Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар интизори ваксинаи Чину Русия. Беш аз 13 ҳазор кас ваксинаи AstraZeneca гирифтаанд. ВИДЕО


Тоҷикистон 2 ҳафта қабл ба эмгузаронӣ зидди КОВИД-19 оғоз кард.
Тоҷикистон 2 ҳафта қабл ба эмгузаронӣ зидди КОВИД-19 оғоз кард.

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, то ҳол аз истифодаи ваксинаи "Астразенека" дар кишвар касе бо аворизи бад рӯбарӯ нашудааст. Мутахассисони бахши тандурустӣ мегӯянд, ки дар шароити набудани имкони интихоби шакли эмгирӣ, ночоранд аз ин ваксина истифода кунанд.

Дар Тоҷикистон рӯзи 23-юми март эмгузаронӣ ба зидди коронавирус оғоз шуд. Барои ин кор кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи "Астразенека"-ро дарёфт карда, дар назар аст ваксинаҳои русӣ ва чиниро дастрас кунад.

Эмомалӣ Мирзоев, сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки музокирот бо тавлидкунандаҳои ваксинаи зидди COVID-19 дар Чин ва Русия идома дорад ва дар зудтарин муддат миқдор ва таърихи ворид шудани ин навъи ваксина ба Тоҷикистон мушаххас мешавад.

Дар Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди коронавирус идома дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Дар ҳамин ҳол, Маркази ҷумҳуриявии "Иммунопрофилактика" -- ниҳоди вобаста ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо баргузории як давраи омӯзишӣ барои хабарнигорони тоҷик хостори таблиғи истифода аз ваксинаи "AstraZeneca" шуд. Ба гуфтаи Файзалӣ Саидзода, роҳбари ин ниҳод, дар марҳилаи аввали эмкунии шаҳрвандони Тоҷикистон, нахуст кормандони соҳаи тиб ваксина карда мешаванд.

"Муҳлати истифодаи марҳилаи дувуми ваксинаи "Астразенека" дар Тоҷикистон то охири моҳи май аст ва мо ҳоло вақт дорем, қисмати дувуми ин ваксинаро ба кишвар ворид кунем. Ҳамзамон бо Русия ва Чин музокирот барои ворид кардани ваксинаи тавлиди ин кишварҳо идома дорад",-афзуд раҳбари Маркази ҷумҳуриявии "Иммунопрофилактика".

Ба гуфтаи Файзалӣ Саидзода, аз севуми апрел то ба ҳол 13 ҳазору 584 нафар корманди тиб дар шаҳри Душанбе ваксинаи "AstraZeneca" гирифтаанд ва бояд дар маҷмӯъ ҳамаи 26 ҳазору 376 корманди соҳаи тандурустии пойтахти Тоҷикистон ваксина карда шаванд.

Ахиран, расонаҳои хориҷӣ аз чанд мавриди фавти сокинони кишварҳои аврупоӣ баъд аз гирифтани ваксинаи "AstraZeneca" хабар доданд.

Абдухалил Холиқзода, раиси Бемористони Ибни Сино" дар Душанбе низ ахиран дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ ҳушдор дода буд, ки дар истифодаи ваксинаи "AstraZeneca" шитоб накунанд.

Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби чунин навиштаи худро шарҳ дод: "Он рӯзҳо дар сари эҳсосот аз хабарҳои аврупоӣ дар бораи фавти сокинон баъд аз истифода аз ваксина чунин навишта будам. Ба бемористони мо сад адад ваксинаи "AstraZeneca" доданд, аммо теъдоди кормандонамон 200 нафар аст ва бояд боз сад донаи дигар диҳанд. Дар ҷаласаи имрӯзи бемористон ба хулосае омадем, ки дар шароити набудани ваксинаҳои дигар бояд ҳама аз ваксинаи "AstraZeneca" истифода кунем. Вале, хубтар мебуд агар бароямон ваксинаҳои дигар низ пешниҳод шавад".

Номи "AstraZeneca" ҳафтаи гузашта дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор гирифт. Як қатор кишварҳои аврупоӣ гуфтанд, баъд аз хабарҳо дар бораи лахташавии хуни баъзе афроде, ки ин ваксинаро дарёфт кардаанд, аз истифодаи ин ваксина муваққатан даст мекашанд.

Вале худи ин ширкат ва ҳам Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфтанд, далели мустақими лахташавии хуни муштариён баъд аз қабули ваксинаи "AstraZeneca" вуҷуд надорад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои харидани ин ваксина ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи "COVAX" қариб 9 миллион доллар додааст.

Ҳукумати Тоҷикистон як моҳ пештар эълон кард, ки коронавируси нав дар кишвар аз байн рафтааст. Ин вирус то кунун, ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ, ба 13308 нафар сироят карда, 90 нафарро куштааст. Оморе, ки иддае ба дурустияш шубҳа доранд ва миқёси бемориву талафот аз онро бештар аз рақамҳои эълоншуда медонанд.

XS
SM
MD
LG