Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари 21-солаи Қодиров муовини вазири фарҳанги Чеченистон шуд


Айшат (Оиша) Қодирова 21 сол дорад

Айшат Қодироваи 21-сола, духтари Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон муовини вазири фарҳанги ин ҷумҳурӣ таъйин шуд. Дар ин бора худи Қодиров рӯзи 1 сентябр тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

"Сарфи назар аз ҷавониаш, вай таҷрибаи ғании роҳбариро дар тарҳҳои густардаву печида, аз ҷумла дар бахши фарҳанг дорад", - навишт роҳбари Чеченистон.

Моҳи марти имсол Қодиров духтарашро бо медали "Хизмат барои Ҷумҳурии Чеченистон" қадрдонӣ кард. Он замон гуфта мешуд, ки Айшат барои "хизматҳои шоиста ва саҳм дар рушди фарҳангу санъат" соҳиби медал шудааст.

Айшат Қодирова аз 18-солагӣ роҳбарии маркази муди Firdaws-ро бар уҳда дорад, ки модараш Меднӣ Қодирова ин марказро соли 2009 таъсис додааст.

Расонаҳо соли 2019 хабар доданд, ки мағозаи таҳпӯшҳои эротикии "Lady A" дар шаҳри Грознии Чеченистон мумкин аст, аз они Айшат бошад. Ин мағоза бар хилофи қонунгузории Русия амал карда, ба муштариҳо расид (чек) намедиҳад, либосҳояш тамға надоранд ва мағоза ҳам ҳуҷҷатгузорӣ нашудааст.

Қодиров 4 писар ва 6 духтар дорад. Расонҳо борҳо навиштанд, ки хешовандони бешумори Қодиров курсиҳои муҳими давлатиро соҳиб ҳастанд, аммо фарзандони Қодиров то кунун ба мақомҳои давлатӣ таъйин нашуда буданд. Дар соли 2018 расонаҳо навиштанд, ки аз 150 курсии муҳими давлатӣ дар Чеченистон бештар аз 30% онро хешовандони Қодиров банд кардаанд.

Моҳи июли соли ҷорӣ департаменти давлатии ИМА барои истифодаи шиканҷа, муҷозоти ғайридодгоҳӣ ва дигар поймолсозиҳои ҳуқуқи инсон зидди Рамзан Қодиров, ҳамсари вай Меднӣ Қодирова ва духтаронаш Айшату Хадижат таҳримҳои нав эълом кард.

Бар асоси ин таҳримҳо, Қодиров бо ҳамсару духтаронаш наметавонад, ба ИМА равад ва доду ситади тиҷорӣ дошта бошад.

XS
SM
MD
LG