Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 13-уми апрел оғоз мешавад


Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 13-уми апрел оғоз мешавад. Дар ин бора Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим дар ҳамоҳангӣ бо Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон гирифта шуд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои уламо -- ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар нисоби закотро 25 ҳазор сомонӣ муқаррар намудааст, ки аз он 625 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр 6 сомонӣ барои як нафар муайян шудааст. Шӯрои уламо барои афроде, ки узри шаръӣ доранд ва наметавонанд рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, фидя ба маблағи 360 сомонӣ барои 30 рӯз муайян кардааст.

Моҳи Рамазони имсола дар ҳоле дар Тоҷикистон фаро мерасад, ки мақомот дар Рамазони гузашта бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус намозҳои панҷвақтаву ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳо манъ карда буданд. Мақомот танҳо намозу таровеҳ бо ҳузури аъзои оиларо дар хона иҷозат дода буданд.

Ҳамин тариқ, соли гузашта дар масоҷиди кишвар бинобар пандемияи фарогир, намозҳои Иди Фитр ва Қурбон баргузор нашуд.

Масҷидҳо дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 барои ду ҳафта ва баъдан аз 18-уми апрели ҳамон сол баста шуданд. Мақомот тақрибан баъд аз 10 моҳ -- 1-уми феврали соли 2021 ба фаъолияти дубораи масҷидҳо иҷоза доданд.

XS
SM
MD
LG