Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори Чин гуфт, ваксинаи сохтаи онҳо "фоидаи камтар дорад". ВИДЕО


Як мансабдори баландпояи соҳаи тандурустӣ дар Чин эътироф кард, ки ваксинаҳои сохтаи ин кишвар "фоидаи камтар доранд" ва ҳукумат дар андешаи тақвият додани нерӯи ваксинаи зидди COVID-19 мебошад.

Гао Фу, раиси Маркази назорати бемориҳо дар Чин, рӯзи 10-уми апрел гуфт, “Чин дар андешаи ҳалли ин масъала аст, ки чӣ гуна мешавад таъсири ваксинаҳои зидди коронавируси истеҳсолшуда дар кишварро боло барад”.

Ӯ афзуд, "як стратегия ин тағйири шумори дозаҳои ваксина ва фурсати байни эмкуниҳост". Гао Фу, инчунин, тахмин зад, ки шояд барои ваксинаҳои навъи нав аз mRNA, ки дар эҷоди Moderna ва Pfizer-BioNTech истифода шудааст, кор баранд.

“Мо бояд боэҳтиёт онро пайгирӣ кунем ва нодида нагирем, чунки то ба ҳол чанд намуд ваксина дар ихтиёр дорем”, -- илова кард ӯ.

mRNA як навъ молекулае аст, ки барои эҷоди ваксинаи зидди коронавирус ба кор меравад. Ин молекула баробари ворид шудан ба организм сафедае ҳосил мекунад, ки барои эҷоди антиген дар хуни инсон мусоидат мекунад. Антиген барои сироят наёфтани беморӣ ба одам ёрӣ медиҳад.

Дар Чин то ба ҳол ҳангоми эҷоди ваксина аз ин гуна усул истифода намекарданд ва бо роҳҳои суннатии истеҳсоли ваксина пеш мерафтанд. Қаблан Гао Фу, зоҳиран мутобиқ бо таблиғоти давлатӣ, ба зидди истифодаи mRNA дар тавлиди ваксина баромад карда буд.

Бори аввал аст, ки як мақоми чинӣ ба таври ошкор дар бораи таъсири ками ваксинаҳои сохти ин кишвар ба зидди COVID-19 суҳбат мекунад. Изҳороти мақомдори соҳаи беҳдоштии Чин зуд сензура шуд ва бо он сабаб ҳам бо таъхир ба шабакаҳои иҷтимоиву матбуоти берунӣ роҳ ёфт.

Нашрияи давлатии Global Times рӯзи 11-уми апрел бо чопи матлабе гуфт, изҳори назари Гао дар бораи фоидабахшии ваксина “комилан нодуруст” шарҳ дода шуданд.

Чин бо чанд кишвар созишномаҳои калоне имзо кардааст, ки бар асоси он бояд ба ин давлатҳо ваксинаҳои худро фиристад. Дар миёни ин кишварҳо, аз ҷумла Мексика, Индонезия, Туркия, Венгрия, Сербия, Бразилия ва Чили ҳастанд.

Дар Чин тахминан 35 миллион нафар 2-воягӣ (доза) ваксинаҳоро қабул карда, 65 миллион нафар 1-воягӣ гирифтаанд. Дар Чин ҳанӯз ҳеч ваксинаи хориҷӣ иҷозаи истифода дарёфт накардааст.

Ваксинаи чинии Sinovac, ки фоиданокии он дар Бразилия санҷида шудааст, танҳо 50,4 дарсад қобили муқовимат ба бемориҳои уфуниро нишон додааст. Дар як таҳқиқоти Донишгоҳи Чили маълум шудааст, баъд аз гирифтани ду воя ваксинаи Sinovac дар давоми ду ҳафта дар 54 дарсади ҳолатҳо инсон дар муқобили коронавирус муқовиматпазир мешавад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳам фоидабахшии ин ваксинаро 50 дарсад ҳисоб кардааст. Баръакси ин, ваксинаҳои Moderna ва Pfizer-BioNTech 95 дарсад таъсирбахш будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки барои гирифтани ваксина бо Русияву Чин музокирот доранд.

Ваксинзанӣ дар Тоҷикистон. Навор аз бойгонии Озодӣ:

Даҳҳо ҳазор нафарро дар Тоҷикистон ваксина мезананд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

XS
SM
MD
LG