Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи Тӯраҷонзода роҷеъ ба "ҳалқаҳои зикр"


Ин матлаб аз номи рӯҳонии саршинос Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода унвонии Радиои Озодӣ фиристода шуда, баҳсеро идома медиҳад, чанде пеш оғоз ёфта буд.

Баҳси ҳастии маҳфилҳои орифона дар Тоҷикистон, намояндагони он ва нақши пирони тариқат дар ин кишвар бо мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?" рӯзи 8-уми феврали соли равон дар торнамои Радиои Озодӣ сар шуда буд. Даҳҳо нафар аз хонандагон ба ин мақола шарҳ навиштанд ва ду нафари онҳо наворҳои видеоро, ки гуфта мешавад, ба ҳалқаҳои тасаввуфии Тоҷикистон рабт доранд, ба мо фиристоданд. Он гоҳ баҳс дар матлабе бо номи "Ҷавоб ба мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?" идома пайдо кард. Ва акнун рӯҳонии саршиноси тоҷик, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар масъалаҳои мазкур изҳори назар намуд. Дар поёни номаи ӯ ҳарду навори видеоро метавонед, бубинед.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Мақола ва 70 вокуниши хонандагонро бо диққат мутолиа кардам ва ҳамчунин харду наворро дидам, ба хулосае омадам ки ягон нафар донандаи улуми Исломӣ, хусусан аҳли сунна вал ҷамоат ба сайти Озодӣ дохил намешаванд. Ман низ аз ҷумлаи онҳое ҳастам ки ба сайти Озодӣ дохил намешавам. Дар инҷо фақат салафиҳою атеистҳо ҷавлон кардаанд. Салафиҳо ва атеистҳо!

Агар шумо аз торихи Исломи азиз бохабар бошед, дар ҳама манотиқ равияи сӯфиҳо бо таври ниҳоят густардае фаъолият мекарданд. Ҳам дар шимоли Африқо, Халиҷи Форс, Ҳиҷоз, Қафқоз, Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон ва Покистону Бангладеш вуҷуди густарда доштанд. Мардумро ба роҳи рост ва покии нафс ҳидоят мекарданд. Фазкуруллоҳа зикран касиро -- Худованди Бузургро ниҳоят зиёд зикр намоед, беадад. Бо панҷ вақт намозро хонда, ҷимакак гаштан кор буд намешавад. Худои Бузург аз бандаҳояш ихлос, муҳаббат, садоқат... мехоҳад. Хулоса, аз асри 9-10 сар карда тасаввуф паҳн шуд.

Ҳазрати Мавлонои Рум дар ҳалқаи зикрашон рақсу садои мусиқӣ, хусусан найро иҷоза дода буданд. Ҳазрати Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Шайх Баҳоуддини Нақшбандӣ, ҳазрати Саид Қаландаршо бо тахаллуси Ҷунунӣ, ҳазрати Мавлоно ва ҳазрати Амирҷон ҳама пирони тариқат буданд. 25-30 сол пештар ҳазрати Эшони Тӯраҷон, ҳазрати Эшони Абдурраҳмонҷон ва Эшони Шайх дар Ҳисор аз пирони тариқат буданд ва ҳалқаҳои зикр доштанд.

Навори аввал ҳалкаи зикр нест. Салафиҳо монтаж кардаанд. Агар чунин набошад чаро расми пирашонро нишон надодаанд? Ҳалкаи дуввум ҳалкаи зикри Эшони Халилҷон мебошад. Ҳеч мухолифате ба Ислом ва фиқҳи Исломӣ надорад. Илова ба ин эшон, эшони Абдулвоҷид дар Қалъаи Нави Файзобод, Домулло Ҳикматулло дар ноҳияи Тоҷикобод низ ҳалқаҳои зикр доранд, вале бо равияи Нақшбандия. Эшони Халил дар равияи Қодирия мебошанд. Ҳарду равия ҳақ ҳаст ва касе ба ҷуз аз салафиҳо инро инкор намекунад. Саҳобаҳое аз аҳли суфа дар масҷиди Пайғамбари Худо ҳамеша ҳалқаи зикр доштанд.

Касоне, ки моро ба асри 21 тазаккур медиҳед ва ин корҳоро як амали зишт меҳисобед, паёми ман ин аст: дар Тоҷикистон 4000 масҷид ҳаст ва аз ин 400-тояш ҷомеъ. Агар ҳар масҷиди ҷомеъ ҳазор намозгузор дошта бошад, ҷамъ 400 ҳазор намозхон дорем. 3600 масҷиди панҷвақта 50 -100 намозхон дорад, ки 90 фоизашон рӯзҳои ҷумъа ба масҷидҳои ҷумъа мераванд. Мемонад 10 фоизаш яъне 10 х 3600 = 36 ҳазор. Ҷамъи ҳамаи намозхонҳои Тоҷикистон 436 ҳазор нафар мебошад, яъне камтар аз панҷ фоизи аҳолии Тоҷикистон.

Дар ҳалқаҳои зикр бошад, шояд ҳамагӣ ҳазор нафар иштирок мекунад ё не?, Худо медонад. Аз ин рӯ шумо, ҷанобони атеист изҳори ташвиш накунед. Ҳафтуним миллион мардум дар роҳи ихтиёри шумо ҳастанд, аз ҳамонҳо косманавту олим, духтуру муҳандис, раққосу хонанда тайёр карда, мамлакатро ривоҷ диҳед. Чаро ривоҷ намедиҳед? Кӣ халал мерасонад? Кӣ пеши роҳатонро гирифтааст?

Аввал ба меҳнату азоб хонда, дипломгирифтаҳоро бо кор таъмин кунед, то дигар ҷавонҳо шерак шаванд. Донишҷӯйҳои имрӯзаро 80 фоизаш барои аз хидмати аскарӣ халос шудан ва ё бо фишори падаронашон мехонанд. Зеро медонанд, ки баъди тамом кардан боз Русия мардикорӣ...... Хулоса, камбудии худатонро ёбед ва ислоҳ кунед, кишвар тараққӣ мекунад.

Шайхҳое, ки номашон зикр шуд, аз онҳо натарсед, зеро ҳарсеяшон дуoгӯйҳои "Ҷаноб" ҳастанд ва ҳамеша дар ҳаққаш дуои хайр мекунанд ва "ифтихори" ҳамнишинӣ ҳам доранд. Касе пурсид, ки чаро Эшони Нуриддин ва Ҳоҷӣ Акбарро зикр накардӣ? Ба хидмататон мерасонем, ки мо ҳалқаҳои амри маъруф ва наҳйи мункар дорем, вале даъвои пири тариқатӣ надорем. Агарчи ҳазрати Қиблагоҳамон ба Эшони Нуриддин, бардарамон, фотиҳа додаанд. Радиои Озоди, комменти хеле дароз шуд, агар одамгарӣ дошта бошед, заҳмати бандаро ба назар гирифта, ба ҳайси як мақолаи алоҳида нашр намоед. Вассалому ало маниттабаъал Худо. Зинда бошед!

Видеои аввал:
Ҷавоб ба мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00
XS
SM
MD
LG