Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муколамаи “созанда” дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон дар Вена анҷом ёфт 


Муколама бо Эрон дар Вена
Муколама бо Эрон дар Вена

Ширкатдорони музокираи рӯзи 9-уми апрел дар Вена гуфтугӯҳои чоррӯзаи таҷдиди созишномаи ҳастаии соли 2015 бо Эронро ба анҷом расониданд, ки ҳадафаш маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомии Эрон мебошад.

Назари аксар ширкатдорон ин аст, ки гуфтугӯҳо “созанда” буд ва “бархе нишонаҳои мусбат” ҳам дошт.

Баъди он ки Доналд Трамп, президенти пешини ИМА се сол пеш аз созиш хориҷ шуду ба Эрон таҳримҳои сангин ҷорӣ кард, президент Ҷо Байден гуфт, ки як барномаи афзалиятноки ӯ бозгашт ба Барномаи амал барои нақшаи муштараки васеъ (Joint Comprehensive Plan Of Action - JCPOA) хоҳад буд.

Ин муколама аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ташкил шуда, дар кори он гуруҳҳо аз Эрон, Бритониё, Чин, Фаронса, Олмон, Русия ва ИМА иштирок карданд, вале дипломатҳои амрикоиву эронӣ барои мулоқоти рӯбарӯи ҷудогона бо ҳам омодагӣ нишон надоданд.

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо баъди анҷоми ҷаласаи охирин гуфта шуд, ки JCPOA аз “кори ду гуруҳи мутахассисон дар заминаи бекор кардани таҳримҳо ва ҷорӣ кардани чораҳои марбут ба фаъолиятҳои ҳастаӣ огоҳонида шуданд ва қайд карданд, ки табодули назарҳо созанда буд ва ҷонибҳо барои дастёбӣ ба натиҷа” майл доранд. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ба идомаи талошҳои дипломатӣ ва татбиқи барномаи амал омодагӣ нишон доданд ва раҳбари сиёсати хориҷии ИА Жозеп Боррелл бо ширкатдорони JCPOA ва ҳам ИМА муколамаҳои ҷудогонаро идома хоҳад дод.

Эҳтимолан ҳафтаи оянда мулоқотҳо идома кунанд.

ИМА ва Эрон дар заминаи шарту шурути эҳтимолии бекоркунии таҳримҳои дар давраи президенти пешин Доналд Трамп ҷоришуда ва ҳам ба иҷрои ӯҳдадориҳои созиши соли 2015 баргардонидани Эрон ошкоро даъво кардаанд.

Михаил Улянов, сафири Русия дар дафтари СММ дар Вена гуфт, ки ҷонибҳои ширкатдори ҷаласа дар се рӯзи гузашта ба корҳое, ки то ҳол анҷом шудааст, назар андохта аз пешрафти ҳосилшуда изҳори қаноатмандӣ карданд. Ӯ баъдан дар Твиттери худ хабар дод, ки намояндагон ҳафтаи оянда барои идомаи музокираҳое, ки натиҷаҳои мусбат меоранд, ҷамъ хоҳанд шуд.

Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ, ки калонтарин мақомдори сиёсиву динии Эрон мебошад, аз Вашингтон талаб кардааст, ки пеш аз ҳама гуна созиши нав ИМА таҳримҳои азияткунандаи кишварашро бекор кунад.

Президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар як изҳороти ҳафтаи ҷории худ гуфт, ки “ҳама ҷонибҳо ба ҳамин натиҷа омаданд, ки ҳеҷ гузинаи беҳтаре буда наметавонад”.

Байден гуфт, ки тарки созиш кардани Трамп дар соли 2018 Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳҳои ҳастаӣ наздиктар кард, вале худи Теҳрон инро ҳамеша рад кардааст. Байден гуфтааст, ки барои нотавон кардани Эрон дар амри эҷоди бамбаи ҳастаӣ тамоми талошашро ба харҷ хоҳад дод.

Рӯзи 9-уми апрел Эрон гуфт, ки киштии нафткаши Кореяи Ҷанубиро, ки давоми се моҳ бар сари баҳсҳои атрофи масдуд шудани миллиардҳо доллари Эрон дар ин кишвари осиёӣ дар паи таҳримҳои ИМА дар ҳабс буд, озод кард.

Шаби 8 ба 9-уми апрел вазорати хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ гуфт, ки киштии “Ҳанкук Чеми” озод ва соҳилҳои Бандар Аббосро тарк кард. Ин киштӣ давоми се моҳ дар ҳабс буд ва бисёриҳо ин иқдоми Эронро чун талоши қассогирӣ барои масдуд шудани ҳисобҳои он дар Кореяи Ҷанубӣ арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни музокираҳо хабари ба мина бархӯрдани як киштии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар обҳои Баҳри Сурх ҳам расонаӣ шуд ва гумонҳо ба сӯи мухолифи JCPOA Исроил равона гардид.

XS
SM
MD
LG