Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳони 12 кишвар аз низомиёни Мянмар хостанд, ки мардумро накушанд


Мянмар
Мянмар

Фармондеҳони баландпояи 12 кишвар истифода аз нерӯи низомиро ба зидди эътирозгарон ва куштани мардуми бесилоҳ дар Мянмар (Бирма) маҳкум карданд.

Изҳороти онҳо рӯзи 27-уми март ва пас аз қатли беш аз 90 нафар дар як рӯз дар Мянмар садо дод.

Ин санаро “рӯзи хунбортарин” аз замони ба қудрат расидани низомиён дар Мянмар медонанд. Артиши Мянмар моҳи феврали имсол ҷилави ҳукуматро ба даст гирифт ва раҳбари мадании он Аун Сан Суҷиро ба ҳабс андохт.

Дар изҳороти фармондеҳони Амрикову чанд кишвари узви НАТО, Ҷопон, Зеландияи Нав, Куриёи Ҷанубӣ ва Австралия гуфта шудааст, низомиёни Мянмар эътимоди мардумро аз даст доданд.

"Артиши ҳирфаӣ (касбӣ) меъёрҳои байнулмилалии рафторро риоя мекунад ва масъули муҳофизати мардум аст, на зарар расондан ба онҳо", -- омадааст дар изҳорот. Ин иқтибосро хабаргузории "Франс-Пресс" нашр кард.

Дар изҳорот аз артиши Мянмар хоста шудааст, "хушунатҳоро қатъ карда, барои эҳёи эҳтиром ва ба даст овардани бовари мардум бикӯшад."

Эътирозҳо дар Мянмар аз моҳи феврали имсол, замони ишғоли қудрат аз тарафи низомиёни ин кишвар, идома дорад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар ин муддат садҳо кас кушта ва ҳазорҳо нафар дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG