Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мураббиро ба сӯзондани рӯйи кӯдакон дар Кӯлоб гунаҳкор донистанд. ВИДЕО


Бари рӯйи кӯдаконро кӣ сӯзонд?

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб як мураббии кӯдакистонеро дар ин шаҳр барои сӯзондани рӯйи ду кӯдак гунаҳкор донистааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми март гуфт, Рухсорамои Давлатро дар охири моҳи феврал бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ айбдор карданд, вале мушаххас нагуфтааст, ки ӯро чӣ ҷазо доданд. Ин моддаи қонун аз 11 ҳазор то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ва "маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол"-ро дар назар дорад.

Қаблан мураббӣ ва ҳамкоронаш гуфта буданд, касе рӯйи кӯдаконро насӯзондааст, балки онҳо ҳангоми бозӣ тасодуфан ба бухории гарм расидаанд. Ҳоло мавқеи онҳо ба хулосаи додгоҳ маълум нест.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми март гуфт, Рухсораи Давлат дар моҳи ноябри соли 2020 рӯйи ду кӯдак (яке чаҳорсола ва дигаре панҷсола)-ро "барои ором нишаста бозӣ кардан" бо "қошуқи гарм сӯзондааст". Ба иттилои расмӣ, ташхис нишон додааст, ки дар ин ҳодиса кӯдакон "зарари сабук" диданд.

Дар оғоз гуфта мешуд, дар ин ҳодиса чаҳор кӯдак осеб дидаанд, аммо дар парванда ва хулосаи додгоҳ дар бораи ду кӯдак суҳбат шудааст. Дар Маркази ташхиси тиббиву додгоҳии Кӯлоб низ номи ду хурдсолро зикр карданд.

Чанде аз сокинони шаҳри Кӯлоб моҳи ноябри соли гузашта иддао карданд, ки як мураббии кӯдаконистони рақами 1 ("Ориён") рӯйи фарзандони онҳоро "сӯзондааст". Ҳангома Юсуфова, мудири кӯдаконистон, рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка” ё бухорӣ бархӯрда, рӯяшон осеб дидааст.

Яке аз волидони кӯдакон бо шарти фош нашудани номаш гуфта буд, "чӣ хел чаҳор кӯдак бозӣ мекунаду месӯзад? Кӯдакон худашон қоил шуданд, ки мураббӣ бо қошуқ бари рӯяшонро сӯзондааст. Кӯдакон дигар намехоҳанд, ба боғча раванд. Мегӯянд, мураббӣ мезанад. Агар худашон мекарданд, то ин ҳад наметарсиданд."

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:

Хабарҳо дар бораи "бадрафторӣ" дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон хеле кам нашр мешаванд. Соли 2012 дар пайи шикояти волидон аз бадрафтории масъулони боғчаи бачагонае дар Душанбе чанд масъули муассиса аз кор ронда шуданд.

Соли 2018 зане дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба мақомот шикоят карда буд, ки кӯдаки 6-солааш “барои хабаркашӣ аз шароити бади боғча” аз ҷониби мураббие латукӯб шуда, дар натиҷа садояшро гум кардааст. Ин ҳодиса дар боғчаи “Андалеб” рух дода, фаъолияти он пурра қатъ гашта буд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли 2019 беш аз 660 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 102 175 кӯдак фаъолият кардаанд, вале на ҳамаи кӯдакон ба боғчаҳо роҳ меёбанд. Баъзе аз волидон мегӯянд, барои роҳ ёфтан ба кӯдакистонҳои давлатӣ муддатҳо дар навбат меистанд ва баъзан ночор фарзандони худро ба бочғаҳои пулакӣ медиҳанд.

Соли 2015 идораи маорифи Хатлон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят талаб карда буд, ки бинои 44 боғчаи кӯдаконро баргардонанд. Мушкиле, ки бо гузашти шаш сол зоҳиран ҳал нашудааст.

XS
SM
MD
LG