Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват аз ҳукумат: сарбозшикор ва ё облава  хотима дода шавад!


Сарбози нав бо модараш хайрухуш мекунад. Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз ҷалби маҷбурӣ ва ҳатто сарбозшикор дар кӯчаҳо зиёд мешавад
Сарбози нав бо модараш хайрухуш мекунад. Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз ҷалби маҷбурӣ ва ҳатто сарбозшикор дар кӯчаҳо зиёд мешавад

Гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ташаббуси рӯзноманигор Раҷаби Мирзо аз ҳукумати кишвар хостанд, ки ба сарбозшикор ва ё облава хотима дода шавад. Дар зери ин номаи саркушода дар шабакаи Фейсбук садҳҳо нафар имзо гузоштаву мубтакирон гуфтанд, онро ба сомонаи президент Эмомалӣ Раҳмон ирсол мекунанд. Дар ин мактуб, ки ба раисҷумҳури Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе нигаронида шудааст, омадааст, “бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад, имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад”. Муаллифон мегӯянд, “махсусан имсол, ки аз маъракаи даъвати ҷавонон ҳамагӣ чанд рӯз мегузарад, шабакаҳои иҷтимоӣ аз навору аксҳое пур шудаанд, ки бо усули ваҳшатнок ҷавононро боздошт ва ба хизмат мебаранд”. Дар мактуб пешниҳод шудааст, ки аз ҳисоби мақомоти ҳукумат, масъулини Вазорати мудофиа, прокуратура, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон комиссияи хос таъсис дода шавад ва роҳҳои бартараф намудани мушкили мазкур пайдо гардад.

XS
SM
MD
LG