Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи бозсозии роҳи Қизилқалъа-Бохтар имзо шуд


Қитъаи роҳе дар вилояти Хатлон
Қитъаи роҳе дар вилояти Хатлон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати ҷопонии «Дай Ниппон Констракшн» дар мавриди бозсозии қитъаи роҳи Қизилқалъа-Бохтар созишномае ба имзо расонданд. Дар хабарномаи вазорат омадааст, аз ҳисоби маблағи грантии ҳукумати Ҷопон, ки беш аз 30 миллион долларо ташкил медиҳад, зиёда аз 9 километр қитъаи роҳ таъмир мешавад. Интизор меравад, бозсозии роҳи мазкур дар аввали соли 2023 анҷом ёбад. Қарордоди грантии ин лоиҳа байни ҳукумати Тоҷикистон ва Оҷонсии байналмилалии ҳамкории Ҷопон ҳанӯз моҳи сенятбри соли 2017 имзо шуда буд. Дар айни замон ҳудуди 40 километр роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар аз ҳисоби Бонки Осиёии рушд таҷдид мешавад. Барои амалӣ кардани тарҳи мазкур ин ташкилоти молӣ 90 миллион доллар ҷудо кардааст. Ду соли пеш вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки баъди бозсозӣ шудани роҳи Душанбе-Бохтар он пулакӣ мешавад. Ин гуфтугузорҳо дар ҷомеа мавҷи интиқодро ба бор овард. Моҳи феврали имсол вазири нақлиёт гуфт, ки масъалаи пулакӣ кардани роҳ дар баррасӣ нест.

XS
SM
MD
LG