Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҷабалӣ Одинаев танҳо гуноҳи дузанагиро эътироф кард" ВИДЕО


Раҷабалӣ Одинаев

Як вакили мудофеъ ба шарти ифшо нашудани номаш ҷузъиёти мурофиаи додгоҳӣ ва ҳукми Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати як замон маъруфи “Умед 88”-ро, ки ба воридот ва фурӯши сӯзишворӣ машғул буд, ошкор кард.

Ин ҳамсуҳбати мо 18-уми сентябр, як рӯз пас аз эълони ҳукми Одинаев, гуфт, ки тоҷири тоҷик дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ аз 8 айби эълоншуда танҳо якеи он – “дузанагӣ”-ро эътироф кардаасту бас. Ӯ гуфтааст, ки нисбат ба иттиҳомҳои дигар худро гунаҳкор намешуморад. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои дузанагӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё ду сол корҳои ислоҳӣ пешбинӣ кардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Раиси "Умед-88" танҳо ҷурми бисёрзаниро эътироф кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Онҳое, ки одам мекушанд, 10-15 сол ҳукм мегиранд. Одинаев қаблан гуфта буд, ки қарзро месупорад. Ин ҳам ба фоидаи давлат аст ва ҳам ба фоидаи ин шахс, ки фарзанд дорад.

"Амволи Одинаев мусодира намешавад"

Вакили мудофеъ мегӯяд, ки додгоҳ ба мусодираи молу мулки Раҷабалӣ Одинаев амр надод ва ин имкон медиҳад, ки наздиконаш дороии ӯро бифурӯшанд. Ба дунболи боздошти раиси ширкати “Умед 88”, мақомот хариду фурӯши амволи ин ширкатро манъ карда буданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17-уми сентябр Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати “Умед 88”-ро аз ҷумла ба дуздии моликияти давлатӣ, тассарруфу исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии қарз гунаҳкор донист ва ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хешовандонаш ҳукми раиси "Умед-88"-ро бераҳмона мешуморанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Муҳокимаи Одинаев ва муовинаш Идибек Иброҳимов паси дарҳои баста сурат гирифт ва ба ғайр аз вакилони мудофеъ, ҳатто хешовандонро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Идибек Иброҳимов ба 22 соли зиндон маҳкум шуд.

Чанд "чаро?"-и ҳуқуқдон

Баъзе ҳуқуқдонҳо мегӯянд, нисбат ба соҳибкоре, ки асосан бо ҷурми иқтисодӣ айбдор дониста мешавад ва ӯ омодааст қарзҳои худро баргардонад, 24 соли зиндон “ҷазои сангин аст”.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, рӯзи 18-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “онҳое, ки одам мекушанд, 10-15 сол ҳукм мегиранд. Одинаев қаблан гуфта буд, ки қарзро месупорад. Ин ҳам ба фоидаи давлат аст ва ҳам ба фоидаи ин шахс, ки фарзанд дорад. Ҳайронам, чаро муҳлати тӯлонӣ дода шудааст? Чаро парвандаи ҷиноятҳои иқтисодӣ махфӣ ва паси дарҳои баста сурат гирифтааст? Дар инҷо зери коса нимкосае ҳаст.”

Дар ҳамин ҳол, наздикони Раҷабалӣ Одинаев гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд. Ситора Умарова, ҳамсари Раҷабалӣ Одинаев, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт,ин “ҳукми бераҳмона аст. Мо интизор надоштем, ки ба чунин муҳлати дароз ҳукм мекунанд. Мо фарзандони ноболиғ дорем, раҳм кунанд. Соҳиби 6 фарзанд ҳастам.”

"Дороияш барои баргардондани қарз кофист"

Амирҷон Одинаев, писари Раҷабалӣ Одинаев мегӯяд, агар падарашро озод кунанд ва имкон бидиҳанд, метавонад қарзро баргардонад. “Дороии падарам барои баргардонидани қарзаш мерасад ва ҳоло ҳам ин тавонро дорад, фақат ба ӯ имкон диҳанд. Вай ҳеҷ куҷо нагурехтааст. Падарам ҳамаи фоизҳои қарзҳоро супурдааст. Мо ҳатман аз ин ҳукм шикоят мебарем”, – гуфт ӯ.

Амволи ширкати "Умед 88"-ро моҳи марти имсол ба фурӯш гузошта буданд
Амволи ширкати "Умед 88"-ро моҳи марти имсол ба фурӯш гузошта буданд

Вале яке аз вакилони мудофеи Раҷабалӣ Одинаев гуфт, аввал бо худи ӯ мулоқот мекунанд ва сипас тасмим мегиранд, ки шикоят кунанд ё накунанд. “Агар худаш хоҳиши шикоят карданро дошта бошад, ариза менависем. Набошад – не”, - гуфт ӯ.

Раҷабалӣ Одинаев аз моҳи октябри соли 2017 ба ин сӯ дар боздошт аст. Ӯро ба напардохтани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки Вазорати молия соли 2015 ҳамчун қарз ба ширкати ӯ додааст, айбдор карданд.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо “Газпром”-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт.

Ӯро баъди он дастгир карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасте Вазорати молияро танқид кард, ба ширкати "Умед-88" қарз додааст ва ин қарзро барнагардондаанд.

Баррасии парванда ва мурофиаи додгоҳии раҳбарони ширкати замоне пештози таъминкунандаи маводи сӯхт пушти дарҳои баста ва дар шароити пӯшида ҷараён гирифт. Бисёр ҷузъиёти ин парванда барои наздикон ва матбуот пӯшида боқӣ мемонад ва яке аз саволҳои муҳими матбуот дар бораи ин ки то куҷо дар ҷараёни тафтишот назари мақомоти вақти вазорати молия ҳам пурсида шудааст, бепосух мемонад. Яке аз даъвои боздоштшудаҳо ин буд, ки Одинаев ва масъулони ширкат наметавонистанд пулҳои барои сохтмони нирӯгоҳи муҳими давлатӣ пешбинишударо бидуни мувофиқати мақомот ба даст оранд.

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG