Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, даргузашт


Домулло Ҳикматулло

Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, ки итоат аз подшоҳро "воҷиб" ва ҷанги Сурияро "фитна" дониста буд, рӯзи 13-уми апрел дар 80-солагӣ даргузашт. Яке аз наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "ӯ чанд вақти охир бемор буд".

Домулло Ҳикматуллоро, ки "аз бузургтарин ва яке аз охирин намояндагони мактаби таърихии тасаввуфу тақво дар тамоми минтақа" меноманд, дар Рашт мезист. Интизор меравад, маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи чаҳоршанбе дар деҳаи Ғилмони ноҳияи Тоҷикобод баргузор шавад. Мақомот ва наздиконаш дар ин бора ҳанӯз иттилое надодаанд.

Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди тоҷик, дар паёме ба Радиои Озодӣ, Домулло Тоҷикободиро "яке аз муҳимтарин меҳварҳои исломи суннатӣ дар кишвар" ва "шахсияти сатҳу аҳаммияти умумимиллӣ" номид.

Ӯ гуфт: "Бо рафтани ин рӯҳонии бузургвор бе гумон як қутби маънавии ҷомеа кам шуд, як ҷабҳаи истодагарии милливу мазҳабӣ рафт. Муҳити динӣ ва маънавии мо як ҳавзаи дигар холитар гашт, амнияти эътиқодии мардум як дараҷаи дигар осебпазиртар шуд. Будани эшон дар замони фитнаҳои фикрию динӣ яке аз рамзҳои суннату асолату устуворӣ буд. Барои мазҳаб, барои миллат ва ҳатто барои давлат."

Домулло Ҳикматулло, рӯҳонии суннатгаро, ҳамвора аз ҳукумати кунунӣ дар Тоҷикистон пуштибонӣ карда, ҳафт сол пеш аз мардум хоста буд, дар охири ҳар намоз дар ҳаққи раиси ҷумҳурӣ дуо кунанд.

Вай дар як суҳбаташ дар Маркази исломии Тоҷикистон дар соли 2014 итоат аз сарварон, бахусус "итоат ба подшоҳ"-ро воҷиб донист. "Амри итоат намудан ба подшоҳ... дар чандин аҳодис зикр гардидааст. Инчунин, дар ақидаи аҳли мазҳаби ҳанафӣ итоат намудан ба подшоҳ амри воҷиб мебошад", -- гуфта буд ӯ. Ҳарчанд гуруҳе дигар аз рӯҳониён бо чунин андеша мувофиқ нестанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, низ дар чанд сафараш ба водии Рашт бо Домулло Тоҷикободӣ мулоқот кардааст ва тасвири суҳбатҳои онҳо дар бойгонӣ маҳфуз аст.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Номи ин рӯҳонии тоҷик дар мавриди ҷанг дар Сурия низ дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буд. Домулло Ҳикматулло моҳи январи соли 2015 ҷанги Сурияро "фитна" номид ва гуфт, ширкат дар ин "фитна" барои мусалмонон, аз ҷумла барои ҷавонони тоҷик, раво нест.

Домулло Ҳикматулло дар гузашта узви фаъоли Шӯрои уламои Маркази исломӣ буд. Соли 2004 намозгузории занонро дар масоҷиди Тоҷикистон макрӯҳ эълом карданд. Мудири онвақтаи бахши фатво гуфта буд, "Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ макрӯҳияти намозгузории занонро дар масоҷид бо далоили қотеъ собит кард ва мунтаҳо ҳамаи аъзои Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон аз ҳамин мавқеъ пуштибонӣ карданд."

Ҷонибдоронаш ҳамеша изҳороту машваратҳои ӯро муҳиму бамаврид хондаанд, вале мухолифонаш пайваста барои сукут дар баробари, ба гуфтаи онҳо, маҳдудияти озодҳои динӣ танқид кардаанд.

Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ таълими ибтидоии диниро дар замони Шӯравии собиқ ва дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ ва Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифта, сипас, дар мактаби Мавлавии Ҳиндустонӣ таҳсил кардааст.

Худи ӯ дар пешсухани китобе гуфтааст, "соли 1941 дар деҳаи Ғилмони вилояти Қаротегин ва дар хонаводаи деҳқон" таваллуд шудааст: "Ба таърихи 1952 ба вилояти Қӯрғонтеппа ҳиҷрат овардем. Ин ҷо уламои шаръ бисёр буданд. Бародаркалони мо Неъматуллоҳ... моро ба хондани улуми дин ва арабӣ таъкид карданд... Билохира, бар ҳузури пуранвори ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Хӯқандӣ расидам ва бақияи улумро он ҷо ба камол расондам..."

Шарҳҳоро бинед (21)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG