чи қадар арзиш доштааст.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон бо асппарвариаш маъруф аст. Вай дар васфи аспи зоти ахалтека китобу шеър эҷод кардааст.

Дар Туркманистон ҳамасола рӯзи аспи ахалтека таҷлил ва миллионҳо доллар дар он харҷ мешавад. Ба ифтихори аспҳои писандидаи президент ҷоиза ва унвони давлатӣ таъсис шудааст.

Ширкати чехии "Moser" соли 1857 дар Карлови Варахи ҷумҳурии Чех аз сӯи соҳибкор Людвиг Мозер таъсис шудааст. Дар гузашта шоҳҳои Бритониё, султонҳои Туркия, шоҳҳои Эрон ва Папаҳои Рим аз фармоишгарони маҳсулоти ширкати "Moser" буданд.

HRW ба қатъи таъқиби муаллифи саҳифаи ҳаҷвӣ Темирлан Енсебек даъват кард

Темирлан Енсебек.

Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки "парвандаи беасос" нисбати Темирлан Енсебек, муаллифи саҳифаи ҳаҷвии Qaznews24-ро дар шабакаи иқтимоии Instagram қатъ кунанд.

Пулиси Қазоқистон ҳафтаи гузашта Енсебекро бозпурсӣ ва манзилашро кофтукоб карду телефони ҳамроҳ ва компютерашро мусодира кард. Енсебек дар ҳоли ҳозир дар доираи парвандаи "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешавад. Ӯро метавонанд, аз шоҳид ба гумонбар табдил диҳанд.

Пештар аз ин Созмони ҷаҳонии ҳимоят аз рӯзноманигорон "Хабарнигорони бидуни марз" низ ба ҷонибдорӣ аз Темирлан Енсебек садо баланд карда буд. "Хабарнигорони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон даъват кардааст, ки "озодии суханро эҳтиром кунанд". "Ҳаҷв ҷиноят нест!" - навишта шудааст дар саҳифаи созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Пулиси Қазоқистон рӯзи 15-уми май блогери мазкурро барои навиштаҳои ҳаҷвӣ дар Instagram боздошт кард. Мақомот дар шаҳри Алма Ато манзили Темирлан Энсебекро кофтукоб ва таҷҳизоти ӯро мусодира кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар додааст. Энсебек узви гурӯҳи "Оян, Қазоқистон" (Қазоқистон бедор шав!) аст, ки ислоҳот дар ин кишвари Осиёи Марказиро мехоҳад.

Чанд тарафдори блогер дар назди идораи полисе, ки ӯро бозпурсӣ мекарданд, эътироз карданд. Ҳамсари Эсенбек гуфт, ки ӯро эҳтимолан бо иттиҳоми паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ки тартиботи ҷамъиятиро дар хатар мегузорад, боздошт кардаанд.

Навиштаҳои ӯ дар Инстаграм ҳазф шудаанд. Ӯ воқеаҳои сиёсӣ дар ин кишварро ба риштаи ҳаҷв мекашид ва онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешуданд.

Вазири рушди рақамии Қирғизистон бо гумони талаби пора боздошт шуд

Азамат Дийканбоев, вазири рушди рақамии Қирғизистон.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20 май хабар дод, ки Азамат Дийканбоев, вазири рушди рақамии он кишварро боздошт кардааст.

Ба иттилои КДАМ, дар асоси шикояти ширкати хориҷие, ки ба амалисозии марҳилаи дувуми тарҳи "Шаҳри бехатар" машғул аст, тафтиши ибтидои шуруъ шудааст.

Азамат Дийканбоев рӯзи 5-уми май муовини раиси девони вазирон - вазири рушди рақамии Қирғизистон таъйин шуд.

Дар Қирғизистон тақдири ояндаи кони тилои Қумторро шарҳ доданд

Маҳсулоти кони Қумтор

Узви пешини шӯрои мудирони ширкати канадагии Centerra Gold Inc. Тенгиз Болтурук, ки аз сӯи ҳукумати Қирғизистон мудири муваққати ширкати "Кумтор Голд Компани" таъйин шуд, рӯзи 20 май дар як нишасти хабарӣ нақшаҳои ояндаи фаъолият дар кони тилоро шарҳ дод. Вай гуфт, тасмим дорад, дар навбати аввал низоми худкори идораи конро ба роҳ монад. Ба гуфтаи Болтурку, рӯзи 15 май дастрасии фосилавии коргарон ба ҳамаи барномаҳои таъминкунандаи кори кон қатъ шудааст. Акнун ҷорисозии барномаи дигар барои идораи ширкат рӯи даст аст. Дар навбати дувум, дар нақша аст, ки халалдорсозии муҳити атроф бартараф шавад. Ба гуфтаи Болтурук, барои амалисозии ин нақшаҳо 1,5-2 сол зарур аст. Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад. Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд. Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

Видеои Тик-Ток дар Узбекистон ба моҷарои додгоҳӣ кашонд

Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Хонандаи синфи 11 дар мактаби №38 ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Узбекистон Элёр Абдурауфов мегӯяд, аз мӯи мудир ва муовини мудири мактаб латту кӯб шудааст. Элёр гуфт, ки баҳси вай бо мудири мактаб баъди нашри як навори шухиомез дар бораи мудир дар ТикТок шуруъ шудааст. Акмал Раҳмонов, мудири мактаб мегӯяд, хонандаро латту кӯб накарда, балки ба додгоҳ шикоят бурдааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шаҳрисабз гуфтанд, дар доираи ин ҳодиса парванда боз шудааст. Элёр Абдурауфов гуфт, ки як навори шухиомез дар бораи мудири мактаб таҳия ва ба ҳамсинфаш ирсол кардааст. Он навор дар шабакаи иҷтимоии ТикТок пайдо ва боиси баҳси мудир бо хонанда ва латту кӯби хонанда шудааст.

Дар Деваштич мошини боркаш сӯхт ва ду нафарро маҷруҳ кард

Бар асари садамаи як мошини ҳомили маводи сузишворӣ дар ноҳияи Деваштиҷ 2 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса субҳи панҷшанбеи 20-уми май дар ҳудуди деҳоти Ғазантарак дар шоҳроҳи Хуҷанд-Деваштич рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, мошини "Дулан" пас аз садама таркида ва оташ гирифтааст. Сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест. Ронанда ва мусофири ӯ ба бемористони марказии ноҳияи Деваштиҷ интиқол дода шудаанд ва ба иттилои КҲФ, вазъи саломатии онҳо ҳанӯз маълум нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.

Таркиши мошини маводи сӯхт дар Деваштич дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе оташ гирифт. Бар асари ин ҳодиса чанд нафар захмӣ шуда, як ҷавони 21-сола дар бемористон даргузашт.

Ширкати масъули “Северний поток-2“ аз таҳримҳои ИМА озод мешавад

Котиби давлатии ИМА дар гузорише, ки 19-уми май ба Конгресс фиристод, гуфтааст, ки ИМА ширкатеро, ки масъули сохтмони лӯлаи гази “Северний поток-2“ аст, таҳрим намекунад.

Энтони Блинкен гуфт, таҳримҳои иловагӣ бо далелҳои “манфиатҳои миллӣ” ҷорӣ намешаванд. Қабл аз ин субҳи 19-уми май вазири хориҷаи Олмон Ҳейко Маас ба хабарнигорон гуфт, ки гузориши марбут ба таҳримҳо феҳристи чанд муассисаро нашр карда, вале, ба гуфтаи ӯ, ширкати масъули ин тарҳ ва раҳбари куллаш аз таҳрим озод мешаванд.

Тарҳи сохтмони “Северний поток-2“, ки 95 дарсадаш сохта тамом шудааст, мавриди интиқоди шадиди ғарб буд. Ҷейн Шаҳин, узви демократи Сенат гуфт, ки аз ин тасмим ноумед шудааст. Дар як хабаре, ки нашр кард, ӯ гуфт, ки барои гирифтани пеши роҳи сохтмони ин тарҳ бояд ҳама талошҳо ба харҷ дода шаванд. Сенатори ҷумҳурихоҳ Ҷим Риш гуфт, ки озод кардани сохтмони лӯла аз таҳрим “як туҳфа ба Путин” аст. Саҳҳоми аслии ширкати сохтмонӣ ба Газпром марбут аст.

Раиси зиндонҳои Русия: Навалний баъди гуруснанишинӣ камубеш барқарор мешавад”

29-уми апрел, Алексей Навалний аз зиндон тавассути видео дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок мекунад

Раиси хадамоти зиндонҳои Русия гуфт, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалний баъди 24 рӯзи гуруснанишинӣ дар моҳи гузашта “камубеш барқарор шуд”. Навалний, ки барои муоинаи табиби шахсиаш дар зиндон посухи рад гирифт, ба нишони эътироз бо чунин рафтори, ба гуфтааш, махсуси мақомоти зиндонҳо, даст ба гуруснанишинӣ зад. Ӯ гуфт, ки мақомот мехоҳанд ба саломатиаш зарар расонанд. Гуруснанишинии ӯ 23-юми апрел хотима ёфт. Рӯзи 20-уми май оҷонсии ТАСС дар нақли қавл аз Александр Калашников, раисих адамоти федеролии зиндонҳои Русия навишт, ки Навалний “камубеш барқарор шудааст”.

Навалнии 44-сола августи порсол заҳролуд шуд ва муоинаи ӯ аз ҷониби мутахассисони аврупоӣ нишон дод, ки ӯро бо заҳри навъи низомии “Новичок” заҳролуд кардаанд. Баъди бозгашташ аз муолиҷа дар Олмон моҳи январи имсол Алексей Навалний боздошт ва моҳи феврал ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки Навалний муқаррароти ҳабси хонагиро, ки додгоҳи соли 2014 ҳукм карда буд, вайрон кард ва ба ҳамин хотир ба ҳабси воқеӣ гирифта мешавад. Навалний дар заҳролудшавиаш президент Владимир Путинро гунаҳгор кард, вале Кремлин ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст.

Дар ҷараёни як мурофиаи дигари додгоҳӣ, ки Навалний он ҷо тавассути видео иштирок мекунад, хеле лоғар менамуд ва гуфт, ки ба истеъмоли миқдори ками ғизо шурӯъ кардааст.

Наришкин гуфт, аз талошҳои "махфӣ"-и Амрико огаҳ аст

Сергей Наришкин, сардори Хадамоти кашфи хориҷии Русия

Русия изҳорир умедворӣ кардааст, ки ҳампаймонҳои он дар Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) пойгоҳҳои Амрикоро барои баровардани нерӯҳояш аз Афғонистон дар қаламрави худ ҷой нахоҳанд дод. Ин нуктаро сардори Хадамоти кашфи хориҷии Русия Сергей Наришкин рӯзи 19 май дар суҳбат бо Шабакаи аввали телевизиони Русия баён дошт.

“Рушан аст, ки бо тасмими баровардани нерӯҳо аз Афғонистон, ИМА омода нахоҳад буд, назоратро ба ин минтақа аз даст диҳад ва мақсад дорад, ба камияш қисме аз ин нерӯҳоро, ки ҳоло дар Афғонистон дорад, дар кишварҳои ҳамсоя бо он ҷойгир кунад,” гуфт Наришкин ва афзуд, ки дар бораи гуфтушунидҳои пинҳонӣ ва кӯшишҳои роҳ додани нерӯҳои Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маълумот дорад. Вай изҳори умедвории зиёд кард, ки кишварҳои узви СПАД ҳамчун ҳампаймони Русия ба чунин иқдом роҳ нахоҳанд дод.

Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви СПАД буда, Ӯзбекистон солҳо пеш аз узвият дар ин ниҳод даст кашида, ахиран ҳамчун нозир пазируфта шудааст. Дар бораи гуфтушуниди ИМА бо ин кишварҳо маълумоте расонаӣ нашудааст. Танҳо нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони низомии амрикоӣ навишт, ки Иёлоти Муттаҳида интиқоли нерӯҳо ва лавозимоти ҷангиашро аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик баррасӣ мекунад.

Нашрия менависад, интиқоли низомиён, ҷангандаҳои бесарнишин, бомбафканҳо ва таъсиси пойгоҳи низомӣ дар минтақа, ба бовари низомиёни амрикоӣ, имкон медиҳад, баъд аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон аз ҷанги эҳтимолии Толибон пешгирӣ карда шавад.

Иззат Амон аз кори "суст"-и муфаттиш изҳори норозигӣ кардааст

Иззат Амон тақрибан 2 моҳ аст, ки дар Душанбе дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Фарзанди Иззат Амон, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯяд, падараш аз кундии тафтишоти парвандаи ӯ изҳори норозигӣ кардааст.

Муҳаммадюсуф Холов рӯзи 20 май ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз як моҳи боздошт, рӯзи чаҳоршанбе 19-уми май бо падараш ду соат мулоқот кардааст. Вай афзуд, падараш аз кундии ҷараёни тафтишот изҳори норизоятӣ карда ва гуфтааст, “муфаттиши парванда фаъол нест.

Ба қавли Муҳаммадюсуф Холов: “Гуфтанд, ки 6 нафари дигар шикоят кардаанд, ки Иззат Амон аз онҳо барои кумаки ҳуқуқӣ пул гирифтаасту, вале масъаларо то охир анҷом надода, пулро барнагардондааст. Онҳоро бо падарам рӯ ба рӯ накардаанд ва дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ аз тарафи муфаттиш Эраҷ Қувватов бо сабабҳои барои мо номаълум идома намеёбад.” Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари Эраҷ Қувватовро бигирад.

Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон" ва яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷиронро моҳи март дастгир карданд. Ӯро дар Маскав ба "фаъолияти ғайриқонунӣ" ва дар Тоҷикистон ба "қаллобӣ" муттаҳам мекунанд.

Азбаски Иззат Амон пайваста ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, худаш ва ҷонибдоронаш парвандаро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва боздошти ӯро талоше барои муҳри хомушӣ задан ба даҳони дигарандешону мунтақидони ҳукумат мешуморанд.

Вазири Украина ваъда дод, ки ваксинаи бештар ворид мекунад

Виктор Ляшко, вазири нави тандурустии Украина

Верховная Рада ё парлумони Украина номзадии вазири нави тандурустиро тасдиқ кард, ки билофосила ваъда дод ҷараёни эмкунии аҳолӣ бар зидди коронавирусро суръат мебахшад. Виктор Ляшко, ки то ҳол дар мақоми муовини вазири тандурустӣ кор кардааст, вазири нави беҳдошти Украина шуд. Вазири пешин Максим Степанов барои камии шумори воксинаҳо аз кор барканор гардид.

Украина дар миёни кишварҳои аврупоӣ беш аз дигарҳо аз пандемияи коронавирус осеб дид ва барномаи эмкуниаш ҳам бо суръати кунд пеш меравад. То имрӯз камтар аз 1 миллион аҳолии ин кишвари 41-миллоннафарӣ эм карда шудаанд. Дар ҳоле, ки 2,2 миллион нафар ба коронавирус олуда ва 49 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Таркиш дар Ҳилманд ҷони нӯҳ нафарро гирифт

4-уми май, вилояти Ҳилманд. Оилае аз хушунатҳо фирор мекунад

Дар паи таркиши бомбаи сарироҳӣ дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон нӯҳ нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд. Манбаъҳои “Тулӯъ Нюс” гуфтанд, ки дар таркиши 20-уми май инчунин ду кӯдаки дигар маҷрӯҳ шуд. То ҳол ҳеҷ кас ё гурӯҳе масъулияти ин ҳодисаро ба дӯш нагирифтааст. Дар ҳамин ҳол дар вилояти шарқии Лағмон Толибон назорат бар маркази ноҳияро ба дасти худ гирифтанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки ноҳияи дурафтодаи Давлтшоҳи вилояти Лағмон дастикам як моҳи гузашта аз ҷониби Толибон муҳосира шуд ва талошҳои якҳафтаинаи артиши Афғонистон барои кӯмак бо захираву васоил ба нирӯҳои дармондаи ҳукуматӣ дар ин ноҳия натиҷа надодааст. Толибони монеи ин ёриҳо шуданд, вале дар ниҳоят бо миёнҷигиву кӯмаки ришсафедони маҳаллӣ имкони аз ин маҳал берун бурдани аъзои нирӯҳои давлатӣ даст дод. Дар ин ҳодисаҳо ҳеҷ хисороте мушоҳида нашуд.

Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки бо шурӯи хуруҷи нирӯҳои амрикоиву эътилофӣ аз Афғонистон дар таърихи 1-уми май, ҳамлаҳои ҷангиён ҳам дар ноҳияву вилоятҳо афзоиш ёфт. Қарор аст хуруҷи нирӯҳо то 11-уми сентябр идома кунад. Вале нигаронии асосӣ аз он ҷост, ки хуручи нирӯҳо дар шароитест, ки ҳанӯз бо Толибон созиши пурраи сулҳ ба даст наомадааст.

Яке аз раҳбарони Ҳамос эҳтимоли оташбасро дар рӯзҳои наздик пешгӯӣ кард

Кӯдаки фаластинӣ рӯйи бомбаби нотаркидаи ҳавопаймоҳои исроилӣ нишастааст. Шаҳри ғаза, 19 майи соли 2021

Паз аз ёздаҳ рӯзи даргириҳо дар Ғаза, як намояндаи баландпояи Ҳамос ҳадс зад, ки рӯзҳои наздик байни ду тараф оташбас эълон хоҳад шуд. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғаза идома доранд.

Намояндаи Ҳамос Мӯсо Абумарзук ба телевизиони лубнонии «Ал-Маодин» гуфт, ки вай фикр мекунад, ки талошҳои феълӣ барои расидан ба оташбас "дар як ё ду рӯзи оянда" натиҷа хоҳанд дод.

Чанд соат баъд аз ин баёния субҳи 20 май ҳавопаймоҳои исроилӣ беш аз даҳ ҳамлаи ҳавоӣ ба Ғаза анҷом доданд ва фаластиниҳо ҳам мушакҳои бештар андохтанд. Ба ин тартиб амалиёти ҷангӣ ба ёздаҳумин рӯзи худ ворид гашт. Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои он "як анбори силоҳ"-ро дар хонаи як намояндаи Ҳамос дар шаҳри Ғаза ва "зерсохтори низомии воқеъ дар маҳалли маскунӣ"-и фармондеҳони дигари Ҳамос, аз ҷумла дар шаҳраки Хон Юнис дар ҷануби Ғазаро тахриб карданд. Табибон гуфтанд, ки дар ин ҳамлаҳо чаҳор нафар захмӣ шудаанд.

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 19 май ба сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, мунтазири "коҳиши ҷиддии шиддат" аст, аммо Нетаняҳу посух дод, "қатъист, ки ҳамлаи низомиро то" барқарор кардани "оромиш ва амнияти шаҳрвандони Исроил» идома диҳад. Аз оғози даргирии ахир дар Ховари Минёа, ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Фаластин, 228 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Исроил шумораи кушташудагонро дар Исроил 12 нафар мегӯянд.

Аз муҳоҷирони тоҷик хостанд, аз тариқи Белорус ба Русия нараванд

Муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Русия.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки тавассути марзи Белорус ба Русия нараванд. Зеро ин амал убури ғайриқонуни марз аст ва ҷиноят ҳисоб меёбад ва ҷаримаву якумрӣ маҳрум шудан аз ҳаққи вуруд ба Русияро дар пай дорад.

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, айни ҳол тақдири гурӯҳе аз тоҷикон ки рӯзи 17-уми уми май аз Тоҷикистон ба Белорус омаданд ва ба самти марзи Русия ҳаракат кардаанд, маълум нест. Пайвандони баъзе аз онҳо, ки бо Каримҷон Ёров тамос гирифтанд, аз боздошт шудани ин муҳоҷирон дар марзи Русия хабар додаанд.

Як рӯз пештар аз ин ба дасти Радиои Озодӣ наворе расид, ки нишон медиҳад, чӣ гуна даҳҳо муҳоҷири тоҷик тавассути ҷангал аз Белорус ба ҷониби Русия мераванд.

Гаронӣ ва камбуди билети парвози мустақим ба самти Русия боиси он шудааст, ки теъдоде аз зодагони Тоҷикистон барои сафар ба ин кишвар парвозҳои ҳавоии Душанбе Минскро истифода мекунанд ва баъдан бо роҳи заминӣ ба Русия мегузаранд.

Интихоби ин хатсайр ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, барои муҳоҷирони тоҷик дарди сар хоҳад шуд ва ҳатто метавонад онҳоро ба зиндон барад.

Путин дастур дод, санади системаи мушакӣ бо Тоҷикистон омода шавад

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дастур додааст, то мақомоти ин кишвар созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.

Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд. Тибқи он Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии Русия уҳдадор шудаанд, ки бо Тоҷикистон дар ин замина музокира пеш баранд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон лоиҳаи чунин созишномаро бо Русия ҳанӯз моҳи сентябри соли 2020 тасвиб карда буд. Дар лоиҳаи санад гуфта мешавад, ки созишнома бо мақсади беҳбуди самарбахшии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар минтақа барои 5 сол баста мешавад.

Натиҷаҳои интихоботи Бишкекро беэътибор эълон карданд

Яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Бишкек. 11 апрел, 2021.

Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон рӯзи 19-уми май шикояти ҳизби "Эмгек"-ро нисбати Комисияи интихоботии ҳавзаи Бишкек баррасӣ кард.

Дар натиҷа қарори Комисияи интихоботии ҳавзаи Бишкек дар бораи бекор кардани натиҷаҳои интихобот бе тағйир боқӣ гузошта шуд. Комисияи ҳавзаи Бишкек рӯзи 12-уми май натиҷаҳои интихоботи маҳаллиеро бекор кард, ки рӯзи 11-уми апрел баргузор шуда буд.

Барои 45 курсии маҷлиси шаҳрии Бишкек 1820 номзад аз 25 ҳизб мубориза мебурданд. Дар натиҷаи шумориши овозҳо танҳо 6 ҳизб вориди порлумон шуданд. Баъдтар Комисияи интихоботии ҳавзаи Бишкек бо бекор кардани раъйи бархе аз ҳизбҳо натиҷаҳои интихоботро комилан бекор кард.

Дар Эрон падару модараш коргардони 47-соларо куштаанд

Бобак Хуррамдин, коргардони эронӣ.

Дар Эрон падару модари коргардони 47-сола Бобаки Хуррамдин эътироф карданд, ки фарзандашонро куштаанд.

Ҷасади пора-порашудаи коргардонро рӯзи якшнабе дар шаҳри Теҳрон пайдо карданд. Падару модари вай эътироф карданд, ки писарашонро барои зиндагии "бадахлоқона" ва саркашӣ аз издивоҷ куштаанд, хабар медиҳад бахши эронии Радиои Озодӣ.

Мақомоти он кишвар падару модарро боздошт кардаанд. Падари Бобак гуфтааст, аз кардааш пушаймон нест.

Бобаки Хуррамдин соли 2009 Донишгоҳи коргардонии Теҳронро хатм ва чанд соле дар шаҳри Лондони Англия зиндагӣ ихтиёр кард. Вай дар Англия чанд филм таҳия кард ва дубора ба Эрон баргашт. Муҳаммад Шаҳриёр, як мақоми додгоҳии Теҳрон хабар дод, падари Бобак гуфтааст, ки ба писараш доруи хобовар дода, баъдан бо корд ӯро куштааст.

Нашрияи "Ҳамшаҳрӣ" аз изҳороти падари Хуррамдин иқтибос овардааст: "Вай ба ҳарфи мо гӯш намедод, обруи мо дар хатар буд. Ҳар рӯз духтарони ҷавонро бо баҳонаи омӯзиш ба хона меовард. Вақте мо эътироз мекардем, моро таҳқир мекард. Ману ҳамсарамро латту кӯб мекард. Ман интихоби дигар надоштам".

Вазири Лубнон пас аз изҳорот дар бораи кишварҳои арабӣ истеъфо дод

Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Лубнон пас аз изҳороти ҷанҷолӣ алайҳи кишварҳои араби Халиҷи Форс ва вокуниши сахти ин кишварҳо, аз мақоми худ истеъфо дод. Шарбил Веҳбе, рузи душанбе дар мусоҳибае бо телевизиони "Ал-Ҳурра" гуфта буд, ки гурӯҳи ДОИШ бо ҳимояти бархе аз кишварҳои арабии Халиҷи Форс шакл гирифт ва ин гурӯҳро дар Ироқу Сурия ҷобаҷо карданд.

Ин изҳорот бо вокунишҳои Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт рӯбарӯ шуд ва ин кишварҳо сафирони Лубнонро ба вазоратҳои хориҷаи худ даъват карданд. Оқои Ваҳба рӯзи чаҳоршанбеи 19-уми май аз мақомаш истеъфо дод.

Ӯ дар ин мусоҳиба ҳамчунин дар посух ба суол дар бораи интиқоди кишварҳои арабӣ Халиҷи Форс аз раиси ҷумҳури Лубнон гуфта буд, ӯ наметавонад "тавҳини бодинишинҳо"-ро қабул кунад. Ин мақоми лубнонӣ ба хотири истифода аз лафзи "бодинишин" барои кишварҳои араби Халиҷи Форс низ муттаҳам ба "нажодпарастӣ" шуда буд.

Дар ҳафтаҳои гузашта робитаҳои Арабистони Саудӣ бо Лубнон ба таниш рубару шудааст. Арабистон охирҳои моҳи гузашта эълон кард, ки бинобар афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба ин кишвар, воридоти мева ва сабзиҷотро аз Лубнон манъ мекунад.

Ҳукумати Лубнон тобистони соли гузашта пас аз таркиш дар бандари Бейрун ва ҳалокати 211 нафар, истеъфо дод, аммо ҳануз ҳам бинобар ихтилофҳои сиёсӣ, ҳукумати нав ташкил нашудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ ду қазоқистониро маҳбусони сиёсӣ номиданд

Эътироз бо талаби раҳоии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ ду каси дигар - фаъолон Нурбол Онерхан ва Жанибек Жунусовро шомили рӯйхати маҳбусони сиёсӣ карданд.

Нурбол Онерхан - сокини деҳаи Бирлики вилояти Қазоқистони Шимолӣ дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат варзида, бо айби ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуд. Тирамоҳи соли гузашта додгоҳ ӯро бо айби иштирок дар созмони мамнуъ як сол зиндонӣ кард.

Жанибек Жунусов аз моҳи феврали соли 2021 дар боздошт аст. Жунусов низ дар иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ айбдор мешавад.

Рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистон соли 2013 ташкил шудааст. То ин замон даҳҳо тан шомили ин рӯйхат шудааст.

Мақомоти Қазоқистон мавҷудияти маҳбусони сиёсиро рад мекунанд.

Лавров созиши Тоҷикистону Қирғизистонро ситоиш кард. ВИДЕО

Сергей Лавров. Шаҳри Душанбе, 19-уми майи 2021

Вазири корҳои хориҷии Русия аз созиши Тоҷикистону Қирғизистон барои хатми задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марз ситоиш кард. Сергей Лавров рӯзи 19-уми май, пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, дар Душанбе гуфт:

"Мо дар бораи намунаи мусбати аз низоъ ба ҳамкорӣ гузаштан гуфтем, ки Тоҷикистону Қирғизистон нишон медиҳанд. Бисёр шодем, ки даргирӣ гузашт ва кишварҳо ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти марз шуруъ карданд. Фикр мекунам, ин намунаи беҳтарин барои тамоми қаламрави пасошӯравӣ аст, ки бо сабабҳои маълум хатти марзҳо дуруст кашида нашудааст ва имрӯз бояд ҷоннок карда шавад."

Наворро дар ин ҷо бинед:

Вазирони тоҷику рус дар бораи муҳоҷирон ва марз чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел рӯй дод. Ду кишвар 970 километр сарҳад доранд ва аз ин ҳисоб зиёда аз 400 километраш муайяну нишонагузорӣ нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷанҷоли ахири марзӣ 19 кас кушта ва 87 кас захмӣ шуд. Ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳодиса 154 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 кас, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд.

Бишкеку Душанбе якдигарро ба оғози ҳамлаи мусаллаҳона муттаҳам ва ба таври ҷудогона ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Русия рӯзи 30-юми апрел эълон кард, ки омодааст, барои ҳалли масъалаҳои баҳсноки марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз роҳи сиёсиву дипломатӣ мусоидат кунад. Дертар ин мавзуъ дар мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русия рӯзи 8-уми май дар Маскав баррасӣ шуд. Қарор аст, раиси ҷумҳури Русия ва президенти Қирғизистон 24-уми май дар Сочи гуфтугӯ кунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG