Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи низомӣ дар Арманистон бекор шуд


Порлумони Арманистон
Порлумони Арманистон

Порлумони Арманистон рӯзи 24-уми март дар пайи як раъйгирӣ вазъи низомиеро, ки охирҳои моҳи сентябри соли гузашта эълом шуда буд, бекор кард.

Мухолифони Арманистон аз моҳи ноябри соли гузашта талаб доштанд, ки вазъи низомӣ бекор карда шавад, вале мақомот ҳар бор дархости мухолифонро рад мекарданд. Дар раъйгирии охир ҷиноҳи ҷонибдори ҳукумат – "Қадами ман" – аз лағви вазъи низомӣ пуштибонӣ кард.

Пештар мунтақидони сарвазири Арманистон, Никол Пашинян, гуфтанд, раиси ҳукумати он кишвар ба хотири ҳифзи қудрат намехоҳад, вазъи низомиро баъди ба поён расидани задухӯрдҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ бекор кунад. Дар ҷараёни вазъи низомӣ баргузории тазоҳурот ва оғози раванди ба истеъфо фиристодани ҳукумат номумкин буд.

Никол Пашинян ба далели ҷанги шашҳафтаинаи хунини Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи Кӯҳӣ зери фишори афзояндаи тазоҳургарон ва мухолифони давлат қарор гирифтааст, ки мехоҳанд, ӯро ба истеъфо водор намоянд.

Ҳамаи президентҳои пешини Арманистон низ аз Пашинян талаб карданд, аз мақомаш истеъфо диҳад. Ситоди кулли қувваҳои мусаллаҳи Арманистон низ моҳи феврал истеъфои сарвазирро талаб кард, аммо Пашинян онро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номид.

XS
SM
MD
LG