Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия 10 адмиралро бо гумони ташкили табаддулот дастгир карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Туркия 10 адмирали бознишастаеро боздошт карданд, ки зери номаи боз дар бораи ҳифзи конвенсияи Монтрё имзо гузошта буданд. Конвенсияи Монтрё равуои киштиҳоро аз тангнои Босфор ва Дарданеллӣ танзим мекунад.

Дар номаи бозе, ки зери он бештар аз 100 роҳбари баландмақоми нерӯҳои дарёии Туркия имзо гузоштаанд, мансабдорони давлатӣ танқид шудаанд. Маркази матбуотии президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, дар номаи мазкур нишонаҳои табаддулоти давлатӣ дида мешавад.

Додситонии он кишвар рӯзи 4-уми апрел бо гумони эҳтимоли даст доштани адмиралҳо дар ҷиноятҳои вобаста ба барҳам задани субот ва амнияти давлативу тартиботи конститутсионӣ тафтишотро шуруъ кард.

Моҳи гузашта мақомоти Туркия нақшаи кандани канал ё наҳри бузургеро дар баробари Босфор - аз баҳри Сиёҳ ба баҳри Мармар - шуруъ карданд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, фаъолияти ин каналро конвенсияи Монтрё танзим намекунад.

Адмиралҳои бознишастаи нерӯҳои дарёии Туркия, ки айни ҳол дар барҳам задани амнияти давлатӣ гумонбар мешаванд, гуфтанд, маҳз кандани канали нав боис ба суст шудани амнияти давлатӣ хоҳад гардид.

Конвенсияи Монтрё соли 1936 дар Швейтсария қабул шудааст. Ин конвенсия истиқлоли Туркияро дар мавриди тангнои Босфор ва Дарданелл барқарор кард. Ин конвенсия ба киштиҳои тиҷории ҳамаи кишварҳо, чи дар замони осоишта ва чи дар замони ҷанг, ҳаққи убур аз тангнои Босфорро медиҳад.

XS
SM
MD
LG