Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Ҳиссаи "Умед-88" дар бозор ночиз буд


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, ки бо баромадани "Умед 88" -- яке аз ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ аз бозори нафтии Тоҷикистон, "ҳеҷ дигаргуние дар арса мушоҳида нашудааст". Ба гуфтаи мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳиссаи ширкати "Умед 88" дар бозори нафтии кишвар "ночиз буд".​

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бозори асосии маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар ихтиёри “Газпромнафт Тоҷикистон”, ширкати “Сеганҷ” ва Оҷонсии давлатии захираҳои моддӣ, қарор дорад.

Ба гуфтаи Одиназода, дар бозори нафти Тоҷикистон ҳиссаи Ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” - 35,4 дар сад, ҶДММ “Сеганҷ” - 29 дар сад ва ширкати “Роҳи Сомон” - 6,5 дар сад будааст. "Ҳиссаи "Умед-88" то қатъи фаъолияташ ҳудуди 4 дар сади бозори нафти кишварро ташкил мекардааст", гуфт Назар Одиназода. Ҳиссаи ширкати "Фароз"-ро дар ин бозор ӯ дар ҳудуди 4 дар сад арзёбӣ кард.

Вай гуфт: “Бозор рақобатпазир аст. Бигузор субектҳо мавқеи ҳукмфармоӣ дошта бошанд. Муҳим ин ки аз мавқеашон сӯиистифода накунанд. Вақте ки сӯиистифода карданд, мо чораҳои зиддиинҳисорӣ мебинем.”

Аз рӯи омори Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар соли гузашта аз тарафи ширкатҳои нафтрасон ва соҳибкорони алоҳида бештар аз 426 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла наздики 193 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 176 ҳазор тонна бензин ва дигар маҳсулоти нафтӣ ба кишвар ворид шудааст. Наздики 80 дар сади маҳсулоти нафтӣ аз Русия, 6,22 дар сад аз Туркманистон ва 8,56 дар сад аз Қирғизистон рост меояд.

"Умед 88" яке аз ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар кишвар ба ҳисоб мерафт ва пас аз боздошти раҳбараш Раҷабалӣ Одинаев дар тирамоҳи соли гузашта, фаъолияти он аз сӯи мақомот қатъ карда шуд. Рӯзи 14-уми октябри соли гузашта раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вазорати молияро танқид кард, ки ба “Умед 88” 170 миллион сомонӣ қарз дода, ин маблағҳоро баргардонида натавонистааст.

Мақомоти Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳам ҳоло мегӯянд, ки раиси ширкати "Умед 88" то анҷоми таҳқиқот дар боздошт мемонад. Қаблан наздикони Раҷабалӣ Одинаев аз мақомот тақозо карда буданд, ки ӯро раҳо намоянд.

Илёс Идрисзода, муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми январ ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, ба наздикони раиси "Умед 88" иҷозат дода шудааст, ки зарари воридкардаи ӯро барқарор кунанд. Мақомоти Оҷонсӣ инчунин гуфтанд, ки дар робита ба қазияи раиси ширкати "Умед 88" бархе аз кормандони Вазорати молия ҳам бозпурсӣ хоҳанд шуд.

Раҳбари ширкати “Умед 88” дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва суистифода аз ваколат муттаҳам дониста мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG