Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандае бо мошинаш як афсари пулиси Амрикоро дар назди Капитол кушт


Ҳодиса рӯзи 2-уми апрел рух дод.
Ҳодиса рӯзи 2-уми апрел рух дод.

Як ронандае бо равона кардани мошини худ ба рӯи ду афсари пулис, ки бинои порлумони Амрикоро посбонӣ мекарданд, якеро кушт ва дуввумиро захмӣ кард. Худи ронандаро, ки ба афсарон бо корд таҳдид кардааст, дар ҷойи ҳодиса бо зарби тири туфанг куштаанд.

Дар замони ҳодиса дар рӯзи 2-уми апрел вакилони Конгресси Амрико маҷлис надоштаанд. Пулиси шаҳри Вашингтон гуфт, зоҳиран амалкарди ронанда, ки мошинашро ба садди як посгоҳи амниятӣ дар назди Капитол зад, ҳамлаи террористӣ нест. Аз ин посгоҳ асосан вакилони Конгресс ва маъмурони идории онҳо мегузаранд.

Роберт Конти, сардори пулиси Вашингтон гуфт, ҳеҷ аломате нест, ягон узви Конгресс ҳадафи ҳамлавар будаанд. Ин дуввумин афсари пулис аст, ки ҳангоми посбонии Капитол дар ҳамин сол кушта мешавад. Аввалӣ моҳи январ ва баъди ҳамлаи издиҳоми тарафдорони раиси ҷумҳури собиқ Доналд Трамп ба бинои Конгресс кушта шуд.

Онҳо мехостанд, маҷлиси тасдиқи натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябрро баҳам бизананд. Вазъи афсари маҷруҳ дар ҳодиса муътадил будааст. Бародари ронандаи ҳамлавар ба рӯзномаи “Вашингтон Пост” гуфтааст, ӯ маводи мухаддир истеъмол мекард ва вазъи равонии хубе надошт. Нигарониҳо аз ҳамла ба Капитол баъди исёни тарафдорони Трамп дар моҳи январ зиёд буд.

XS
SM
MD
LG