Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҷазои раиси "Умед-88"-ро сахттар кардааст


Раҷабалӣ Одинаев

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 24 сол ҳукми зиндони Раҷабалӣ Одинаев, раиси ширкати "Умед-88" 4 соли дигар зам карда, дар ниҳоят ӯро барои 28 сол равонаи зиндон намудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси додгоҳ рӯзи 20-уми июл ҳангоми як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ба раиси "Умед-88" аз рӯи иттиҳомоти нав- “тасарруфи молу мулки давлатӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодӣ” ҳукми ниҳоӣ содир гардид. Бар асоси ин ҳукм, Раҷабалӣ Одинаев ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Мавқеи Раҷабалӣ Одинаев ба ҳукми наваш то ҳанӯз барои мо маълум нест. Раиси “Умед-88” моҳи октябри соли 2017 дастгир ва баъдан ба 24 соли зиндон маҳкум шуд. Дар аввал мақомот ӯро барои барнагардондани 171 миллион сомонӣ пули сохтмони нерӯгоҳи "Роғун", ки Вазорати молия ҳамчун қарз ба ширкати зери раҳбарии ӯ дода буд, айбдор карданд.

Рӯзи 17-уми июл Барно Саидвализода, раҳбари Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфт, барои ҷуброни зарари моддӣ аз ҳисоби Раҷабалӣ Одинаев ба нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 42 миллион сомонӣ ситонида шудааст. Ӯ афзӯд, “беш аз 114 миллион сомонии дигар боқӣ мондааст ва барои рӯёнидани ин миқдор маблағ тамоми чораҳо дида мешавад”.

Парвандаи молики ширкати “Умед 88” муҳри махфӣ гирифтааст ва вакилони дифоъ бо матбуот суҳбат намекунанд. Ширкати "Умед-88" аз соли 2006 дар бозори сӯхти Тоҷикистон ворид шуд ва ба гуфтаи раҳбараш, беш аз 2 миллиард сомонӣ ба будҷаи давлат андоз супурдааст. Ин ширкат то замони қатъи фаъолияташ беш аз 500 коргар дошт.

"Умед 88" яке аз се ширкати умдаи таъминкунандаи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон буд, ки бо "Газпром"-и Русия ва ширкати хусусии "Фароз" дар рақобат қарор дошт. Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳо дар Тоҷикистон буд.

XS
SM
MD
LG