Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйи кӯдаконро дар Кӯлоб кӣ сӯзонд? Парвандаро ба додгоҳ мефиристанд. ВИДЕО


Бари рӯйи кӯдаконро кӣ сӯзонд?

Додситони Кӯлоб гуфт, ба зидди шахсе, ки ба сӯзондани рӯйи хурдсолон дар кӯдакистони шаҳр гумонбар аст, парванда кушоданд ва ба зудӣ барои муҳокима ба додгоҳ мефиристанд.

Ҳодиса моҳи ноябри соли 2020 дар боғчаи "Ориён" иттифоқ уфтод ва боис ба нигаронии волидон шуд. Масъулони кӯдакистон пофишорӣ доштанд, ки хурдсолон рӯяшонро ба бухории гарм "расондаанд".

Раҳмоналӣ Имомзода, додситони шаҳри Кӯлоб, охири ҳафтаи гузашта ба хабарнигорон гуфт, "ҳозир ман меомӯзам ва имзо мекунам, баъд парванда ба додгоҳ меравад."

Раҳмоналӣ Имомзода
Раҳмоналӣ Имомзода

Додситони Кӯлоб аз мурраббӣ ва ё шахси муттаҳам дар ин қазия ном набурд, вале гуфт, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ – "иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ" – айб эълон шудааст.

Дар оғоз гуфта мешуд, дар ин ҳодиса чаҳор кӯдак осеб дидаанд, аммо дар парванда дар бораи ду кӯдак суҳбат шудааст. Дар Маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ низ номи ду хурдсолро зикр карданд.

Ғолиб Шарифов, сардори Маркази тиббиву додгоҳӣ дар Кӯлоб, гуфт, "мутахассиси мо бо намояндаи додситонӣ 17 нафарро санҷиданд. Рӯйи ду нафар сӯхтааст. Бале, бари рухсораашон бо қошуқи гарм сӯзонда шудааст."

Чанде аз сокинони шаҳри Кӯлоб моҳи ноябри соли гузашта иддао карданд, ки як мураббии кӯдакистони "Ориён" рӯйи фарзандони онҳоро "сӯзондааст". Мураббие, ки волидон ба озори кӯдаконашон гумонбар медонистанд, он замон гуфт, "кӯдакон рӯйи худро сӯзондаанд, на каси дигар" ва афзуд, "баъд аз он ки дидам рӯяшонро сӯзондаанд, дарҳол малҳам овардам ва молидам."

Ҳангома Юсуфова, мудири кӯдаконистони рақами 1-и шаҳри Кӯлоб (Ориён), рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакон ҳангоми бозӣ ба "печка” ё бухорӣ бархӯрдаанд ва рӯяшон осеб дидааст.

Яке аз волидони кӯдакон бо шарти фош нашудани номаш гуфта буд, "чӣ хел чаҳор кӯдак бозӣ мекунаду месӯзад? Кӯдакон худашон қоил шуданд, ки мураббӣ бо қошуқ бари рӯяшонро сӯзондааст. Кӯдакон дигар намехоҳанд, ба боғча раванд. Мегӯянд, мураббӣ мезанад. Агар худашон мекарданд, то ин ҳад наметарсиданд."

Наворро инҷо бинед:

Парвандаи азияти кӯдакон дар кӯдакистон Кӯлобро додгоҳ муҳокима хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Хабарҳо дар бораи "бадрафторӣ" дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон хеле кам нашр мешаванд. Соли 2012 дар пайи шикояти волидон аз бадрафтории масъулони боғчаи бачагонае дар Душанбе чанд масъули муассиса аз кор ронда шуданд.

Соли 2018 зане дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба мақомот шикоят карда буд, ки кӯдаки 6-солааш “барои хабаркашӣ аз шароити бади боғча” аз ҷониби мураббие латукӯб шуда, дар натиҷа садояшро гум кардааст. Ин ҳодиса дар боғчаи “Андалеб” рух дода, фаъолияти он пурра қатъ гашта буд.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли 2019 беш аз 660 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 102 175 кӯдак фаъолият кардаанд, вале на ҳамаи кӯдакон ба боғчаҳо роҳ меёбанд. Баъзе аз волидон мегӯянд, барои роҳ ёфтан ба кӯдакистонҳои давлатӣ муддатҳо дар навбат меистанд ва баъзан ночор фарзандони худро ба бочғаҳои пулакӣ медиҳанд.

Соли 2015 идораи маорифи Хатлон аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии вилоят талаб карда буд, ки бинои 44 боғчаи кӯдаконро баргардонанд. Мушкиле, ки бо гузашти шаш сол зоҳиран ҳал нашудааст.

XS
SM
MD
LG