Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде, ки дар Фейсбук аз номи Мирзиёев пул талаб мекард


Вазорати умури дохилии Узбекистон мегӯяд, мардеро боздошт кардааст, ки гӯё аз номи президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифаи сохта боз карда, "пул кор мекардааст".

Ба огаҳии вазорат, сокини 39-солаи шаҳри Чирчик М. М. ба сокинон ваъда медодааст, ки бар ивази маблағ ҳама гуна мушкилоташонро ҳал мекунад.

"Ӯ тавассути ин саҳифа худро корманди Маъмурияти президенти Узбекистон муаррифӣ ва бо корбарони шабакаи иҷтимоӣ суҳбат мекардааст. Ба онҳо ваъда медодааст, ки дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҷудо кардани хона, қарзи бонкӣ кӯмак хоҳад кард ва дар иваз аз 50 ҳазор сӯм (4 доллар) то 1,5 миллион сӯм (ҳудуди 150 доллар) талаб мекардааст. Ба боварии сокинон даромада, мегуфтааст, пулро ба корти бонкияш гузаронанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Зидди М. М. бо банди "қаллобӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ӯ то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG