Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ гуфт, аз як амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ кард


Махачқалъа. Ходимони ФСБ гуфтанд, ки аз як амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ карданд. 11 марти соли 2021
Махачқалъа. Ходимони ФСБ гуфтанд, ки аз як амалиёти террористӣ ҷилавгирӣ карданд. 11 марти соли 2021

ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯяд, дар қаламрави Твер аз “талоши ҳамлаи террористӣ” ва “инфиҷори яке аз иншооти муҳими энергетикӣ” ҷилавгирӣ шудааст. Ба қавли ин хадамот, ҷиняткор узви гурӯҳи ба ном Давлати Исломӣ ва зодаи Осиёи Марказӣ буда, шиносномаи Русияро доштааст. Ба қавли ин ниҳои амниятӣ, ҳамлагари эҳтимолӣ ба ҳангоми муқовимат ба боздошташ нобуд карда шудааст. Тасдиқи дурустии ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад. Мақомоти русӣ гуфтанд, дар маконе, ки ӯ безарар карда шуд, нерӯҳои амниятӣ силоҳи оташфишон ва бомби худсохтро пайдо намудаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва муҳоҷирон баъзан ба дурустии ин гуна айбномаҳои мақомоти тафтишотии Русия бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, гоҳо чунин амалиёт ба хотири намоиши гӯё муборизаи ниҳодҳои интизомии Русия бо терроризм саҳнасозӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG