Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон коҳиши ғанисозии уранро то замони бекор шудани таҳримҳои ИМА номумкин хонд


Назди як кинотеатри Теҳрон. 29-уми март
Назди як кинотеатри Теҳрон. 29-уми март

Баъди он ки ИМА гуфт, барои азсаргирии музокирот бо Эрон пешниҳоди нав дорад, телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ дар нақли қавл аз як мақомдори ношиносе гуфт, Теҳрон то замони бекор шудани ҳамаи таҳримҳо ба хатми ғанисозии 20-дарсадии ураниум розӣ намешавад. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 30-юми март дар вебсайти худ навишт: “Як мақомдори калони эронӣ ба Press TV гуфт, Эрон танҳо дар сурате ғанисозии 20-сардсадии ураниумро хотима медиҳад, ки ИМА ҳама таҳримҳо нисбати Эронро бекор кунад”.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Теҳрон ӯҳдадориҳои худро бар асоси созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ то замоне, ки ИМА таҳримҳоро бекор накунад, иҷро нахоҳад кард. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден мехоҳад, ки Эрон ба музокирот баргардад. Эрон то ҳол гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш сирф ҳадафҳои сулҳомез дорад. Вале маъмурияти президенти пешини ИМА Доналд Трамп, ки аз созиши ҳастаии қудратҳо бо Эрон дар соли 2018 берун шуд, ин кишварро дар пуштибонии гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна айбдор карду таҳримҳои сахтро барқарор намуд.

XS
SM
MD
LG