Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 ҳазор довталаби тоҷики таҳсил дар мактабҳои Русия


Донишҷӯёни тоҷик
Донишҷӯёни тоҷик

Дар Тоҷикистон давраи навбатии интихоби довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба поён расид. Тибқи иттилои Маркази илм ва фарҳанги Русия дар Хуҷанд, имсол беш аз 5000 хатмкунандагони мактабҳои миёна, литсей ва гимназияҳои панҷ шаҳри Тоҷикистон - Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ дар озмун иштирок кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти рус, Тоҷикистон аз рӯи талабгорони таҳсил дар макотиби олии Русия дар миёни дигар кишварҳо ҷойи аввалро ишғол мекунад ва соли ҷорӣ шумораи довталабон аз 15 то 20 фоийз афзудааст. Ҳамасола Русия барои қабули ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳояш 630 ҷой ҷудо мекунад.

XS
SM
MD
LG