Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бемории "номаълум" боис ба фавти даҳҳо сар чорво дар Ҳисор шудааст. ВИДЕО


Дар чанд деҳаи дараи Алмосии Ҳисор даҳҳо сар чорвои мардум гирифтори бемории номаълуме шуда, баъзе аз онҳо талаф шудаанд. Сокинон мегӯянд, таби говҳо якбора баланд ва дар баданашон захмҳо пайдо мегардад. Мақомоти беҳдории Ҳисор муваққатан чарондани говҳоро дар берун манъ кардаанд ва мунтазири натиҷаи ташхис ҳастанд.

Сокинон мегӯянд, бемории номаълум дар ду ҳафтаи ахир танҳо дар деҳаи Тутакии Ҳисор ба камияш даҳ говро куштааст. Ҷасади ҳайвонҳоро ба хотири эҳтиёт зери хок карданд.

Маҳмадшариф Холов, сокини деҳаи Тутакии Ҳисор, рӯзи 19-уми июн гуфт, дар солҳои пеш низ беморие дар ин вақти сол дунболгири ҷонварон мешуд, аммо фавти пайиҳами чорво, бахусус гӯсолаҳоро бори аввал мебинад: "Аввал дар бадану даҳони говҳо захмҳое пайдо шуда, табашон аз 40 дараҷа бештар мешавад. Онҳо дигар хӯрок намехӯранд, аз иштиҳо мемонанд ва ногаҳон мефавтанд. Як гӯсолаи мо ба ҳамин шакл фавтид ва бурда дар паси теппа дафн кардем."

Маҳмадшариф Холов
Маҳмадшариф Холов

Ин сокини Ҳисор афзуд, ду гӯсолаи дигараш низ бемор шуд, вале байторҳо аз маркази ноҳия омада, барои табобат дору додаанд.

Ҳоҷибибӣ Каримова, сокини дигари деҳаи Тутакии Ҳисор мегӯяд, ин беморӣ дар деҳаи ҳамсоя низ тақрибан понздаҳ говро куштааст ва онҳо аз эҳтимоли аз даст додани чорвояшон нигаронанд. "Дар вазъияти ҳозира, ки бештаре аз мардум кори доимӣ надоранд, талафи ҳар гов барои оилаҳо зиёни бузург аст. Як говро аллакай аз даст додем ва ба хотири ҳифзи ҷони ду гӯсолаи дигар онҳоро ба теппаҳо намебарем", - гуфт ӯ.

Ҳангоми боздид аз деҳоти дараи Алмосӣ дар роҳи мошингард ва теппаҳои атроф гаштугузори чорво мушоҳида нашуд.

Мардум гуфтанд, бо тавсияи байторон молу чорворо барои муддати муайян дар хона нигоҳ медоранд. Тасмими ба саҳро ва чарогоҳ набурдани чорво ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши ин бемории номаълум будааст.

Бемории номаълуми чорво дар ноҳияи Ҳисор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Абдуллоҳ Камолов, сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар Ҳисор, рӯзи 19-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, хабари аввалини гирифтории чорво ба бемории номаълум як моҳ қабл аз ҷамоати деҳоти Навобод ба онҳо расида буд. Дар мувофиқа бо мутахассисон аз шаҳри Душанбе тасмим шудааст, то муайян кардани навъи беморӣ чаронидани чорвои хонагӣ манъ карда шавад.

Абдуллоҳ Камолов
Абдуллоҳ Камолов

"Ин аз ноилоҷӣ аст, то аз паҳншавии беморӣ пешгирӣ шавад. Таҳқиқоти пешакӣ нишон дод, ки ин бемории суму даҳони ҷонварон ё оқсил аст, вале то ҳол дар ҷаҳон 360 навъи ин беморӣ ошкор шудааст. Дар гузашта дар Тоҷикистон чорво бештар ба навъи А ва О гирифтор мешуд, ки фавташонро ба дунбол надошт", - шарҳ дод ӯ.

Абдуллоҳ Камолов гуфт, намунаи ҷонварони фавтидаро барои ташхис ба Пажӯҳишгоҳи эпидемиологии Академияи кишоварзии Тоҷикистон фиристоданд ва натиҷаҳои онро мунтазиранд: "Танҳо баъд аз муайян шудани навъи беморӣ роҳҳои табобат ва карантини чорво рӯи даст гирифта мешавад."

Дар посух ба ин суол, ки чаро аз ин беморӣ бештар чорвои то яксола мефавтанд, на говҳои бузургсол, Абдуллоҳ Камолов гуфт, "ҷонварони калонтар чанд дафъа моякӯбӣ шудаанд ва ҷисми онҳо ба бемориҳои сироятӣ тобовар аст, аммо гӯсолаҳо камтар эм карда шудаанд ва бемориҳои нави сироятӣ барояшон марговар мебошад".

Ба гуфтаи байторон, ҳоло, ки натиҷаи ташхис муайян нест, эмкунии сартосарии чорво дар ин минтақа номумкин аст.

Дар солҳои гузашта дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон мавридҳои гирифтории чорвои хонагӣ ба сумдард ва сӯхтанӣ – як маризии хатарнок ба қайд гирифта шудааст. Мақомот мегӯянд, солҳои ахир бисёре аз сокинон бо умеди сарфаи пул ба гову гӯсфандони худ воксин намезананд ва онҳоро дар баробари хатари бемориҳои сироятӣ осебпазир мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG