Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ хушунатҳои Мянмарро маҳкум кард


6 март, Мянмар. Нирӯҳои амниятӣ як эътирозгарро латукӯб мекунанд
6 март, Мянмар. Нирӯҳои амниятӣ як эътирозгарро латукӯб мекунанд

Дар як изҳороти дастаҷамъӣ аъзои Шӯрои амнияти СММ истифодаи хушунат алайҳи эътирозгарон ва марги садҳо фарди мулкӣ дар Мянмарро ба шиддат маҳкум карданд, дар ҳоле, ки Чин талош намуд аҳамияти мавзӯъро камтар нишон диҳад. Дар изҳороте, ки рӯзи 1-уми апрел нашр шуд, омадааст: “Аъзои Шӯрои амният аз вазъи босуръат тағйирёбанда нигаронии амиқ баён мекунад ва истифодаи хушунат алайҳи эътирозгарони сулҳомез ва марги садҳо мулкӣ, аз ҷумла занону кӯдаконро маҳкум мекунад”. Кишварҳои ғарбӣ хостори иловаи ибораи “иқдоми бештар” буданд, ки маъмулан ба маънои ҷорӣ кардани таҳрим фаҳмида мешавад. Вале Чин, ҳамсоя ва муттафиқи наздики Мянмар, ба истифодаи ин истилоҳ мухолифат кард ва талаб кард, ки калимаи “куштор” ба “марг” табдил дода шавад. Ба гуфтаи дипломатҳо, Русия ҳам чандин бор матни изҳоротро масдуд кард, чунки хостори ин буд, ки дар матн ҷумлаи маҳкумкунандаи марги аъзои нирӯҳои амниятӣ ворид шавад.

Дар поёни баҳсу баррасиҳо дар матни ниҳоӣ “аз ҳама ҷонибҳо даъват шуд, ки даст аз хушунат бардоранд”. Аз замоне, ки рӯзи 1-уми феврал низомиён дар як кудато қудратро дар Мянмар ба даст оварданд, Шӯрои амният се изҳороте дар бораи ин кишвар нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG