Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саломатии раиси пешини ширкати "Умед-88" дар зиндон бад шудааст


Раҷабалӣ Одинаев дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст
Раҷабалӣ Одинаев дар умум ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст

Вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев, раиси собиқи ширкати "Умед-88", дар зиндон бад шуда, ба шифохона интиқол ёфтааст. Одинаевро бо ҷурми "тасарруфи молу мулки давлатӣ" ва ҷиноятҳои дигари иқтисодӣ ба 28 соли зиндон маҳкум карданд. Наздиконаш ин айбномаро беасос ва ҳукми додгоҳро "бераҳмона" меноманд.

Мансурҷон Умаров, сардори идораи зиндонҳо дар Тоҷикистон, рӯзи 25-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи Раҷабалӣ Одинаев дар зиндон бад шуда, ду ҳафта пеш ӯро ба бемористони "Ёрии таъҷилӣ" дар шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, роҳбари пешини ширкати "Умед-88" ба бемории захми меъда гирифтор шуд ва ӯро дар беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" ҷарроҳӣ кардаанд.

"Дар беморхона таҳти назорати пизишкони ботаҷриба қарор дорад. Саломатиаш хуб аст ва мумкин дар рӯзҳои наздик ба муассиса ворид мешавад,"-- афзуд Мансурҷон Умаров.

Хешовандони Раҷабалӣ Одинаев дар бораи беморӣ ва вазъи сиҳатии ӯ чизе нагуфтаанд. Яке аз наздиконаш баъди шунидани суоли мо гуфтугӯро қатъ кард ва гӯширо гузошт.

Дар ҳамин ҳол як пизишки беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ" бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Раҷабалӣ Одинаев аз солҳои пеш дарди меъда доштааст ва ахиран ин беморӣ дар зиндон хуруҷ мекунад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, пизишкони беморхона барои дидани вазъи саломатии Раҷабалӣ Одинаев ба зиндон рафтанд ва пас аз муоина ба натиҷа расиданд, ки барои ҷарроҳӣ Одинаев ба беморхонаи берун аз маҳбас интиқол дода шавад.

Роҳбари ширкати "Умед-88" дар Тоҷикистон яке аз камтарин зиндониҳое аст, ки барои табобат аз зиндон берун оварда шудаанд.

Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88", моҳи октябри соли 2017 баъд аз он дастгир шуд, ки аз тарафи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти танқид қарор гирифт. Ӯ баъдан ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҳамчун қарз ба ширкати ӯ дода буд, айбдор карданд. Сипас ба парвандаи ӯ "дуздии моликияти давлатӣ" ва "исрофкорӣ" ҳам зам шуд. Наздиконаш айбномаи ӯро рад карда гуфта буданд, агар Одинаевро озод кунанд ӯ метавонад бо фурӯши амволаш қарзи нерӯгоҳи "Роғун"-ро баргардонад. Аммо мақомот ин пешниҳодро рад карданд.

Мақомот гуфтанд, ҳисоби фурӯши амволи Раҷабалӣ Одинаев ба нерӯгоҳи "Роғун" беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст.

Ширкати "Умед-88" аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллиард сомонӣ ба будҷаи давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

"Умед-88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо "Газпром"-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт. Бархе аз коршиносон рақобат бо "Фароз"-ро сабаби асосии зери фишор афтодани ин ширкат номидаанд.

Сарнавишти ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳо дар Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG