Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохта Қиёмиддин Чақалов даргузашт


Қиёмиддин Чақалов дар саҳнаи театр. Акс аз бойгонӣ.
Қиёмиддин Чақалов дар саҳнаи театр. Акс аз бойгонӣ.

Қиёмиддин Чақалов, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, даргузашт. Дар ин бора ҳамкорони ӯ субҳи 14-уми апрел хабар доданд.

Ҳунарманди шинохта 76 сол дошт ва солҳои дароз дар Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ кор мекард. Сабаби марги ӯ дақиқ нест.

Қиёмиддин Чақалов соли 1945 дар деҳаи Ҳуванди ноҳияи Файзобод ба дунё омада, факултаи актёрии Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ҳунарманди шинохта чанд сол пеш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, дар театр тақрибан 50 нақш офаридааст ва қариб ҳамаашон мазҳакавӣ буданд.

Ҳунарманди шинохта дар он суҳбат гуфта буд, "дар ҷомеаи Тоҷикистон баъзан байни обу оташ мемонӣ, намедонӣ, ки кадом гапро бизанӣ ва аз кадомаш худдорӣ кунӣ."

XS
SM
MD
LG