Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад


Нахустин сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе 9 марти соли 2018 сурат гирифт ва оғози давраи нави ҳамкориҳои миёни Узбекистон ва Тоҷикистон дониста шуд
Нахустин сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе 9 марти соли 2018 сурат гирифт ва оғози давраи нави ҳамкориҳои миёни Узбекистон ва Тоҷикистон дониста шуд

Президенти Узбекистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Хабаргузории «Азия-Плюс» аз қавли манбааш дар ҳукумати кишвар менависад, ки сафари Шавкат Мирзиёев бо даъвати Эмомаль Раҳмон, аз 10 то 12 -уми июн дар назар гирифта шудааст. Ба ҳамин тартиб дар давраи раёсатҷумҳурияш ин бори чаҳорум мешавад, ки президенти Узбекистон аз Тоҷикистон дидан мекунад. Интизор меравад, раҳбарони ду кишвар дурнамои ҳамкориҳои тарафайнро дар ҳама бахшҳо баррасӣ намоянд. Ҳамчунин қарор аст, миёни Душанбе ва Тошканд созишномаҳои нав марбут ба соҳаи нақлиёту энергетика, кишворазӣ ва илму фарҳанг ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG