Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO хост, ки фурӯши ҷонварони ваҳшии ширхорро дар бозорҳои ҷаҳон манъ кунанд


Бозори ҷонварони ваҳшӣ дар шаҳри Вуҳони Чин. Акс аз бойгонӣ
Бозори ҷонварони ваҳшӣ дар шаҳри Вуҳони Чин. Акс аз бойгонӣ

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (WHO) рӯзи 13-уми апрел аз кишварҳои ҷаҳон хост, фурӯши ҷонварони ваҳшии ширхорро дар бозорҳо манъ кунанд, то пеши роҳи хуруҷи бемориҳои нав гирифта шавад.

Ба гуфтаи масъулони созмон, ҳарчанд бозорҳои фурӯши ҷонварони зинда, аз ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ, барои таъмини хӯрокворӣ ва некӯаҳволии мардуми зиёде нақши муҳим доранд, вале манъи фурӯши ширхорони зинда барои муҳофизати ҳам фурӯшандагон ва ҳам харидорони онҳо бисёр муҳим аст.

Ҳайвонот, бахусус ҳайвоноти ваҳшӣ манбаи бештар аз 70 дар сади бемориҳои сироятӣ дар инсонҳо ҳастанд, ки аксарияташон вирусҳои нав бармеангезанд.

Ба гуфтаи созмон, аввалин гирифторони COVID-19 дар бозори ҷонварфурӯшии шаҳри Вуҳони Чин ва аксарият дӯкондорон, кормандони бозор ва ё харидорони доимии ин бозор будаанд.

Даъват ба қатъи фурӯши ширхорони зинда дар бозорҳо дар раҳнамои муваққатие омадааст, ки Созмони Ҷаҳонии Сиҳатии Ҳайвонот ва Барномаи Ҳифзи Муҳити Зист дар Созмони Милал таҳия кардаанд.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бо такя ба ин раҳнамо гуфт: “Раҳнамо аз кишварҳо мехоҳад, ки ба ҳайси як чораи изтирорӣ фурӯши тамоми ҷонварони зиндаи ширхорро дар бозорҳо манъ кунанд.”

Дар баёнияи созмон омадааст: “Ҳайвонот, бахусус ҳайвоноти ваҳшӣ манбаи бештар аз 70 дар сади бемориҳои сироятӣ дар инсонҳо ҳастанд, ки аксарияташон вирусҳои нав бармеангезанд. Бахусус ширхорони ваҳшӣ хатари хуруҷи бемориҳои нав ҳастанд.”

Дар раҳнамои ду созмони ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, “бозорҳои анъанавӣ, ки дар онҳо ҷонварони зиндаро нигаҳ медоранд, забҳ мекунанд, ё ром месозанд, ҷойи бемориҳои хатарнок барои ҳам кормандон ва ҳам харидоронаш ҳастанд.”

Дар ин раҳнамо ҳамчунин аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон хостаанд, он қисматҳои бозорҳои муқаррариро бубанданд, ки дар онҳо ҷонварони зиндаро мефурӯшанд.

Мутахассисон мегӯянд, коронавируси нав ба эҳтимоли ғолиб дар бозори бузурги ҷонварфурӯшии шаҳри Вуҳон ба инсон сироят кардааст. Ба ақидаи онҳо, ин вирус, ки аз моҳи декабр то кунун беш 2.9 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон кушт, шояд аз кӯршабпарак ба ҳайвони дигар ва сипас ба инсон сироят карда бошад.

Дар Чин, теъдоди дигаре аз кишварҳои осиёӣ ва Африқо фурӯши ҷонварони ваҳшии ширхор васеъ ба чашм мехӯрад.

Дар Тоҷикистон бозори фурӯши чорвои хонагӣ вуҷуд дорад, ки дар ҳар гӯшаҳои кишвар дида мешавад ва дар онҳо гову гӯсфанду буз ва асп мефурӯшанд. Ҳарчанд истеъмоли гӯшти ҷонварони дигари ваҳшӣ роиҷ нест, вале мардум аҳёнан бо ин бовар, ки аз беморие шифо меёбанд, гӯшти суғур, ҷайра ва дигар ҷонваронро мехӯранд.

XS
SM
MD
LG