Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари дуюми Рамазон Қодиров кист? ВИДЕО


Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, ҳангоми кушодани фурудгоҳи нав мерақсад.

Нашрияи интернетии "Проект" дар як таҳқиқот ба хулосае омадааст, ки Рамазон Қодиров, президенти Чеченистон, бо иштирокчии як озмуни зебоӣ издивоҷ кардааст. Муаллифони гузориш ба ин назаранд, ки Фотима Хазуеваи 30-сола яке аз ҳамсарони раҳбари Чеченистон аст.

Наворро дар ин ҷо тамошо кунед.

Пажуҳишгарон мегӯянд, Рамазон Қодиров ҳамсари пинҳонӣ дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Фотима Хазуева кай бо Қодиров шинос шуд?

Қодиров ӯро бори аввал дар соли 2006 дар озмуни зебоӣ дар шаҳри Грозний дида буд. Фотима дар озмун мақоми дувумро касб кард ва, тибқи маълумоти таҳқиқгарони нашрияи "Проект", бо зани дувуми Қодиров шудан мавқеи худро мустаҳкам кард. Ҳоло ӯ дар пойтахти Чеченистон хонаи бузурге дорад.

Ин манзили Фотима Хазуева дар қалби Чеченистон, дар муқобили қасри шавҳараш Рамазон Қодиров мебошад. Хазуева на танҳо дар шаҳри Грозний, балки ҳамчунон дар шаҳри Маскав моликияти ғайриманқули гароннарх дорад, ки тибқи ҳисобҳои журналистони таҳқиқгар, ба 470 миллион рубли русӣ ва ё 610 ҳазор доллар баробар аст.

Муаллифони гузориш ҳамзамон менависанд, модари Хазуева соҳиби як маркази офиятбахшӣ дар Чеченистон шудааст ва ба хотири падари марҳуми модели собиқ дар ҷумҳурии Русия масҷид сохтаанд.

"500 сол бояд кор кунад, ки соҳиби хона шавад"

Фотима Хазуева расман дар маъмурияти Қодиров кор мекунад ва моҳе 80 ҳазор рубл маош мегирад. Ба гуфтаи муаҳққиқон, бо маоши 80 ҳазор рубл Хазуева барои харидани манзилҳои кунуниаш тахминан 500 сол бояд кор кунад.

Тумсо Абдураҳмонов, блогери чечен, мегӯяд, "як озмуни зебоӣ барпо шуд ва Рамазон Қодиров бо ғолибони он издивоҷ кард". "Аз миёни онҳо Фотима тавонист, ки ба ҳамсари доимии Қодиров табдил ёбад. Ӯ барои Қодиров тифл ба дунё овард. Дар Чеченистон дар ин бора бисёриҳо хабар доранд", -- мегӯяд блогер.

Медни, ҳамсари қонунии Қодиров

Медни, ҳамсари Қодиров бо духтараш
Медни, ҳамсари Қодиров бо духтараш

Ба навиштаи рӯзноманигорон, зани расмии раҳбари Чеченистон Медни бо насаби дигар шиноснома дорад. Ин насаби сохта барои сабти номи амволи гаронарзиш, аз ҷумла дар Маскав, истифода мешавад, ки дар эъломияҳои дороии Қодиров зикр нашудааст.

Рӯзноманигорони гурӯҳи эҷодии "Проект" бовар доранд, тамоми хароҷоти оилаи Қодиров аз ҳисоби бунёде пардохт мешавад, ки ба номи падараш Аҳмад Қодиров ташкил шудааст.

Рӯзноманигорони мустақили Русия ва фаъолони ҳуқуқи инсон дар таҳқиқоти худ борҳо навиштаанд, ин ташкилот ҳамчун як "Фонди умумии Чеченистон" кор мекунад ва он зери назорати Қодиров аст. Муаллифони "Проект" илова мекунанд, ки кормандони давлатӣ, соҳибкорон ва мансабдорони маҳаллӣ маҷбуранд, ба ин бунёд маблағ гузаронанд.

Таҳлилгарон бовар доранд, сарвари Чеченистон камаш се зан дорад. Лоиҳа ба ҷуз Меднӣ Қодирова ва Фотима Хазуева номи Амина Аҳмадоваро низ зикр мекунад. Ӯ сароянда ва раққоси чечен мебошад.

Тибқи ҳисобҳои рӯзноманигорони "Проект", арзиши умумии амволи ғайриманқули сабтшуда ба номи занони ғайрирасмии Рамазон Қодиров дар Чеченистон ва ноҳияҳои бонуфузи Маскав тақрибан 800 миллион рубл ё 10,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Шарҳҳоро бинед (10)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG