Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энтони Блинкен ба Брюссел меравад


Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳафтаи гузашта дар Токио, пойтахти Япония буд
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳафтаи гузашта дар Токио, пойтахти Япония буд

Энтони Блинкен, Котиби давлатии ИМА рӯзи 22-юми март барои мулоқот бо раҳбарияти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо ба Брюссел сафар мекунад. Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден дар талоши барқарор кардани робитаҳо бо ҳамкорони аврупоиашон мебошад. Ба иттилои Департаменти давлатӣ, қарор аст рӯзҳои 23 ва 24-уми март Блинкен бо вазирони хориҷаи узви НАТО ва дабири кулли ин паймони низомӣ Йенс Столтенберг дидору гуфтугӯ кунад. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ омадааст, ки мулоқотҳо дар Брюссел ба хотири “таҳкими ӯҳдадориҳои маъмурияти Байден дар заминаи тақвияти ҳамкориҳову иттиҳоди фароатлантикӣ тавассути НАТО” баргузор мешавад. Дар ҷаласаҳои Брюссел мавзӯъҳои Чину Русия, нақши НАТО дар Афғонистон, амнияти интернетӣ, мубориза бо терроризм, тағйироти иқлим, амнияти энергетикӣ ва дигар чолишҳои муштарак баррасӣ мешавад.

Инчунин Блинкен бо Урсула вон дер Лейен, раиси Комиссиюни Аврупо ва ҳам Жозеп Боррел, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар мавзӯъҳои мубориза бо COVID-19, тағироти иқлим ва тақвияти демократӣ сӯҳбатҳо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG