Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 10 адмирали бознишаста дар Туркия барои талоши сарнагун кардани давлат 


Туркия. Киштии низомии русӣ аз гулӯгоҳи Босфор ба самти Сурия ҳаракат мекунад 
Туркия. Киштии низомии русӣ аз гулӯгоҳи Босфор ба самти Сурия ҳаракат мекунад 

Матбуоти давлатии Туркия рӯзи 5-уми апрел хабар дод, ки дар ин кишвар 10 адмирали бознишастаро, ки дар номаи боз ба аҳамияти таъмини амнияти Туркия бар асоси Эъломияи Монтрё таъкид кардаанд, боздошт шуданд. Ин санад соли 1936 имзо шуда, ба хотири пешгирӣ аз низомишавии Баҳри Сиёҳ эҷод шудааст. Ба иттилои хабаргузории Анадолу, чор гумонбари дигар бояд дар давоми се рӯзи оянда ба полис ҳозир шаванд. Номае, ки зери он 104 собиқ низомиёни нирӯҳои баҳрии Туркия имзо кардаанд, мавриди маҳкумияти мақомоти Туркия шуд. Онҳо гуфтанд, ки низомиён бо ин санад ҳукумати маданиро мустақим ба чолиш мекашанд. Сухангӯи президент Иброҳим Қалин гуфт, ки номаи мазкур ба маънои талоши сарнагун кардани ҳукумат аст. Ба иттилои NTV, санади мазкурро дар ҳукумат чун “созиши содир кардани ҷиноят алайҳи амнияти давлатӣ ва низоми конститутсионӣ” арзёбӣ мекунанд.

Моҳе пеш Туркия нақшаи сохтмони як канали азимеро қабул кард, ки тавассути Баҳри Сиёҳ аз қисмати шимолии Истамбул то баҳри Мармар дар ҷануб тӯл мекашад. Як мақоми турк гуфт, ки ин тарҳ ба эъломия марбут нест. Вале адмиралҳои бознишаста гуфтанд, ки Туркия набояд ба коре даст занад, ки боиси матраҳ шудани Эъломияи Монтрё шавад. Онҳо мегӯянд, ин санад барои ҳифзи Туркия хеле муҳим мебошад.

XS
SM
MD
LG