Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико дар Ҳинд аз беҳбуди равобити низомӣ гуфт


Ллойд Остин
Ллойд Остин

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико, дар мулоқот бо Раҷнат Сингҳ, вазири дифои Ҳинд, беҳбуди равобити низомии ду кишварро баҳс кардааст. Мулоқот рӯзи 20-уми март дар Деҳлӣ баргузор шуд.

Сафари дурӯзаи Остин ба Ҳинд сафари нахустини як мансабдори аршади маъмурияти Ҷо Байден ба ин кишвар аст. Ба назар мерасад, Вашингтон дар пайи равобити беҳтар ва наздиктар бо муттаҳидонаш дар минтақа аст, то нуфузи Чинро дар онҷо суст кунад.

Пеш аз сафар ба Ҳинд, Ллойд Остин, вазири мудофиаи Амрико ҳамроҳ бо Энтони Блинкин, вазири корҳои хориҷии ин кишвар аз Ҷопону Куриё ҳам дидан карданд. Ду муттаҳиди муҳими дигар дар минтақа, ки ба далели фаъолиятҳои Чин зарар дидаанд.

XS
SM
MD
LG