Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ҷавони тоҷик дар робита ба садамае, ки дар Маскав боис ба марги ду зан шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳусейн Сомон, ҷавони 25-солаи тоҷикро баъд аз як рӯзи садамае дар Маскав, ки боис ба марги ду зан шуда буд, дастгир кардаанд.

Дар навори бозпурсии мақомот, ки маълум нест таҳти чӣ шароит сабт шудааст, ӯ рӯзи 24-уми март худро дар ин ҳодиса гунаҳкор донист, вале айни замон гуфт, тормози "Мерседес Бенс"-аш кор накард.

Ба қавли ҷавон, ӯ пас аз хӯрдани хӯроки шом ба хона бармегашт, вале машрубот нанӯшида буду мошинро бо суръати 60-70 километр дар соат меронд.

Ҳодиса шаби 23-юми март рух додааст. Муфаттишон гуфтанд, ҷавони тоҷик аз маҳалли ҳодиса фирор карда, танҳо пас аз як рӯзи ҷустуҷӯ боздошт шуд. Ҳусейн Сомон дар навори бозпурсӣ гуфт, ӯ фирор накарда, балки дар ҳолати "шок" буд ва мехост, аввал ба шифохона рафта, сипас худро ба мақомот таслим кунад.

Ба иттилои расонаҳои Русия, Сомон Ҳусейн мошини "Мерседес Бенс" (соли истеҳсолаш 2012)-ро чанд вақт пеш аз як нафари дигар харида, ҳанӯз ба номи худ сабт накарда буд.

Расонаҳои Русия бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ҷавон дар соли севуми Донишгоҳи техникии Маскав мехонд, аммо ба далели қарздорӣ аз имтиҳонҳо, аз мактаб хориҷ шуда буд.

"Московский комсомолец" рӯзи 24-уми март навишт, Ҳусейн Сомон бештар ба тенниси рӯйи миз машғул шуда, дар дарсҳо кам ҳузур меёфт ва бояд ба Душанбе бармегашт. Тасдиқи дурустии ин иддао, ки ӯ дар дарсҳо кам иштирок дошт, феълан аз манобеи дигар мушкил аст, аммо номи Ҳусейн Сомонро дар чанд мусобиқоти тенниси рӯйи миз дар Русия зикр кардаанд.

Нашрия навиштааст, Ҳусейн Сомон аз Душанбе аст ва модараш хонанишину падараш – ҳуқуқдон. Аз онҳо ном бурда нашудааст. То ин дам ба мо муяссар нашуд, ки пайвандонашро пайдо кунем ва мавқеи онҳоро бипурсем.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар робита ба садамаи маргбор парвандаи ҷиноӣ кушодаанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Қонунҳои Русия барои нақзи қоидаи ҳаракат дар роҳ, ки боис ба марги ду нафар ва ё бештар аз он шудааст, аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG