Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский даҳҳо шахсият ва сохторҳои русиро таҳрим кард


Президенти Украина Владимир Зеленский
Президенти Украина Владимир Зеленский

Украина даҳҳо мақомот ва сохторҳои Русия, аз ҷумла ширкатҳои тиҷоративу матбуотро таҳрим кард. Дар қарори рӯзи 23-юми март имзокардаи президент Владимир Зеленский исми 26 хориҷӣ ва 81 сохтор зикр шудааст, ки дар Украина дороиҳои онҳо масдуд шуда, худи онҳо ҳақи сафар ба Украинаро надоранд. Дар миёни матбуоти русии таҳримшуда дар Украина исми хабаргузориҳои RT, TASS, Gazea.ru, Lenta.ru ва дигарҳо ёд шудааст. Дар миёни ширкатҳои таҳримшуда исми ташкилоти азими бимаи “Росгосстрах” ва дигар ширкатҳое ҳам дида мешавад, ки дар Қрими соли 2014 аз ҷониби Русия ишғолшуда кор мекунанд.

Дар феҳристи афроди таҳримшуда мақомоти вазорати умури дохилӣ, хадамоти амният ва вакилони парлумон мебошанд. Дар миёни таҳримшудаҳо инчунин вакилони парлумони Фаронса ҳам ҳастанд, ки соли гузашта бидуни иҷозаи Украина ба Қрим сафар карданд. Аз замони ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия ва пуштибонии ин кишвар аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, Киев чандин дафъа шахсият ва сохторҳои русиро таҳрим кардааст.

XS
SM
MD
LG