Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Покистон қатли як рӯзноманигорро дар сартарошхона таҳқиқ мекунад


Кумитаи Дифоъ аз Журналистон
Кумитаи Дифоъ аз Журналистон

Пулиси Покистон рӯзи 20-уми март гуфт, ки қатли як рӯзноманигорро дар вилояти Синд таҳқиқ мекунад. Ин кор баъди он сурат мегирад, ки Кумитаи Дифоъ аз Журналистон тафтиши мӯшикофонаи ҳодисаро талаб кард. Хабарнигори 31-сола, Аҷай Лалванӣ, ҳангоми будан дар сартарошхонае рӯзи 18-уми март ҳадафи тир қарор гирифт. Ошиқ Миронӣ, раиси пулиси минтақа, гуфт, Лалванӣ дертар дар беморхона даргузашт. Вай афзуд, ин хабарнигор барои телевизиони Royal News ва як рӯзнома кор мекард, аммо маълум нест, ки кушта шудани ӯ мустақим ба кори хабарнигорияш рабт дорад, ё не. Кумитаи Дифоъ аз Журналистон ин ҳодисаро маҳкум кард ва тақозо намуд, ки гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашанд.

XS
SM
MD
LG