Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои шиносоии падари тифли духтари 13-сола дар Ҳисор дубора ташхиси ДНК карданд. ВИДЕО


Модари 13-сола аз ҷараёни тафтишот норозист

Барои дақиқ кардани падари тифли духтари таҷовузшудаи ноболиғ дар Ҳисор ташхиси дубораи ДНК анҷом шудааст.

Ташхис дар доираи таҳқиқи дубораи парвандаи ҷиноии таҷовузи ҷинсии сокини 13-солаи шаҳри Ҳисор сурат гирифтааст. Дар таҷовузи духтари ноболиғ марди 33-соларо гунаҳкор дониста, ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд, вале бар асоси “Қонуни афв” ӯро аз толори додгоҳ озод карданд.

ҲУКМЕ, КИ БАҲС БА ПО КАРД

Чунин ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар саҳифаҳои интернетӣ баҳси зиёде ба по кард. Баъзе аз шаҳрнависон чунин рафтори додрасро танқид карда, "беаҳамиятӣ нисбат ба озору азияти ноболиғон" номиданд.

Баъдан Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисорро дар бораи афви ин марди гумонбар бекор карда, барои таҳқиқи дубора ба додситонӣ фиристод.

Масъулони Бунёди “Ташаббуси ҳуқуқӣ”, ки аз ҳаққи хонаводаи духтар ҳимоят мекунанд, рӯзи 18-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ташхиси ДНК 17-уми март дар Маркази ҷумҳуриявии тиббию – генетикии назди Вазорати тандурустӣ анҷом шуд ва қарор аст то як моҳи дигар натиҷаи он аниқ шавад.

ДУ ТАШХИС ПАДАРИ ТИФЛРО МАЪЛУМ НАКАРД

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, дар гузашта додситонии Ҳисор ду маротиба ташхиси ДНК-ро дар бемористони Қарияи Боло анҷом доданд, вале он падарии марди муттаҳам ба таҷовузро собит накард.

“Ҳоло парвандаро Додситонии кулл дар даст дорад. Вакили дифоъи духтари ноболиғ аз додситонӣ иҷозат гирифт, ки бояд ДНК-и мустақил гузаронида шавад ва маблағашро худи созмон пардохт кард. Ҳоло интизор мешавем ки натиҷа чиро нишон медиҳад”--афзуд ҳуқуқшиноси ин созмон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ.

Бар асоcи озмоиши DNA ё ДНК ва муқоисаи он бо ДНК‑и нафари гумонбар падари тифл дақиқ хоҳад шуд.

Навори Радиои Озодӣ дар ин бора аз соли 2020

Ноболиғи таҷовузшуда адолат мехоҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Волидони духтари 13-сола гуфтанд, фарзанди ноболиғ онҳо тобистони соли 2019 аз сӯи яке аз хешовандонашон таҷовуз шуда ва ӯро дар айёми наврасӣ ба мушкил гирифтор кард. Онҳо мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабардор шуданд, ки тифли батнаш ҳаштмоҳа буд. Модари духтар мегӯяд, ҷавоне, ки ба фарзандаш чунин рафтор кард, писари хоҳараш аст ва зану ду фарзанд дорад. Пайвандони ҷавони афвшуда ҳукми додгоҳи Ҳисорро "одилона" ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро "туҳмат" шумурданд, аммо хонаводаи духтар бо ёрии вакилони мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят карданд.

ПАРВАНДА БО "МУҲРИ МАХФӢ"

Рӯзи 22-юми декабри соли гузашта, баъд аз эълони ҳукм, хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани далели додрас барои эълони чунин ҳукм ва огоҳӣ аз ҷузъиёти парванда ба Додгоҳи шаҳри Ҳисор рафтанд. Дар додгоҳ гуфтанд, парванда ба хотири ноболиғ будани ҷабрдида "муҳри махфӣ" дорад ва бино бар ин, наметавонанд ҷузъиётро ошкор кунанд.

Ин ҳодиса дар ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз раиси ҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб карданд, ки ҷазоро барои гунаҳкорони бадрафторӣ бо ноболиғон сахттар намоянд.

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 11-уми январ эълон кард, ки тарҳи наверо омода кардааст ва бино бар он гунаҳкорон ба озори ҷинсии кӯдакон аз ҳаққи падару модарӣ низ маҳрум хоҳанд шуд.

Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" мегӯянд, дар як соли гузашта танҳо ба созмони онҳо 12 шикоят аз таҷовузу ҳаркатҳои дигари бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас расидааст.

Наздикони духтари ноболиғ мегӯянд, умедворанд, ки бозбинии парванда ва ташхиси такрории ДНК билохира ҳақиқатро руи об мебарорад ва омилони таҷовузи духтари ноболиғ ҷазо мегиранд.

XS
SM
MD
LG