Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирандозии Боулдери ИМА 10 нафар кушта шудаанд


Полис дар маҳалли тирандозӣ
Полис дар маҳалли тирандозӣ

Дар натиҷаи тирандозӣ дар фурӯшгоҳе дар шаҳри Боулдери Амрико камаш 10 нафар кушта шудаанд.

Додситони шаҳраки Боулдер дар иёлати Колорадо, Майкл Доферти, гуфт, муттаҳам ба тирандозиро, ки маҷруҳ шудааст, баъд аз ин ҳодиса дар рӯзи 22-юми март дастгир карданд.

Ба гуфтаи Марис Ҳеролд, сардори пулиси шаҳр, дар ҷараёни тирандозӣ афсари пулис Эрик Таллии 51-сола низ ҳалок шудааст. Ӯ аввалин маъмури пулис будааст, ки барои муқовимат ба марди туфангабадаст ба ҷойи ҳодиса омадааст.

Марис Ҳеролд гуфт: “Мо дар бораи 10 нафар кушта дар саҳнаи ҳодиса хабар дорем, аз ҷумла дар бораи марги як афсари пулиси Боулдер. Афсар Талли ба пеш аз ҳама ба ҷойи ҳодиса расида ва бо зарби тири туфанг кушта шудааст.”

Ӯ амалкарди афсарро на камтар аз қаҳрамонӣ номид. Дар як видеое, ки як хабарнигори маҳаллӣ дар Ютуб нашр кард, ҷасадҳое дар дохили фурӯшгоҳ ва таваққуфгоҳи мошин дида мешаванд.

Дар порае аз видео садои тир низ шунида мешавад. Дар видеое, ки дертар нашр шуд, ҳузури зиёди маъмурони пулис дар маҳалли тирандозиро мебинед. Маъмурони пулис дар бораи сабабҳои тирандозӣ чизе нагуфтаанд, ки мисли чанд тирандозиҳои ахир дар Амрико талафоти зиёд дошт. Марис Ҳаролд гуфт, ин як таҳқиқоти печида аст ва барои анҷоми он на камтар аз 5 рӯз зарур аст.

XS
SM
MD
LG